Сирояти коронавирусӣ ҳамчун як навъи сирояти шадиди респиратории роҳҳои нафас ба кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла, бо ташхисҳои зерин маълум буд: СШВР (ОРВИ), БШРН (ОРЗ), ринит ва зуком. Як қатор бемориҳо, ба монанди мононуклеёз, фарингиту ларингит ва ғайра ҷой доштанд, ки танҳо дар як ноҳияи кӯчак, ба монанди Файзобод, аз 3 то 4 ҳазор ҳодиса ба қайд гирифта мешуд. Ташхиси зуком гузошта намешуд, бо ҳамин сабаб ин беморӣ дар зери тадқиқоти вирусологӣ қарор надошт.
Коронавирус як навъи зуком ба ҳисоб рафта, бо аломатҳои бемориҳои дар боло зикршуда мегузарад. Илова бар ин, бемории мазкур бо беҳолию бемадорӣ, таби начандон баланд хориҷ шудани луоби бинӣ, сулфа, газаки бодомакҳо, пардаҳои луобии сатҳи даҳону ҳалқ роҳҳои нафас ва бо ҷудошавии барзиёди луоби бинӣ фарқ мекунад. Ҳамватанон ин бемориро борҳо гузаронидаанд ва нисбат ба он дар бадан антителаҳои муҳофизатӣ доранд. Аз 100 нафар дар 80 каси онҳо чунин антителаҳои муҳофизатӣ ба қайд гирифта мешавад. Яъне, 80 — 90 фоизи мардум нисбат ба ин беморӣ иммунитети гуморалӣ дошта, бемориро сабук мегузаронанд. Кӯдакони аз 7 — моҳа то 2-сола ва солхӯрдаҳо мумкин аз 3 то 5 фисадро ташкил диҳанд. Ин беморӣ сироятпазирии баланд дорад, одамон, новобаста аз синну сол, ба он гирифтор мегарданд. Ин ангезандаҳо ҳама вақт вуҷуд дошта, новобаста аз фасли сол, ба қайд гифта мешаванд. Ба онҳо – вируси герпес зостер, навъи зукомҳо ва ғайра дохил мешаванд.
Коронавирусро ба бемориҳои иҷтимоии давлатҳои тараққикардаи «маданияти баланд» дохил кардан мумкин аст.
Роҳҳои гузариши беморӣ ҳавогӣ-қатрагӣ, ҳавогӣ — чангӣ ва маишӣ мебошад. Биноан, риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ ҳатмӣ буда, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ зарур аст. Ба воҳима набояд дода шавем, гузаронидани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар манзили зист, ҷои кору фаъолият низ ба манфиат мебошад.
Хулоса, бемориҳои зуком ва ба зуком монанд (умуман, бемориҳои вирусӣ) табобати махсус надоранд. Барои муолиҷа гаммаглобулинҳо ва ҳар гуна зардобҳои иммунӣ истифода мешавад. Истифодаи шарбати меваю сабзавот фоидабахш мебошад.
А. ЗАРДОВ, духтури эпидемиолог