Муъминобод. Оё 6 компютер барои 177 хонанда кам нест?

№40 (4146) 02.04.2020

davДар ҷаҳони муосир фаъолият ва рушди соҳаи маорифро бе истифодаи воситаҳои технологияи информатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар иддае аз муассисаҳои таълимии навоҳии кӯҳистон норасоии компютер ва ҷойҳои нишаст ба назар мерасад. Шароити таълиму тарбия низ дар баъзе аз муассисаҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ нест.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 — и ба номи Мирзо Турсунзодаи деҳаи Сангдараи ноҳияи Муъминобод аз ҷумлаи онҳост. Бинои он соли 1977 сохта шудааст.

Директори муассиса Пиримшо Саҳроев гуфт, ки айни замон дар муассиса 430 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 28 нафар омӯзгор таълим медиҳанд.

- Аз рӯзи директори мактаб таъин гардиданам, се моҳ гузашт. Ҳоло дар муассиса 7 компютер мавҷуд аст, ки 1 ададаш дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад. Аз шумораи умумии хонандагони мактаб 177 нафарашон, яъне, аз синфи 7 то 11, фанни технологияи компютерӣ меомӯзанд, ки ба ҳар компютер 19 нафар хонанда рост меояд. Оид ба ин масъала ба шуъбаи маорифи ноҳия мактуб кардем. Худо хоҳад, мушкил бартараф мегардад, — гуфт П. Саҳроев.

sdrМактаб, ки аз ду бинои таълимӣ иборат аст, дар ҳолати начандон хуб қарор дорад. Аз ҳам рехтани деворҳои китобхона ва ошхонаи он ҳам, ки дар ҷойи номувофиқ қарор гирифтаанд, аз эҳтимол дур нест.

Ба қавли П. Саҳроев, аз ҳолати кунунии муассиса мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мудири шуъбаи маориф огоҳанд. Ваъда доданд, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, яъне, то соли 2021, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ мактаби нави замонавӣ ба истифода дода мешавад.

Вале, ба андешаи инҷониб, масъулон барои аз вазъият канор рафтан шояд ваъда медиҳанд. Ё шояд ман хато мекунам? Инро вақт, ки довари ҳақгӯст, нишон медиҳад ва мо ба ин мавзӯъ боз хоҳем баргашт.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»