Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ҳамдилию якраъйӣ имсол мардуми сарбаланди кишвар 23 — юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро зери сиёсати сулҳпарварона, хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳи болида истиқбол мегиранд.
Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи навин маълум аст, кишварамон то соли 1997 пойбанди моҷарои дохилӣ буд. Он замон вазифаи асосии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти бонизоми кор дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқ, мутобиқкунонии низоми идорӣ ба иқтисоди бозорӣ, барқарорсозии буҷаи харобшуда ва роҳҳои дарёфти ғанӣ гардонидани он ва аз ҳама муҳим, хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ба шумор мерафт.
Дар ин ҷараён саҳми ҳамсоякишварҳо ва давлатҳое, ки воқеан ҳам, сулҳи тоҷиконро мехостанд, аз қабили Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Федератсияи Россия ва ғайра хеле бориз ва назаррас аст. Зеро онҳо бехатарии намояндагони ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ва намояндагони мухолифинро дар кишварашон таъмин намуда, шароит муҳайё мекарданд, ки гуфтушунидҳои тарафайн дар фазои орому ҳамдилӣ баргузор шаванд. Дар он шабу рӯз, бо дарназардошти ноустувор будани вазъи сиёсии кишвар ва эҳтимоли халалдор намудани гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ ба раванди музокирот, вохӯриҳо дар Тоҷикистон гузаронида намешуданд.
Таҳлили вазъ дар солҳои талошу муборизаҳо баҳри таҳкими давлатдории навини миллӣ собит месозад, ки хизмати парламенти кишвар низ дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Тағйироту иловаҳое, ки моҳи сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, мақоми конститутсиониву ҳуқуқии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигаргун намуданд. Дар асоси тағйироту иловаҳо парламенти думаҷлиса — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ташкил ёфт.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли дупалатагӣ, ки натиҷаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ буд, аз нахустин рӯзҳои фаъолият дар қатори вазифаҳои касбӣ — қонунгузорӣ ва намояндагӣ ҷиҳати таҳкими бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, густариши ҷараёни демократикунонӣ хидматҳои арзишманд ба анҷом расонид. Аз ҷумла, дар пешравии соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус нақши Маҷлиси намояндагон тавассути қабули қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дархӯри замон хеле калон аст. Ҳоло кишварро дар арсаи байналмилалӣ, дар баробари дигар дастовардҳои даврони истиқлолият, бо парламент ва қонунҳои замонавиаш мешиносанд. Бояд зикр кард, ки дар баробари фаъолияти касбӣ, парламенти кишвар ҷиҳати тарбия, соҳибкасб намудан ва ба камол расонидани кадрҳои миллӣ низ саҳми созгор дорад. Кадрҳои омоданамудаи парламенти мамлакат дар соҳаҳои хоҷагии халқ ба давлату миллат содиқона ва софдилона хизмат намуда истодаанд. Ифтихормандем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастпарвари ин макони муқаддас мебошанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди воқеан дилсӯзу ғамхори миллати сарбаланди тоҷик намунаи аз худ гузаштанро нишон дода, ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам оварданд.
Агар кӯшишу заҳматҳои доимии Пешвои миллат намебуд, на танҳо ба созиш ва ваҳдати миллӣ намерасидем, балки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амсоли кишвари ҳамсоя — Афғонистон ба майдони тохтутозҳои бемаънии худхоҳони дохиливу хориҷӣ табдил меёфт. Натиҷаи ҷоннисориҳои беғаразонаашон буд, ки тоҷику Тоҷикистонро ҷаҳониён шинохтанд.
Ваҳдати миллӣ, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ (27 июни соли 1997) ба даст омад, ҳамчун ҷанбаи муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам сохт, ки Истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад, дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии кишвар, ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад:
Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар кардааст,
Нури ваҳдат тоҷиконро тоҷ бар сар кардааст.
Таҷрибаи бадастовардаи сулҳи тоҷиконро ҳоло ҷаҳониён ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофарӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор медиҳанд. Ҳоло Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 кишвари олам шинохтааст. Акнун мамлакат бо 173 кишвар муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ барқарор кардааст. Намояндагиҳои дипломатии қариб 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Тоҷикистон узви беш аз 55 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Аз ин хотир, рӯзи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ санаи воқеан ҳам таърихӣ ва барои халқ муҳиму муқаддас аст. Сулҳу ваҳдат давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва оғози барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид.
Бинобар ин, сокинону шаҳрвандони кишвар бояд ҷиҳати пойдории сулҳу субот аз як гиребон сар бароварда, барои таблиғи Ваҳдати миллӣ, тақвияти маърифати сиёсӣ, ҳифзи марзу бум ва таҳкими истиқлоли миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монанд. Бо роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва соатҳои сиёсӣ аҳамияти ғояи Ваҳдати миллиро ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа ба сокинону шаҳрвандон ба таври возеҳ фаҳмонем, то ки ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи таърихӣ аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиро ба ҷо оварда, ба қадри ин неъмати бебаҳо расад.
Зоир Раҳмонзода, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон