Суҳбатҳои телефонӣ

№57 (4163) 09.05.2020

Панҷуми майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон ҳодисаҳо дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекис­тонро, ки он ҷо сарбанди обанбори Сардобин рахна шудааст, бо ҳамдардии амиқ пайгирӣ мекунанд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ин рӯзҳо халқи тоҷик бо дилу ҷон дар паҳлуи халқи бародари ӯзбек қарор дорад.

Сарони давлатҳо авзои кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъяти ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд. Дар ин замина, Президенти Тоҷикистон ва Президенти Ӯзбекис­тон омодагии худро барои амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи ҳолатҳои буҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.

Сарони давлатҳо, инчунин, оид ба рӯзномаи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ба манфиати ду халқ чораҳои таъхирнопазир меандешанд.

Президенти Тоҷикистон ба Президент ва ба мардуми Ӯзбекис­тон саломатӣ ва бурдборӣ таманно намуданд.

******

Шашуми майи соли 2020 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо якдигар ва мардуми кишварҳои худро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуданд.

Сарони ҳар ду давлат алоқамандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷониба иброз доштанд. Дар робита ба ин изҳори умед карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ дар муҳлати муқарраршуда баргузор мегардад.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат оид ба масъалаҳои ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, дар пасманзари  паҳншавии пандемияи коронавирус мавзӯи зуҳуроти буҳрониро дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин зимн ҷонибҳо оид ба иқдомҳо ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Эрон изҳори ҳамдардиву тасаллият ва ба ҳамаи беморон шифои комил орзу намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои қотеъона ва саривақтии ҷониби Эрон дар мубориза бо ин бемории сироятӣ баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин, аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз пандемия ва оқибатҳои он таъкид гардид.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аҳамияти андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади паст кардани сатҳи таъсири манфии пандемия ба ҷараёни рушди онҳо таъкид гардид.

Бо дарназардошти таҷрибаи ғанӣ дар мубориза бо паҳншавии пандемияи коронавирус Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои расонидани кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, бо таҷҳизот, мутахассисони соҳавӣ ва маводи доруворӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар рафти суҳбат, инчунин, дигар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилаливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор ­доштанд.

*****

Ҳафтуми майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони давлатҳо вазъи кунунии беҳдоштӣ-эпидемиологӣ дар ҷаҳонро баррасӣ намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъияти ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Ҳукумати Озарбойҷон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар шакли лавозимоти тиббӣ изҳори сипос карданд.

Зимни суҳбат сарони давлатҳо, инчунин, оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандӣ ва омодагиро барои густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни кишварҳо таъкид карданд.

Сарони давлатҳо барои пешбурди ҳамкориҳо баҳри инкишофи мубодилаи мутақобилаи мол ва ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ ба манфиати ду халқ фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро зарур шумурданд.

Дар анҷоми суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент ва ба мардуми Озарбойҷон саломатӣ ва комёбӣ орзу карданд.

www.president.tj