Солҳои 90-уми асри ХХ барои халқи тоҷик солҳои воқеаҳои мудҳиш, гузаштан аз имтиҳони бузурги таърих буд. Қариб ҳеҷ кас ба ояндаи нек бовар надошт, вале раҳмати Худованд маҳз дар ҳамин давра ба имдоди мардуми ҷафодида расид.
Воқеан, дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қимати онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ аз ҷумлаи ашхосе буданд, ки ваҳдатро устувору пойбарҷо доштанд. Ин рисолат дар айёми мо бар дӯши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод.
Тавассути заҳматҳои шабонарӯзии ин фарзанди фарзонаи Ватан миллат аз парешонӣ эмин монд ва пеши роҳи ҷанги бародаркуш гирифта шуд. 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Тавре Сардори давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат, махсусан, дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид».
Ваҳдат, дар ҳақиқат, дастоварди бебаҳост ва мо — фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро қувваҳое ҳастанд, ки аз болоравии обрӯю эътибори давлати тоҷикон нороҳат мешаванд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки ба иттиҳоду якдилии халқи Тоҷикистон халал расонанд. Аз ин хотир, бояд кӯшиш намоем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Набояд фаромӯш кард, ки асоси ҳама пирӯзӣ дар ваҳдат аст. Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар касе бар қадри ваҳдат мерасад,
Ӯ ба иқболу саодат мерасад.
Варқаи ЗАЙНИДДИН, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи якум