Пешниҳод

Барои рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чӣ бояд кард?

№40 (4146) 02.04.2020

Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» қадами ҷиддиест дар роҳи расидан ба фардои босубот ва мутараққӣ. Бо ин фармони таърихӣ Роҳбари давлат дар назди аҳли маориф ва ҳар як шаҳрванди мамлакат вазифаи мушаххас гузоштанд, ки иҷрои он, бешубҳа, дар пешрафти иқтисодиёт, илм, техника ва саноат нақши ҳалкунанда мебозад.

Маълум аст, ки бе пешравии илму техника, технологияи муосир ва кадрҳои баландихтисоси ин соҳаҳо мамлакатро дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон баровардан мушкил аст, зеро пешбарандаи асосии соҳоти гуногуни мамлакат ҷавонони босаводу болаёқат, хусусан дар соҳаи фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ мебошад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» маблағгузории калон, ҷалби сармояи хориҷӣ, саҳмгузории соҳибкорони ватаниро тақозо мекунад.

Бешубҳа, мутасаддиёну олимон ва муассисаҳои дахлдор дар ин самт  нақшаи чорабиниҳо, корҳои мушаххасро анҷом дода истодаанд. Аммо ба хотири боз ҳам беҳтар намудани омӯзиши фанҳои зикршуда беҳтар мешуд, ин ­масъаларо аз  тариқи оммавӣ баррасӣ карда, фикру андешаи мураббиёни боғчаҳо, омӯзгорони ботаҷрибаи МТМУ, миёнаи махсус ва донишкадаву донишгоҳҳоро ба назар гиранд. Ҳамчунин, имкониятҳои воситаҳои ахбори оммаро истифода бурдан, суҳбати гирди миз ташкил кардан ба мақсад мувофиқ аст.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки аз лиҳози зиёдшавӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Ин дар навбати аввал талаботи афзоянда ба мактаб ва  синфхонаҳоро ба миён меорад. Маълум, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳалли ин мушкил кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Бо вуҷуди ин, аз меъёр зиёд будани хонандагон дар МТМУ андешидани тадбирҳои таъҷилии иловагиро талаб мекунад. Кифоя аст зикр кунем, ки айни ҳол дар синфхонаҳо, хусусан дар шаҳрҳои калони мамлакат,  шумораи хонандагон на кам аз 40 нафарро ташкил медиҳанд. Ин нукта низ муҳим аст, ки дар МТМУ- и шаҳрҳо ҳар сол шумораи синфҳои якум ба 10-12  мерасад. Ба ҳар синф на кам аз 40 хонанда рост меояд, ки ба сифати таълиму тарбияи хонандагон таъсири манфӣ мерасонад.

Аз тарафи дигар, баъди 5-6 сол шумораи синфҳои болоии мувозӣ дучанд зиёд мешавад (ҳозир синфҳои болоӣ 4-5 — тоӣ ҳастанд), он гоҳ нарасидани мактабҳо, омӯзгорони баландихтисоси фанни риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ, китобҳои дарсӣ ба миён меояд. Ба ин хотир, тезонидани суръати сохтмонҳои МТМУ, вобаста ба ин тайёр намудани омӯзгорони баландихтисос, зиёд кардани китобҳои дарсӣ талаби замон мебошад.

Такмили дониши хонандагон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ пурра ба таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо дар МТМУ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ рабт  дорад. Ба роҳ мондани маҳфили дӯстдорони фанҳои физика, кимиё, риёзӣ, шоҳмот, техникҳои ҷавон, захираҳои олимпӣ ва амсоли онҳо муфид буда, тавсеаи равобити МТМУ бо донишкадаву донишгоҳҳо талаботи замон аст.

Барои тайёр намудани мутахасисони ҷавон дар соҳаи саноат, сохтмон ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ меҳри насли наврасро ба кор бедор бояд кард. Ҳамчунин, комбинатҳои таълимӣ дар назди МТМУ, ҳамкории заводу фабрика ва дигар корхонаҳои  истеҳсолиро бо мактабу донишкадаҳо барқарор намудан лозим аст. Амалӣ гаштани ин корҳо имконият медиҳад, ки мактаб ба хонаи дуюми хонандагон табдил ёбад. Илова бар ин, замина фароҳам мегардад, ки ҷавонон аз паи ҷустуҷӯи илму дониш шаванд, фикронии аналитикӣ ва техникиро ривоҷ диҳанд ва минбаъд илми омӯхтаро дар истеҳсолот амалӣ гардонанд.

Барои боз ҳам баланд бардоштани омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар МТМУ ба қадри имкон кам кардани соатҳои дарсии дигар фанҳо ва  аз ҳамин ҳисоб зиёд шудани соатҳои фанҳои зикршуда имконияти бештар азхудкунии онҳоро ба вуҷуд меорад. Дар донишкадаву донишгоҳҳо ду маротиба кам кардани фанҳое, ки ба ихтисоси донишҷӯ камтар алоқа дорад, ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин ба он маъност, ки агар донишҷӯ ихтисоси муҳандис, агроном ва дигар соҳаи ба истеҳсолот алоқамандро интихоб карда бошад, соатҳои омӯзиши фанҳои тахассусиро зиёд карда, омӯзиши фанҳои гуманитариро кам намоем.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, хатмкунандагоне, ки аз фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ баҳои аъло гирифтаанд ва завқи дар чунин соҳаҳо фаъолият карданро доранд, бо қарори якҷояи шӯрои педагогӣ ва падару модарон бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бе имтиҳон ба шуъбаҳои буҷавӣ қабул гарданд. Инчунин, барои боз ҳам васеъ аз худ намудани фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар ҷумҳурӣ кушодани донишгоҳҳои физика-техникӣ, механика- математикӣ, кимиё-технологӣ аз ҳисоби факултетҳои номбурдаи донишгоҳҳо зарур аст.

Албатта, дониши хонандагони МТМУ, толибилмони донишкадаву донишгоҳҳо ба малака ва таҷрибаи омӯзгорон, алоқаманд аст. Аз ин рӯ, давра ба давра гузаронидани аттестатсия аз тарафи комиссияи бетараф бо иштироки мутахассисон, консултантҳо ва экспертҳои хориҷӣ ба пешрафти кор мусоидат менамояд.

Дар робита ба Фармони Президенти мамлакат таъсиси «Маркази илмӣ — техникии ҷавонон» (Академияи хурд) дар пойтахти кишвар ба манфиати кор хоҳад буд. Дар баробари бунёди «Маркази илмӣ-техникии ҷавонон» эъмори «Қасри муаллимон» бо инфрасохтор барои амалӣ кардани пешниҳодҳои ироашуда зарур аст.

Шамсиддин ТОШТЕМИРОВ,

омӯзгори фанни математикаи МТМУ 28-и шаҳри Душанбе