Ба зиёда аз 150 ҳазор фавтидаи ҷанги шаҳрвандӣ мебахшам, ки қисме дар хоки Афғонистон орамида, гурӯҳе дар дашту саҳро, заҳбуру теппаҳо аз тири нобакорон бекафан дафн шуда, иддае ба коми моҳиҳои дарёҳои Вахшу Панҷ рафтаанд ва аз онҳо 50000 ятими кулл боқӣ мондааст.
Ҳар гоҳе ки низоъ ва даргириро дар ин ё он гӯшаи олам мебинам, пеши назарам воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри ХХ ҷилвагар мешавад.
Чӣ даҳшате буд, он солҳо? Тоҷик дар Ватан сарсону саргардон, пайи дарёфти нону сарпаноҳ худро ба ҳар кӯю дар мезад. Чун ба хонаи бародар мерафт, дар во буду худи ӯ аз тири нохалафе кушта. Ба дидори хоҳар мешитофт, ӯро зору таҳқиршуда меёфт. Ба хонаи хешованде сар мезад, пеши бечорагии ӯ худро ноҳинҷор ҳис мекард. Ба дари дӯст мерафт, ӯро аз ғаму дарди фарзандон парешону сарсон медид. Умедаш аз замину само канда, дар замини оташгирифтаву хонаҳои валангор, ки онро Ватан мегуфт, зору ҳайрон мегашту ба рӯзи сиёҳаш зор-зор мегирист. Охир, пештар ин мулк биҳиште буду мардумаш шоду сарбаланд. — Эй Офаридгор, чӣ гуноҳе аз мо гузашт? Ин балоро чаро ба сари мардум овардӣ, ки сулҳро ситоиш, ҷангро маҳкум ва дӯстиро тараннум мекард, — гӯён хок бар сар мепошиду мегирист тоҷик.
Фарзанд дар суроғи падар мегашту падар дар ҷустуҷӯи фарзанд пойи пиёда талу теппаҳоро тай намуда, фарсахҳо роҳ мерафт, ки ҷигарбандашро зинда дарёбаду ба хок супорад, то хотираш ҷамъ шавад, ки мабодо туъмаи сагони гурусна нагардад. Онҳое, ки фарзандону пайвандонро гум карда буданд, дар миён суфи сафед баста, ба суроғи азизон пинҳон аз чашми нобакорон ба роҳ мебаромаданд. Чун ҷасади гумшудаашонро пайдо месохтанд, ба кафан мепечониданду ба хок месупориданд. Ҳарчанд кандани гӯр ба зан раво нест, аммо духтарон падаронро, модарон фарзандонро дар он шабу рӯз кафан печониданду гӯр карданд.
Шабе душмани хунхор қасди нобуд сохтани мардуми бегуноҳро дошт. Садои даҳшатангези тир фазоро пур кард. Одамони бадаҳшатафтода рӯ ба гурез оварданд. Ягона роҳи наҷот гузаштан ба он сӯи дарёи Панҷ, ба Афғонистон буд.
Ғалоғула, фиғону гиря, мардум сарсону саргардон. Яке бо кӯлвори пур аз нон, дигаре дар бар либоси хонагӣ, сеюмӣ гаҳвораи тифл бар дӯш мешитофтанд. Марзро убур карданд, дар сарзамини ҳамсоя паноҳ ҷустанд. Аммо як қисми мардум ба дарё ғарқ, қисми дигар аз хунукӣ ва гуруснагӣ дар роҳ ҳалок шуданд.
Миёни издиҳом гурезаҳо азизонашонро суроғ мекарданд. Садои гӯшхароши зане мардуми аз гуруснагӣ ва сармои зимистон яхбастаро ба худ овард. Панҷи бетараҳҳум тифлаку шавҳарашро ба ком фурӯ бурда буд. Аммо он муштипар ягона набуд, ки мотам дошт. Рӯд ҷони бисёриҳоро гирифта буд.
- Садои гиряи занон, ҳиқ — ҳиқи мардон дар пушти симхорҳои сарҳад то ба қиёмат дар гӯшам садо медиҳад, — мегӯяд як нафар шоҳиди он ҳодисаҳо. — Ҳар рӯз чанд нафар дар ғарибӣ бо сад ҳасрат дунёро падруд мегуфтанд. Қисме аз Афғонистон мазористони ғарибон гашт. Ҳазорон ҳамватан ғарибхок шуданд. Онҳо ҳасрати Ватан, муҳаббати наздикон, орзуҳои ширини дилро бо худ бурданд. Шояд охирин ҳарфашон Тоҷикистон буд!? Охирин нигоҳашон ба сӯи хонаи аҷдодӣ парвоз мекард. Аммо дареғ, армони дил нодида рафтанд. Хонаи умеди он бечорагон Тоҷикистон буд, Ватани азизашон. Аммо бозии тақдир, ситами душманон онҳоро бехонаву беватан сохт.
Садои дили ғарибону мардуми ҷафокашидаро Худо шунид. Хуршеди сулҳу сафо, дӯстиву рафоқат, ишқу муҳаббат тулӯъ кард. Замини карахту беҳисгашта ва тоҷикро гармӣ бахшид, дубора ҷон дамид. Дар нигоҳи интизорон зиндагӣ бо ранги сабзу зебо ба ҷилва даромад. Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди шуҷоъ ва муборизи Ватан дар Иҷлосияи XY1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб шуд. Барои ба даст овардани ободиву осудагӣ, ҳамбастагӣ камари ҳиммат баст ва ҷон ба каф гирифту баҳри наҷоти миллату марзу бум даст ба кор шуд.
Аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Туркманистон музокироти тӯлонӣ ба хотири тинҷиву амонӣ дар Тоҷикистон идома дошт , ки бо хирадмандӣ ва заковати хоси Сарвари ҷавону кордони миллат бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом пазируфт.
Ба шарофати сулҳу оштӣ гурезаҳо бо даъвати Пешвои маҳбуби миллат ба Ватан бармегаштанд, суроғи хешу таборро мегирифтанд, ба кулбаҳои вайронаву валангори онҳо сар мезаданд. Ҳавлиҳо, боғҳо, растаҳо, ҳотаҳо бӯи борут мекарданд, аммо насими ошно ба суроғи гурезаҳо омада буд ва бӯи дӯстро ба димоғ мерасонд.
Зане, ки фикр дошт фарзанди дар гаҳворабудаашро шавҳараш бурдааст, чун ба хона омад, чашмаш ба гаҳвора афтод, ки дар миёни хонаи сӯхтаву валангор чанг зер карда хобидааст. Худро ба сари гаҳвораи тифли як сол қабл дар гаҳворабастааш зад. Ҳуш аз сараш париду девона шуд. Касеро ба гаҳвора наздик рафтан намемонд ва бо тифли аз гуруснагӣ ва ташнагӣ фавтидааш суҳбат мекард, ба ӯ суруди алла мехонд.
Бистусесола аст, фарзанди мо, ки Ваҳдат ном дорад ва аз тинҷиву ободии сарзамини ниёгони барӯманду сулҳофараш меболад.
Таърих гувоҳ аст, ки ба сари миллат чӣ қадар тохтутозҳои шадид рост омадааст. Душман ба файзи ин диёр, ба сарзамини биҳиштосо, ба мардуми хирадманду закӣ, ба забону фарҳанги оламгири мо аз рӯзи азал ҳасад мебурду мебарад. Гумон дошт, ки ин миллат дар тӯли қарнҳо аз тохтутози аҷнабиёни ҳасуд пора-пора гашта, нотавон шудааст, ғурур, ифтихор, худшиносӣ ва ватандӯстиро аз даст додааст. Хушбахтона, ғурур, ифтихору худшиносӣ ва муҳаббати ба Ватан-Модар доштаи моро касе шикаста натавонист.
Ҳоло шоҳиди онем, ки дунё дар ҳалқаи оташ қарор дораду бархе сарсону саргардонанд. Онҳо ба хотири нон, оромиву тансиҳатии аҳли байт сарҳадҳоро убур карда, ба мулки бегона мераванд, дур аз Ватан орзуи дидани хандаи беғаши тифлонро доранд. Шукри тинҷӣ, оромиву амонии диёри биҳиштиамон, ки боз мардум ба ҳам омада, душманонро, ки қасди парешониву сарсонии миллатро доштанд, ноумед карданд. Дар дил ҳазор Хуросони дигарро зинда нигоҳ медоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ана дар ҳамин шароит идора кардани сарзаминро бар уҳда гирифт. Ҷаҳониён тамошобин ва дар андешаи он буданд, ки ӯ чӣ гуна метавонад, мулки сӯхта, валангору ноободро барқарор созад, фарзандони сарсону саргардон ва ғарибашро ба ҳам орад. Бехабар аз он ки ин ҷавонмарди 40 — сола аз авлоди шоҳмардҳои бузурги Хуросон асту дар вуҷуд мактаби давлатдории Исмоили Сомониро мерос дорад. Агар асри Х барои ин сарзамин ва мардум ба ҷаҳониён ҳамчун асри тиллоӣ муаррифӣ гардида бошад, пас аз 1000 соли дигар боз фарзонамарде бо номи Эмомалӣ Раҳмон тавонист мактаби бузурги ниёгонро барқарор намуда, мардумро сарҷамъ сохта, ваҳдат биофарад. Он мактаб, мактаби идоракунии давлатӣ ва сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҷаҳониён аз он меомӯзанд. Мактаби сулҳофариву ваҳдатсозии Пешвои миллати тоҷикон аст, ки ҳама аз он сабақ мегиранд, ба саволҳои беҷавобашон посух меёбанд.
Шеъри «Ғурури ниёгон» — ро, ки ба қалами шоири шаҳир Искандари Хатлонӣ тааллуқ дорад, боифтихор зери лаб зам — зама менамояму аз бахти миллат ифтихор месозам:
Дар xуни ман ғурури ниёгон нуҳуфта аст,
Хашму ситези Рустами Дастон нуҳуфта аст.
Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам,
Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфта аст.
Хоки маро ҷазираи xушке гумон мабар,
Дарёи бекарону xурӯшон нуҳуфта аст.
Холӣ дили маро ту зи тобу тавон мадон,
Шери жаён миёни найистон нуҳуфта аст,
Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман гусаст.
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфта аст.
Гавҳар ШАРОФЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон