Ҳар мусофире, ки бори аввал ба ноҳияи Сангвор меояд, табиати зебову афсунгари он ӯро моту мабҳут менамояд.
Занбӯриасалпарварӣ яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи мардуми Сангвор мебошад. Ба гуфтаи гиёҳшиносон, дар ин мавзеъ беш аз 250 навъи рустаниҳои шифобахш мерӯяд, ки қисмати зиёди онро табибон барои муолиҷаи бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Оилаҳои занбӯри асал, ки дар доманаҳои талу теппаи он аз оғози фасли баҳор ҷой мегиранд, зиёдтар аз рустаниҳо истифода мебаранд. Бесабаб нест, ки асали Сангвор аз ҷиҳати сифат дар минтақа камназир аст.
Дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷалби сокинони ноҳия ба занбӯриасалпарварӣ диққати мутахассисон ва масъулони соҳаро ҷалб карда буд. Бо кӯшиши роҳбарияти ноҳияи Комсомолобод (Нуробод) соли 1981 аз ҳисоби хоҷагии давлатии зотпарварии «Ғарм», ки як бахши ин хоҷагӣ занбӯриасалпарварӣ буд, дар деҳоти «Чилдара»-и деҳаи Паси оби талх хоҷагии давлатии занбӯриасалпарварӣ ташкил шуд. Ба хоҷагӣ мутахассиси варзида, шодравон Маҳмаднабӣ Талбиев сарвар таъин гардид.
Суҳбат бо собиқ сарвари ин хоҷагӣ Давлатбек Ёров хотирмон буд.
- Касби асосии ман муаллими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик аст, — гуфт дар оғози суҳбат ӯ. — Донишкадаи омӯзгориро хатм карда будам. Чанд сол ба бачаҳои деҳа сабақ гуфтам, аммо овони наврасӣ ба занбӯриасалпарварӣ меҳр доштам. Баъдтар дар курсҳои махсус таълим гирифтам. Соли 1991 маро роҳбари хоҷагӣ таъин карданд. Замоне хоҷагиро қабул кардам, ки дорои зиёда аз чор ҳазор оилаи занбӯри асал буд. Ҳар сол 40 — 50 тонна асали хушсифат истеҳсол мекардем ва даромади хуб ба даст меовардем. Охирҳои соли 1993 бо даъвати ташкилотҳои болоӣ ман барои кор ба Раёсати занбӯриасалпарварии ҷумҳурӣ рафтам. Хоҷагӣ то солҳои 1996 фаъолият дошт.
Баъди ба даст овардани истиқлолият бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилотҳои байналмилалӣ Ассотсиатсияи занбӯриасалпарварони ноҳияро таъсис додам. Он 12 занбӯриасалпарварро муттаҳид менамояд ва молики 400 оилаи занбӯри асал мебошад.
- Бо боварӣ гуфта метавонам, ки соҳаи занбӯриасалпарварӣ сол то сол дар ноҳия ва навоҳии ҳамсоя рушд меёбад. Ҳукумати кишвар занбӯриасалпарваронро ҳамеша дастгирӣ менамояд ва дар сурати зарурат аз лиҳози молиявӣ низ кумак мекунад, — иброз дошт Давлатбек Ёров.
Сол то сол бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва талошҳои роҳбарияти ноҳия шумораи оилаҳои занбӯри асал рӯ ба афзоиш аст. Соли сипаригардида 309 тонна асал истеҳсол шуд. Имсол, бо вуҷуди номусоид омадани мавсими баҳор, занбӯриасалпарварон ният доранд, ки истеҳсоли асалро ба 320 тонна расонанд. Моҳиятан ширинии асал ва файзу баракат ба ҳам тавъам буда, аз ҷониби дигар таҳрикбахши беҳбуд ёфтани зиндагии аҳолӣ аст.
Соли равон дар ноҳияи Сангвор шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 12 ҳазору 900 адад расид ва занбӯриасалпарварон нақша доранд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нишондодро боз ҳам афзун намоянд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»