Аз табобати ройгон то шикояти беморон

№72 (4178) 18.06.2020

Муносибат бо гирифторони коронавирус чӣ гуна аст?

ИстиклолМутахассисон риояи қоидаҳои санитариву гигиениро роҳи асосии эмин мондан аз сирояти коронавирус медонанд. Аммо дар ин замина, ба таҳлука афтодани мардум ва суиистифода кардани як гурӯҳ аз вазъият боиси ташвиш аст. Пӯшида нест, ки ҳанӯз вирус дар кишвар ба қайд гирифта нашуда, мардум ба дӯконҳои ордфурӯшӣ «ҳуҷум» карданд, ки дар натиҷа боиси якбора то 50 дарсад гарон шудани нархи он гардид. Пас аз он ниқоби тиббӣ камёфт шуд. Хушбахтона, чораҳои андешидашуда беасар намонд. Аксари корхонаҳои дӯзандагии кишвар истеҳсоли ниқобро ба роҳ монда,ба фаровонӣ ва арзонии нархи он мусоидат карданд.

Ҳамин ки мавҷудияти вирус дар кишвар эълон шуд, мардум аз эҳтимоли сироятёбӣ ба таҳлука афтода, одитарин бемориро чун эҳтимоли сироят ёфтан ба коронавирус қабул намуданд. Чунин амалҳо боис шуд, ки дар фазои иттилоотии кишвар хабарҳои зидду нақиз пайдо шаванд. Як гурӯҳ ба рақамҳои оморӣ шубҳа карда, то ҳол шумораи гирифторон ва фавтидагони бемории коронавирусро бештар аз маълумоти расмӣ арзёбӣ мекунанд. Масъалаи дигар бовар надоштани як идда ба ройгон будани табобати беморон мебошад.

Бо мақсади бештар огоҳӣ пайдо кардан ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» рафтем, ки яке аз калонтарин беморхонаҳои кишвар буда, ба табобати беморони сироятёфта ба коронавирус машғул аст. Тавре директори он, номзади илми тиб Хуршед Рустамзода изҳор дошт, як қисми гирифторшудагон ба илтиҳоби шуш ва коронавирус дар маҷмаа ба табобат фаро гирифта шуданд. Чун аксари онҳо табобат ёфтаанду дар ин баробар муроҷиати сироятёфтагон хеле коҳиш ёфтааст, нафарони боқимонда низ рӯзҳои наздик ҷавоб дода мешаванд.

 ОЁ ТАБОБАТ РОЙГОН НЕСТ?

 Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 таҳти №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» якчанд намуд хизматрасонии тиббӣ бо пардохти маблағи муайян амалӣ мешавад. Хуршед Рус­тамзода изҳор дошт, ки ин қарор ба сироятёфтагони коронавирус татбиқ намегардад ва хароҷоти нафарони гирифторшуда ба коронавирус дар беморхонаҳо пурра аз ҷониби давлат пардохт мешавад.

- Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар беморхона тамоми шароит фароҳам буда, мубталоёни коронавирус пурра бо доруворӣ, хӯрду хӯрок таъминанд, — зикр кард Хуршед Рустамзода. Бино ба гуфти ӯ, баъзе бемороне низ ҳастанд, ки берун аз тавсияи табибон аз наз­дикон овардани доруеро хоҳиш мекунанд, ки аслан дар табобати онҳо лозим нест. Чун онро пайдо карда наметавонанд, пас овоза мекунанд, ки гӯё чунин дору дар беморхонаҳо мавҷуд нест. Ҳол он ки дар беморхона ҳамон дору мавҷуд аст, аммо барои табобати он намуди беморӣ манфиатбахш, ки нест, истифода намешавад.

Доир ба вафоти шаҳрвандон ҳамсуҳбатам афзуд, ки бемориҳои зиёд мавҷуданд, ки боиси фавти инсонҳо мешаванд.

- Ҳар сол теъдоди муайяни одамон аз бемориҳои гуногун вафот мекунанд. Имсол низ чунин аст ва ин маънои онро надорад, ки дар замони паҳншавии коронавирус ҳама гуна фавтро ба ин беморӣ рабт диҳем, — зикр кард ӯ.

Бино ба гуфти Хуршед Рус­тамзода, муроҷиати шаҳрвандон коҳиш ёфта, шояд дар рӯзҳои наздик беморхона пурра аз беморони сироятёфта ба коронавирус холӣ шавад. Ӯ изҳор дошт, ки аллакай қисми таваллудхона ва биноҳои 6 ва 7 ба фаъолияти муқаррарӣ омода буда, дар сурати гирифтани дастур аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дигар бахшҳо низ ба фаъолияти муқаррарӣ бармегарданд.

Ӯ, ҳамчунин таъкид кард, ки мардум набояд аз коҳиши сироятёбӣ ба коронавирус фориғбол бошанд. Тавсияҳои мутахассисонро, ки пайваста тавассути воситаҳои ахбори омма нашр мешаванд, риоя намуда, тарсу ҳаросро аз вуҷудашон дур кунанд.

 МУНОСИБАТ БО БЕМОРОН ЧӢ ГУНА АСТ?

 «Салом кормандон ва табобатгирандагони муҳтарам! Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки пас аз анҷоми табобат шуморо сиҳату саломат ба хонаҳоятон гусел намояд.

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-ро бо доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин намуда, табобат дар он комилан ройгон амалӣ мешавад. Табибон ва кормандони маҷмаа муваззафанд, ки бо беморон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд. Дар ин баробар, беморонро низ зарур аст, ки бо эҳсоси масъулият аз рӯи тавсияи табибон амал намуда, баҳри солимии худ ва атрофиён кӯшиш кунанд, зеро саломатии ҳар шахс, пеш аз ҳама, ба худи ӯ вобаста мебошад.

Бори дигар ба беморон шифои комил ва ба кормандон муваффақиятҳои касбӣ орзу намуда, аз табобатгирандагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар ҳолати риоя нашудани қоидаҳои одобу рафтор ва муошират аз ҷониби кормандони муассиса ба директори он (рақами телефонҳои корию дастии директор эълон карда мешавад) муроҷиат намоед».

Ин намуна аз муроҷиати ҳаррӯза ба табобатгирандагон ва кормандони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мебошад, ки тавассути системаи хабаррасонии дохилӣ пахш мегардад. Бино ба гуфти директори муассиса, ин амал, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани самаранокии кор роҳандозӣ шудааст.

Рӯзе, ки вориди бинои рақами 5 шудем (08.06.2020), дар он ҷо 29 нафар табобат мегирифтанд. Ҳуҷраҳо тозаву озода ва бо тамоми шароит муҷаҳҳаз буданд. Аз беморон пурсидем, ки чӣ шикоят доранд? Аммо ҳарфи онҳо на шикоят, балки миннатдорӣ буд. Аз ҷумла, сокини шаҳри Душанбе Саидамир Сафаров бо эҳсосот сухан мекард. Ӯ изҳор дошт, ки дар ҳолати ниҳоят вазнин ба беморхона интиқол ёфта, бо кӯшишу заҳмати табибон вазъи солимиаш хеле беҳтар шудааст:

- Табиби бисёр бузургу ҳозиқ Муҳаммад Закариёи Розӣ гуфтааст, ки «табиб табиб нест, забонаш табиб аст». Духтурони «Истиқлол» бо забони ширин табобат карда истодаанд. Ҳамааш аз ҳисоби беморхона аст. Аз ягон чиз танқисӣ надорем. Ҳама чиз мерасад. Ягон шикоят надорам,- зикр кард ӯ.

Акмал Ҳошимов гуфт:

- Духтурон инсонҳои хубанд. Сари вақт омада хабар мегиранд, се вақт хӯрок медиҳанд. Доруҳо дастрас аст ва камбудӣ надорем.Он рӯз дур нест, ки ҳаёт боз ба маҷрои пешина бармегардад. Аллакай дар аксари давлатҳо реҷаи карантинӣ бекор шуда, корхонаву марказҳои хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз карданд. Олимону мутахассисон низ аз ихтирои ваксинаҳо хабар дода истодаанд. Зарур аст, ки тавсияи табибонро ба назар гирифта, ҳангоми гаштугузор фосиларо риоя намоем. Бино ба таъкиди мутахассисон, аз коҳиши сироятёбӣ ба коронавирус хушҳол бояд шуд, аммо на фориғболу бепарво.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»