19 июни соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти собиқи Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Нурсултон Абишевич!
Бо эҳсосоти нигаронӣ ва изтироб хабари гирифтор шудани Шуморо ба бемории коронавирус дарёфтам.
Мехоҳам ба Шумо дастгирии бародарона ва ҳаматарафаи ин ҷонибро иброз намоям.
Сидқан ба Шумо шифои ҳар чӣ зудтару комил, қавирӯҳӣ, саломатии бардавом ва некуаҳволӣ таманно дорам.
Лутфан, Нурсултон Абишевичи гиромӣ, ғояти эҳтироми маро бипазиред».