Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Дӯстзода Д. С.

№68 (4174) 09.06.2020

аз 8 июни соли 2020, № 327, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Дӯстзода Диловаршо Саидаҳмад директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

 

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ РАҲМОН