Моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд бахшида шудааст. Муносибатҳои дар ин самт бамиёномада ба воситаи санадҳои меъёрӣ танзим мегарданд, ки асоси онро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Мутобиқи моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо асоси ҷамъият эътироф намуда, нисбати ҳар як узви оила, аз ҷумла фарзандон, ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур баъди Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷойи асосиро ишғол менамояд. Таълиму тарбия кори душвору мураккаб ба шумор рафта, фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо мекунад.
Чунин масъулият, тавре дар моддаи 1 қонуни мазкур омадааст, муштаракан ба дӯши падару модар, омӯзгор, давлату ҷомеа вогузор шудааст, зеро дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд мувофиқи мақсад таълиму тарбия намудани насли наврас мароми асосии падару модар ва давлату ҷомеа мебошад.
Ба ин хотир, дар қонуни мазкур масъалаи хеле муҳим — тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудааст, то тавонем дар ҷомеаи имрӯз кӯдакони солим, боодобу фозилро тарбия намоем. Тавре аз талаботи қонун бармеояд, хонавода масъули асосии тарбияи кӯдак мебошад.
Ҳамзамон қонунгузор муайян намудааст, ки падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд масъул ва ҷавобгар мебошанд. Чораҳои пешгирӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд воситаҳое мебошанд, ки қонунгузор бобати таъмини меъёрҳои қонунҳои амалкунанда пешбинӣ менамояд.
Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ин меъёр ва талаботи қонун дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби волидайн риоя намешавад. Аз сабаби аз назорати волидайн дур мондан, наврасон ба ҷойи таълим гирифтан кӯчагардӣ, дарсгурезӣ карда, ба корҳои беҳуда машғул мешаванд. Маълум, ки дар сурати пешгирӣ накардани чунин беназоратӣ онҳо даст ба амалҳои ношоям, ҳатто ҷиноят мезананд.
Ҳангоми тафтиш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян гардид, ки баъзе хонандагон ба дарсҳо бо телефонҳои мобилӣ меоянд, дар кӯчаю хиёбонҳо беҳудагардӣ мекунанд, ба бозиҳои компютерӣ машғул мешаванд. Чунончӣ, толибаи яке аз мактабҳои ноҳияро кормандони милитсия дар боғ ҳангоми беҳудагардӣ ба шуъба оварданд. Ӯ мебоист дар ин вақт дарс мехонд.
Дар ҳудуди мактаб бо телефони мобилӣ машғул шудани хонандагон низ аз назари кормандони милитсия пинҳон намонд. Падару модарони онҳо мутобиқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои гуногун ҷарима шуданд.
Барои ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надодан аз ҷониби падару модар мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо уҳдадорӣ, балки қарзи инсонии ҳар як падару модар мебошад. Ҳамчунин тибқи моддаи 464 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оворагардӣ, рафтори дигари зиддиахлоқӣ, талбандагӣ ва ғайра машғул шудани фарзанд боиси ҷавобгарии маъмурии падару модар мегардад. Дар ҳамин робита баъзе падару модарон барои ба чунин амалҳои нодуруст машғул шудани фарзандонашон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Дар ин радиф, ҳамкории мутақобилаи омӯзгорон ва падару модарон самарабахш аст, зеро фарзанд дар ин муҳит беҳтар таълим ва тарбия мегирад. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки чунин робита миёни оила ва муассисаҳои таълимӣ чандон қавӣ нест. Кори тарбиявӣ дар мактабҳо беҳбудиро тақозо менамояд. Чунончӣ, дар мурофиаи судӣ парванда оиди ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани волидайни хонандаи мактаб барои он мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ӯ дар рафти дарс омӯзгорро дашноми қабеҳ додааст. Чунин муносибати хонанда, бешубҳа, боиси нигаронист. Аз ин рӯ, моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарро уҳдадор менамояд, ки донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат намояд. Таҷриба низ собит сохтааст, ки маҳз он хонандае ҳамаҷониба пеш меравад, ки дар оила ва мактаб зери таваҷҷуҳ ва назорат қарор дошта бошад.
Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар таълиму тарбияи фарзандро аз вазифаҳои муҳим мешуморанд.
Дар ин раванд кормандони мақомоти судӣ низ вазифадоранд. Аз ҷониби кормандони масъули мақомот дар мактабу муассисаҳои таълимӣ талабот ва меъёрҳои қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба таълиму тарбияи насли наврас ҳамаҷониба фаҳмонида мешавад.
Неъматулло ХОҶАЕВ, судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»