Табиат бо рангҳояш зебост. Сабз, зард, сурх, кабуд… Гулу гиёҳ, буттаҳову дарахтон, ҳайвоноту парандагон, замину сангҳо рангҳое хос доранд. Ҷилваи рангҳои табиат зебову фараҳбахш аст. Мо аз тамошои онҳо лаззат мебарем, диламон мисли ғунчаи гул мешукуфад.
Мо — одамон низ ҷузъе аз табиат ҳастем бо рангҳое хос: зард, сафед, сиёҳ, сурх… Ҳама ниёз ба нафас дорем. Нафасҳоямон низ рангинанд, мисли бодҳои дашту саҳро, кӯҳу дарё: сурхбод, сабзбод, сафедбод, сиёҳбод…
Шояд мегӯед об шаффоф аст, ранг надорад. Аммо чунин нест, обҳо рангинанд, ба ҳар тарзе ҷилва мефурӯшанд, ҳар печутобашон ифодакунандаи ҳолеву рангест. Мардуми мо ранги обҳоро хуб мешиносанд, онҳоро ҳамранги худ исме мегузоранд: Сурхоб, Сафедоб, Сиёҳоб…
Рӯзгорамон, афкорамон, садоямон, ҳарфамон… низ дорои рангҳо ҳастанд. Агар каме таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки рангҳои мавҷудоти табиат ба ҳамдигар шабеҳанд, миёнашон ваҳдат вуҷуд дорад.
Рангҳои табиат миёни ҳам тафриқае намеангезанд. Онҳо чӣ будани душманиву бадхоҳиро намедонанд. Ба боли рангини шоҳпарак бингаред, онҳо аз овои ишқу зебоӣ саршоранд.
Аммо ранги боварҳо гоҳе сиёҳу хатарнок мешаванд. Ин ранги пурбимро мо дар зеҳни худ месозем, ба он боли парвоз мебахшем. Хонаи диламонро торик сохта, барқи нигоҳамонро бо пардаи зулмот мепӯшем. Ҳатто донишҳои андухтаамон наметавонанд моро аз ин ранҷ раҳо созанд.
Вақте мо ишқро, меҳрубониро, саодатро, саломро… дар зиндони боварҳоямон буғӣ мекунем, пеш аз ҳама, худро нобуд месозем. Вақте боварҳо ба худ ранги сиёҳ мегиранд, зиндагӣ сиёҳ мешавад.
Мо сурхҳо, сафедҳо, сиёҳу зардҳо фарзандони Одаму Ҳавво ҳастем. Аммо рӯзе рӯзгоре ба нажодпарастӣ рӯ овардем, ҷанги рангҳоро ба роҳ андохтем. Фаромӯш кардем, ки:
Бани одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ҳамин тавр худро ба дарди сар андохтем. Ифтихор фурӯхтему аз одамият маҳрум гаштем.
Бубинед, агар сурхе, сиёҳе ё зарду сафеде бемор шавад, барои табобат ба сурх доруи сурх, ба сиёҳ ҳабби сиёҳ, ба зарду сафед доруи ҳамранги худашон намедиҳанд. Доруҳо ба ранги мо – одамон коре надоранд, онҳо ҳамаро яксон шифо мебахшанд.
Ин ҳама рангорангиҳои табиат пайғоме аз ягонагиву ваҳдат меоранд. Низом, бақо ва фанои коинот низ ба асли он рабт дорад, ки оғозу анҷоми он ваҳдат аст. Мо, ки ҷузъе аз коинот ҳастем, аз ҳамин ваҳдат рӯидаем.
Ранги хирад, донишу ҳикмат сабз аст, мисли боғ, мисли чаман бо гулҳое рангоранг ва атрҳое диловез. Инсони огоҳ, ҳушманд ва бедор мисли парандае аст, ки дар шохи дарахти доноӣ лона мегузорад ва дар фазои ишқу имон ба парвоз меояд. Аммо мурғҳое хонагӣ низ ҳастанд, бол доранд, вале парвоз карда наметавонанд.
Шинохти барномаи офариниши худамон ниҳоят муҳим аст. Ҳеҷ инсони оқиле наметавонад зиндагии бемақсаду таваккалӣ дошта бошад. Кунҷковӣ ва майл ба донишу доноӣ яке аз нишонаҳои инсон будан аст.
Ту шамшери зи коми худ бурун о,
Бурун о, аз наёми худ бурун о.
Шаби худ равшан аз нури яқин кун,
Яди байзо бурун аз остин кун.
Ҳар балое, ки инсонро домангир мешавад, самари ҷаҳлу нодонист. Мо бояд тавоноиҳои худро кашф созем, огаҳист, ки одамизодаро ба камол мерасонад.
Вақте коронавирус ба ҷаҳон соя андохт, дилҳоро тарс фаро гирифт. Эҳсоси ба вирус гирифтор шудан ва тамъи маргро чашидан айши одамонро талх сохт. Онҳоро маҷбур кард, ки фикр кунанд, бадиҳову хубиҳояшонро ба тарозу баркашанд. Чӣ будани савобу уболро бештару беҳтар дарк созанд. Яъне, мо ба худамон фикр кардем, дар шинохти худамон гом бардоштем. Ба худ омадем, хоб будем, бедор шудем. Яъне, ин тарс моро ба сӯи огоҳӣ савқ дод.
Мо як ҷузъи табиат ҳастем, ҳар тағйир, ҳар ҳодисае, ки дар он рух медиҳад, ба мо таъсир мерасонад. Замоне аз он ифтихор намудем, ки табиатро ба панҷаи қудрати хеш мегирем, онро ром месозем ва чӣ тавре ки хоҳем, истифода мебарем. Ин гапи хандаоварро одамоне гуфтанд, ки то қиёмат нафси саркаши худро ром карда наметавонанд, чӣ расад ба неруҳои табиат, ки зӯри мо ҳатто ба боди он намерасад.
Замоне Синои бузург гиреҳи дардҳоро бикшод, фақат гиреҳи аҷал нокушода монд. Аммо бузургтарин гиреҳе, ки дар пеши инсоният истодааст, худи ӯст. Агар одамизод гиреҳи худро бикшояд, он гоҳ дарҳои раҳмату баракат ва хушиҳои зиндагӣ ба рӯяш боз мегардад.
Бузургвор нажоди ба қадру аслу насаб,
Вале чӣ суд, ки ту қадри худ намедонӣ.
Биё, ту гавҳари худро дар ин адам бишнос,
Ки ҳеҷ қисса набошад бадтар зи нодонӣ.
Дар бозор ҳар матое қимате дорад, вале ҷои афсӯс аст, агар мо қимати худро нашносем. Ғафлат кардану ҷавҳари инсонии хешро фаромӯш намудан мусибат аст. Чӣ инсоне метавонад зебоӣ офарад, халоқ бошад, малака, истеъдод ва тавоноии худро нишон диҳад? Албатта инсоне, ки инқилоби худсозиву огаҳӣ дар вуҷуди ӯ ҷараён дорад, вайро ба сӯи бунёдкорӣ раҳнамун месозад.
Фаромӯш набояд кард, ки агар мо ба ҷое мерасем аз худамон мерасем. Оне, ки худро мешиносад, ба худ бовар дорад, инсони озодаву муваффақ аст.
Ҳар кас ба худ мерасад, ба нур мерасад. Ин дастовард ба мо қудрат мебахшад, моро дар масири мураккаби зиндагӣ пойдор нигоҳ медорад. Илова бар ин, ҷуръати моро бедор месозад, ба мо шуҷоат мебахшад. Аз ин ҷост, ки мо бояд ба худамон маърифат дошта бошем.
Ман ҳамин чашму гӯшу даҳан ва дасту по нестам. Мани дигаре дар вуҷудам пинҳон аст: мани дониш, хирад, ҳикмат, бедорӣ, огоҳӣ… Мане, ки номи ӯ худист. Худие, ки сарнавишти маро рақам мезанад ва ҷаҳонро тағйир медиҳад.
Эй хуш он, к-ӯ аз худӣ оина сохт,
В-андар он оина оламро шинохт.
Мо оё дар оинаи худӣ оламро шинохтаем? Бори амонатеро, ки бар дӯши мо гузоштаанд, мебардорем ё кайҳо канор гузоштаем? Посух ҷустан ба ин саволҳо моро ҳатман ба худамон мерасонад. Он гоҳ масири ҳаракатамон равшан мегардад ва фардо намудор мешавад.
ВОРИС, «Садои мардум»