Аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар беш аз 100 тонна олуи хушсифат содирот гардид.
- Ин иқдом бо мусоидати намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, — иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.
Тибқи нақша, соли ҷорӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат бояд 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот шавад. Аллакай 40,5 фоизи нақша иҷро гардида, ба хориҷи кишвар 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла, 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содирот шуд. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»