Картошкапарварӣ манбаи асосии даромади сокинони Лахш ба шумор меравад. Кишоварзони ноҳия соли сипаришуда дар 4688 гектар картошка кишта, 100 011 тонна ҳосил ҷамъ оварданд.
Имсол ният доранд, ки ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода бурда, майдони кишти картошкаро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида зиёд намоянд.
Тавре раиси ноҳия Файзулло Баротзода иброз намуд, дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чораҳои дахлдор андешида шуда, бунёди иншооти гуногун бомаром идома дорад. Соли 2019 ба маблағи 11 миллиону 892,9 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 5 миллиону 748 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бо ҷалби соҳибкорон 7 меҳмонхона, бо 162 ҷойи хоб ва 5 ошхона сохта шуд.
Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 136 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Масъалаҳои ҳалталаб дар самти татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018 — 2020», ки дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидааст, ҷой доранд.
Мутаассифона, амалисозии лоиҳаҳои пешбинишудаи барномаи мазкур аз тарафи як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад нест. Аз ҷумла, зиёд намудани маблағгузории сохтмони бинои муассисаи таълимии № 9 — и деҳаи Ҷиргатол, бинои шуъбаи маориф, сохтмони биноҳои нави таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 56, 7, 13, бинои таълимии коллеҷи омӯзгории ноҳия аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, мебоист Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири бинои таълимии литсейи касбӣ — техникии ноҳия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар беморхонаи марказии ноҳия, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони қасри фарҳанг дар маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳия ва ғайраро амалӣ мекарданд.
Шояд нашри мақола ба ин раванд таҳрик бахшад…
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»