Мутобиқи моддаҳои 49 ва 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъин карда шаванд:
Раҳимӣ Фарҳод – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
Дӯстзода Ҳасан Тағдир – раиси ноҳияи Нуробод;
Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир – раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон;
Ҷабборӣ Бурҳониддини Исҳоқ – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 апрели соли 2020, № 1519