Соли 2020 мардуми ҷаҳон 75-солагии Ғалаба бар фашизмро дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷашн мегиранд.
Дар кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ин санаи махсус ба хотири Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки саҳми онҳо дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалкунанда буд. Дар ин ҷанг беш аз бисту ҳафт миллион нафар писарону духтарон ҷон аз даст доданд, ки дар ёди наслҳо абадӣ хоҳад монд.
Ба қимати ҷони зиёда аз як миллион сарбоз кишварҳои Аврупо аз асорати фашизм озод шуданд. Оромгоҳҳои сершумори ҳарбӣ, ёдгории зиёд, ҳайкалҳои сангин дар кишварҳои муосири аврупоӣ намунаи қаҳрамонӣ ва фидокории намояндагони халқҳои моро, сарфи назар аз миллат, шаҳрвандӣ ва мазҳабашон, ба хотир нигоҳ медоранд ва паст задани аҳамияти он қаҳрамониҳо норавост.
Мо бо эҳсоси адонакардаи қарзамон дар назди онҳое, ки дар мубориза бар натсизм ба ҳалокат расидаанд, дар асоси принсипҳои ҳимояи ҳақиқати таърихӣ, муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қабул шудаанд, ба парлумони давлатҳои аъзои Шӯрои Аврупо муроҷиат карда, даъват менамоем, ки дар сатҳи қонунгузорӣ чунин тадбирҳо андешанд:
- мухолифат ба эҳё ва таблиғи натсизм ва зуҳуроти он дар Аврупои муосир;
- ҳимояи ҳақиқати таърихӣ дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, пешгирӣ кардани кӯшиши аз нав дида баромадани натиҷаҳои он, паст кардани нақши ҳалкунандаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ғалаба;
- пешгирии роҳ надодан ба таҳқири қабрҳои иштирокчиёни муборизаи зидди натсизм, хароб кардани қабристонҳои ҳарбӣ, муҷассамаҳои аскарони озодгари шӯравӣ, таъқиби собиқадорони ҷанг, поймол кардани шаъну шарафи шахсони дар лагерҳои консентратсионии марг фавтида;
- манъи ҳама гуна кӯшиши сафед кардани натсистон ва шарикони онҳо, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, амалҳои пайравони онҳо, рад ё таҳрифи қарорҳои Трибунали байналмилалии ҳарбӣ барои ҷазо додани ҷинояткорони асосии ҷангии кишварҳои меҳвари Аврупо.
Вазифаи умумии мо дар хотир нигоҳ доштани Ғалабаи бузург аст, ки халқҳо якҷоя бар зидди натсизм ба даст овардаанд, эҳтироми хотираи онҳоест, ки бе онҳо Ғалаба ғайриимкон буд, ҳурмати рӯҳи онҳое аст, ки ҷони худро барои озодии халқҳо, ба хотири ояндаи мо қурбон кардаанд.
Муттаҳидшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мухолифати манфиатбахш ба зиндашавии натсизм хеле муҳим хоҳад буд.
Шаҳри Санкт — Петербург, 29 апрели соли 2020