Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Истифодаи пасвандҳои -ов, -ова, -ев, -ева, -овна, -евна, -ович, -евич дар насабсозӣ манъ мегардад

№54 (4160) 02.05.2020

Бисту нуҳуми апрели соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор шуд.

DSC_1788РАИС: Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 55 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2020»

2. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино»

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дода мешавад. Марҳамат!

Маҷидӣ Юсуф Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», дар асоси супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия дар мувофиқа бо дигар вазорату идораҳои масъул таҳия гардидааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таъмини амнияти озуқаворӣ, сарсабзу зебо намудани кишвар, эҳёи ҳунарҳои қадимтарини мардум, таъмини соҳаи кишоварзӣ бо техникаи кишоварзии истеҳсоли ватанӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, мусоидат ба раванди сохтмони 10 адад қароргоҳ барои меҳмонони сатҳи олӣ ва вусъат бахшидан ба сохт­мони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст, ки талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ ба тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ рӯз аз рӯз афзун гардида, таъмини онҳо бо тухмии воридотии хушсифат барои баланд гардидани ҳосилнокӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот мусоидат менамояд. Илова бар ин, бо мақсади сарсабз намудани кишвари азизамон ва дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ ҳар сол зарурати аз хориҷи кишвар ворид намудани дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо ба миён меояд.

Ҳамчунин, маврид ба зикр аст, ки соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он, ки аз ҷумлаи ҳунарҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба шумор меравад, рушди он як муддат дар кишвар коҳиш ёфт. Аз ин рӯ, пешбинӣ намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ нисбат ба воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ба баланд намудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи пиллапарварӣ ва сарсабзу зебо намудани кишвари азизамон, инчунин, дигар манотиқи ҷумҳурӣ, мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, бо мақсади таъмини рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ба истифода супоридани 10 қароргоҳ барои қабули меҳмонони сатҳи олӣ то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи қонуни мазкур аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва таҳвили минбаъдаи техникаю мошинолоти кишоварзии истеҳсоли Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис», воридоти як адад чархболи тамғаи «Airbus» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр», инчунин, воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди 10 қароргоҳ дар шафати бӯстонсарои ҳукуматӣ, пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, бо мақсади ҷоннок намудани раванди сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои шартномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод намудани иҷрои кор ва хизматрасонии намояндаи фармоишгар-консортсиуми «Tractebel Engineering S.A.» ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани зерпудратчиёни консортсиуми мазкур, дар назар аст. Аз ин лиҳоз ва бо дарназардошти хусусияти хоси масъалаҳои болозикр, аз шумо, муҳтарам вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода мешавад. Марҳамат.

ХОЛИҚЗОДА Ҳоким Ҳикматулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бояд зикр кард, ки тағйиру иловаҳои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2020» ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» яъне, «Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида барои соли 2020», ворид карда мешаванд.

Дар лоиҳаи қонун тағйирот ба қисми 13 моддаи 15 ворид ва инчунин, ба ин модда қисмҳои 14, 15, 16 ва 17 илова карда мешаванд, ки аз тадбирҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди сайёҳӣ ва дастгирии соҳаи кишоварзӣ буда, дар оянда метавонад ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар самар расонад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия бо иштироки раисон ва масъулини кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва субъектоне, ки аз имтиёзҳои додашуда дар оянда истифода мебаранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, барои такмил якчанд таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аксарият қабул гардида, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дода мешавад. Марҳамат!

Маҷидӣ Юсуф Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2» мутобиқи муқаррароти амалкунандаи қонунгузории кишвар, 28 ноябри соли 2019 ба имзо расонида шуд. Дар асоси он ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2» аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 2,2 млн. евро (баробар ба 2,5 млн. доллари амрикоӣ) маблағ ҷалб карда мешавад.

Ҳаҷми умумии маблағи бо ин мақсад ҷалбшаванда 5,0 млн. доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод, ки аз он 2,5 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ ва 2,2 млн. евро (баробар ба 2,5 млн. доллари амрикоӣ) маблағҳои грантӣ мебошад. Барои татбиқи лоиҳа, инчунин, ҷудо намудани 910 ҳазор доллари амрикоӣ барои таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа, ҳамчун кумаки техникӣ, пешбинӣ, шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардош­тани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа анҷоми корҳои зерин, аз ҷумла харидории техникаи махсус барои партовҳои сахти маишӣ, харидории контейнерҳо барои партовҳои сахти маишӣ, таҷдиди нуқтаҳои ҷамъкунии партовҳои сахти маишӣ, насбнамоии таҷҳизот барои коркарди партовҳо, васеъкунии макони ҷойгиршавии партовҳои сахти маишӣ, инчунин, маблағҳои хизматрасонии комиссиявӣ пешбинӣ шудааст.

Татбиқи лоиҳа аз моҳи июли соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми он моҳи декабри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Бояд қайд кард, ки созишномаҳои қарзӣ, кафолатӣ ва дастгирии лоиҳаи мазкур 21 июни соли 2017, таҳти рақамҳои 831, 832 ва 833 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Бо мақсади дар муҳлати муқарраршуда амалӣ гардидани лоиҳаи зикргардида аз шумо, муҳтарам вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаи грантии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба ҳамин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Обидов Фозил Саидович дода мешавад. Марҳамат!

Фозил ОБИДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии  нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2» дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии он ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, коркарди партовҳои сахти маишӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизмат­расонӣ, бартарафсозии таъсири экологӣ ба шаҳрвандон ва беҳтар намудани вазъи санитарию экологии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Созишномаи грантии мазкур ба маблағи умумии 2, 5 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуда, амалишавии он корҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- харидории техникаи махсус барои партовҳои сахти маишӣ;

- харидории контейнерҳо барои партовҳои сахти маишӣ;

- таҷдиди нуқтаҳои ҷамъкунии партовҳои сахти маишӣ;

- насбнамоии таҷҳизот барои коркарди партовҳо;

- васеъкунии макони ҷойгиршавии партовҳои сахти маишӣ;

-  маблағҳои хизматрасонии комиссионӣ.

Созишномаи мазкур яке аз лоиҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, ба «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» ва «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» ворид карда шуда, онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат!

АШУРИЁН Музаффар Қурбонмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, дар иртибот ба иҷрои банди 14 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 баён доштанд ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябри соли 2019 тасдиқ карда шудааст, таҳия гардид.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд: «Эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ ва ба танзим даровардани онҳо яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии мо мебошад. Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили нерумандии ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад».

Дар асоси ин гуфтаҳо, лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки муқаррароти меъёриро оид ба номи шахс ва тартиби сабти насаб, ном ва номи падар дар бар мегирад, муайян менамояд. Аз ҷумла, тағйирот ба қисмҳои 3, 4 ва 6 моддаи мазкур тааллуқ дошта, дар як вақт ба ин модда қисми 12 (нав) илова карда мешавад.

Мутобиқи сархати якум, ба қисми 3 моддаи мазкур пас аз калимаи «ташаккулёфта» калимаҳои «бе истифодаи пасвандҳои -ов, -ова, -ев, -ева мутобиқи қисми 4 моддаи мазкур» илова карда шуда, минбаъд насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ё номи падари падар ташаккулёфта бе истифодаи пасвандҳои -ов,- ова,- ев, -ева сабт карда мешавад.

Тибқи сархати дуюми лоиҳа, аз қисми 4 калимаҳои «аз номи падар, номи падари падар ё решаи насаби ӯ» хориҷ карда шуда, пас аз пасванди «-фар» аломат ва пасвандҳои «, -пур, -духт» илова карда мешаванд.

Мутобиқи тағйироти мазкур, ҳангоми ташаккул ёфтани насаби шахс мумкин аст пасвандҳои «, -пур, -духт» низ дар баробари пасвандҳои «-ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, — ниё, -фар» истифода шаванд.

Қисми 6-уми модда, ки тартиби ташаккулёбии номи падарро муайян менамояд, дар таҳрири нав пешниҳод шудааст ва тибқи он: «6. Номи падар бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳандаи -зод, -зода, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул меёбад. Истифодаи пасвандҳои -овна, -евна, -ович, — евич дар номи падар манъ аст».

Мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, ба моддаи 20 қисми 12 илова карда шуда, дар асоси он, дар сурати гуногун будани миллати падару модар, насаби кӯдак, бо мувофиқаи падару модар бо насаби падар ё модар, тибқи талаботи қисми 11 моддаи мазкур, сабт карда мешавад.

Бояд зикр кард, ки моддаи 20 қонуни мазкур аз 11 қисм иборат буда, даҳ қисми он ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки миллаташон тоҷик мебошанд, тааллуқ дошта, қисми ёздаҳум ва қисми дувоздаҳуми иловашаванда тартиби номгузории кӯдак ва ташаккули насаби ӯро дар сурати гуногун будани миллати падару модар ба танзим медарорад ва ҳамчун меъёри истисноӣ ва кафолатӣ нисбат ба намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷотро талаб намекунад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холмаҳмадзода Солеҳа дода мешавад. Марҳамат.

Солеҳа Холмаҳмадзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ якҷо бо дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 23 апрели соли ҷорӣ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилрабо Мансурӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил 14 пешниҳод манзур карданд, ки қабули онҳо лоиҳаро мукаммал гардонид.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин рӯ, вакилони арҷманд, аз шумо хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии шумо ­масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» пешниҳод мешавад. Доир ба масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад. Марҳамат!

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум Салимзода Олим, Давлатзода Муродулло, Бобоева Гулнора, Нуралӣ Риоев ва Саид­ҷаъфар Усмонзода пешниҳод гардидааст.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2019, №2407 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, дар маҷмӯъ, ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, ҷиҳати такмил 18 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 14 таклиф пурра ва 4 таклиф қисман қабул гардиданд.

Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонун дар он аст, ки ба ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ бо таҷрибаи байналмилалӣ ба стандартҳои байналмилалии эътирофшуда дар соҳаи кино мусоидат менамояд. Зеро дар қонунгузории амалкунанда меъёри индекскунонии филмҳо мутобиқи синну сол ҳаст, вале доираи амали он хеле маҳдуд аст, ки ҳангоми пахши филмҳо қариб ба чашм намерасад.

Бо пешниҳод ва дастгирии лоиҳаи қонуни мазкур, дар қонунгузорӣ таснифоти филмҳо аз рӯи синну сол ба шакли сода ва оммафаҳм пешниҳод мегарданд (мисол 0+, 6+, 12+, 16+, 18+). Баъди дастгирӣ ёфтани лоиҳа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои намоиш ё паҳн кардани филм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд, уҳдадоранд тамошобинонро пеш аз пахши филм дар бораи категорияи синнусолии он хабардор намоянд.

Ҳамчунин, дар лоиҳа як қатор тағйироти имлоӣ, забонӣ ва муайянкунанда пешбинӣ шудааст, ки барои оммафаҳм гардонидан ва мутобиқ намудани он ба қонунгузории соҳавӣ мусоидат мекунад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Кӣ оид ба масъалаи мавриди баррасӣ савол дорад ё сухан гуфтан мехоҳад? Сухан ба вакил аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад. Марҳамат.

ҒАФФОРОВ Абдуҳалим:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсати давлатиро дар рушди ин соҳаи бузургу тақдирсоз муайян мекунад. Зеро аз ҳама санъатҳо, санъати муҳимтарин, ки сиёсати давлатиро дар амал татбиқ мекунад, кино ба шумор меравад.

Кино мактаби бузургест, ки дар рушди ахлоқи ҳамида, сифату сиришт, покдоманию покгуфторӣ, накухислатию накугуфторӣ, ростқавлию покрафтории насли наврас саҳми ҳалкунанда мебозад.

Дар тӯли асрҳо фарзандони баруманд ва равшанзамири миллати куҳанбунёди тоҷик бо хиради равшанзамир ва заковати дурандеш роҳҳои санглоху мушкилгузарро тай карда, барои бунёди давлати адолатхоҳона бо афкори бузургашон, на танҳо тамаддуни Шарқ, балки Ғарбро низ бою ғанӣ гардонида, арзишҳои миллии миллати тамаддунофари тоҷикро ба оламиён маълуму машҳур гардониданд.

Аз ин лиҳоз, аз рӯи синну сол таснифот намудани моддаи 16 лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ боиси дастгирист. Он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки соҳиби иҷозатнома мебошанд, уҳдадор мекунад, ки тамошобинро пеш аз пахши филм дар бораи гурӯҳи синну соли онҳо хабардор намояд, зеро ба ҳар синну сол мувофиқ будани филм омили муҳимтарини такомулёбӣ, зебоифаҳмӣ ва ватанпарастӣ ба шумор меравад:

а) кӯдакони то синни 6 — сола

Кӯдакон то синни 5 — солагӣ аз олами реалӣ он қадар дониш мегиранд, ки минбаъд дар тамоми умр онро гирифта наметавонанд. Бинобар ин, бояд ҳамин хусусиятҳоро ба назар гирифта, филмҳое офарем, ки олами маънавии онҳоро софу беғубор гардонад, зеро ин давраи синни хурди кӯдакӣ аст;

б) то синни 12- сола давраи рушди наврас ба шумор меравад. Ин давраи орзую омол ва пайравии онҳо ба шахсони варзидаю машҳур мебошад. Филмҳои ин давра бояд ҷавобгӯ ба ҳамин давраи синну сол бошад;

в) то 18-сола давраи рушди ҷавонӣ

Ин марҳилаи ҳассос дар илми равоншиносию педагогӣ давраи тавлиди дуюм ба ҳисоб меравад. Агар ин давра аз зери назари тарбияи оила, мактаб ва ҷомеа дур монад, боис ба вайрон шудани ахлоқ ва маънавият гардиданаш аз имкон дур нест. Барои ин синну сол филмҳое бояд офарида шавад, ки ҳаёти ин гуна ҷавононро пурра ва ҳаматарафа дар бар гирад.

Азбаски қонуни амалкунанда барои бартараф кардани омилҳое, ки барои ҳаматарафа инкишоф ёфтани насли наврас монеа ба вуҷуд меорад, барои рафъашон пешниҳод мекунам:

1. Барои синну соли гуногун аз ҷиҳати равоншиносӣ, педагогӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ офаридани филмҳои мувофиқ;

2. Манъ кардани офаридану пахши ҳама гуна филмҳое, ки ба арзишҳои миллӣ бегона буда, ба тарбияи насли наврас зарари моддию маънавӣ мерасонанд;

3. Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қонун ҳамчун соати тарбиявӣ омӯзонида шавад;

4. Мутасаддиён ва вакилони дигар кумитаҳо тавассути радиою телевизион шарҳи моҳият ва мазмуни қонунро васеъ роҳандозӣ намоянд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи интихоби намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат!

МУРТАЗОЗОДА Ҷамшед Сайдалӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳамкасбони гиромӣ!

Мутобиқи моддаҳои 36 ва 42 Қонуни конститутсионии ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 30 банди 503 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб мешавад.

Аз ин лиҳоз, ба баррасии Маҷлиси намояндагон барои интихоб намудан ба мақоми намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии АзимзодаТолибхон Ситамурод пешниҳод карда мешавад.

Муҳтарам Азимзода Толибхон Ситамурод зиёда аз 30 сол дар вазифаҳои пурмасъули мақомоти прокуратура фаъолият намудааст, қонунгузории мамлакатро хуб медонад. Бовар дорем, ки дар иҷрои вазифаи масъул ва мустаҳкам намудани қонунияти конститутсионӣ ҳиссаи сазовор мегузорад.

Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо хоҳиш мекунад, ки ба ҷонибдории қабули лоиҳаи қарори пешниҳодшуда овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб намудани Азимзода Толибхон Ситамурод ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзнома ворид гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ баён мекунам.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида ­эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ