Суҳбати телефонӣ

№82 - 83 (4188 - 4189) 07.07.2020

1545990381_nazarboevШашуми июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ доир карданд.

Сарвари давлат якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо рӯйдоди муҳим – 80-солагии зодрӯзаш самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро ба соҳибҷашн иброз намуданд.

Пешвои миллат фаъолияти самарабахши солҳои тӯлонии Нурсултон Назарбоевро дар маснади Президенти Қазоқистони дӯст махсус таъкид ва қайд карданд, ки боиси эҳтироми умум ва обрӯву эътибори шоистаи ӯ дар дохили кишвар ва берун аз паҳнои он, аз ҷумла дар Тоҷикистон, гардидааст. Ҳамчунин, аҳамияти робитаҳои деринаи бародарӣ ва дӯстии мустаҳками халқҳои ду кишвар дар рушди бомароми ҳамкориҳои гуногунҷанбаи муосири Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.

Ҷонибҳо, инчунин, атрофи як қатор масъалаҳои марбут ба тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро таъкид карданд.

www.president.tj