Дар ноҳияи Восеъ кишоварзон ба ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз, шурӯъ намуданд.
Бино ба иттилои Рустам Фақирзода, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, имсол хоҷагидорон дар 530 гектар пиёз кишт карданд, ки 400 гектараш барвақтӣ аст.
- То ҳол 4950 тонна ҳосил ғундошта, як килограмм пиёзро аз сари замин бо нархи 70 дирам ба фурӯш бароварданд, — гуфт Р. Фақирзода. – Соли равон кишоварзони ноҳия майдони кишти пиёзро нисбат ба соли гузашта 30 гектар васеъ намуда, аз ҳар гектар 200 сентнер ҳосил ба даст оварданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»