28 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ доир намуда, маҷмӯи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар робита ба ин, президентҳо ба хатари ба таври бесобиқа паҳн гардидани коронавируси нав ва вазъи кунунии ҳассоси ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи ин зуҳуроти хатарбор ба вуқӯъ пайвастааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Ба ин манзур, зарурати идомаи ҳамкориҳои зич дар ҳалли масъалаҳои гирифтани пеши роҳи паҳншавии фаромарзии минбаъдаи ин бемории сироятӣ ва аҳамияти ҳамоҳангии бештари талошҳои муштарак дар минтақа ба хотири роҳ надодан ба таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар, инчунин, тақвият бахшидан ба ҳамдастиву дастгирии дохилиминтақавӣ таъкид гардид.
Сарвари давлат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар ин ҷода роҳандозӣ намудани иқдомҳои муштарак бо кишварҳои минтақа иброз дошт.
Роҳбарони давлатҳо, ҳамчунин, ҷанбаҳои гуногуни маъалаҳои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Зарурати вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссияи муштарак ва гурӯҳҳои кории ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ махсус таъкид карда шуд.
www.president.tj