Роҳи «фаромӯшшуда»

№66 (4172) 04.06.2020

Се сол пеш бо ибтикори Ҷумҳурии Ҳиндустон як қисми роҳи мошингарди Душанбе — Айнӣ — Ҳисор аз пойтахти мамлакат то шаҳраки Айнӣ васеъ ва бо сифати баланд мумфарш гардид.

Соли равон ин қисмати роҳ пурра чароғон шуд, ки боиси таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт дар шаб ва қаноатмандии ронандагону мусофирон хоҳад гашт.

Аз гардиши шаҳраки Айнӣ то марзи шаҳри Ҳисор тақрибан 3 километр роҳ аст. Чанде пеш Муассисаи нигоҳдории роҳҳои шаҳри Ҳисор то марзи деҳаи Шайнаки Муллогадои ноҳияи Рӯдакӣ қисмати харобшудаи роҳро мумфарш (аниқтараш «дарбеҳ») кард. Акнун то чанд моҳ мошинҳо аз бархӯрдан дар чуқуриҳои сершумор эмин мемонанд. Вале аз деҳаи Шайнаки Муллогадо то гардиши шаҳраки Айнӣ ҳолати роҳ хароб аст. Бинобар дароз будани масофаи роҳҳои дохили ноҳиявӣ роҳи мазкур, ба қавли ронандагон, аз хотири масъулони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Рӯдакӣ фаромӯш шудааст. Ҳол он ки чуқуриҳои ин қисмати роҳ бо 3 — 4 мошин масолеҳи роҳсозӣ маҳкаму мумфарш мегарданд. Шояд баъди чопи ин мақола кормандони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Рӯдакӣ миёнро маҳкам баста, қисмати харобшудаи роҳро хушсифат таъмир кунанд?

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»