Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идора, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 111 чорабинии назоратӣ гузаронида, 89 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 631,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин давра нисбат ба соли пеш 45 санҷиш кам гузаронида шудааст. Дар ин бора раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода 16 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда афзуд, ки аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 21,7 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ — 262,3 ҳазор, изофанависӣ дар таъмиру сохтмон — 14,4 миллион, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ — 1,1 миллион, талафи воситаҳои пулию молӣ — 3,4 миллион, маблағи камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо — 21,6 миллион, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷет — 26 миллион ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 595 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфти ӯ, оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, товони зарари молиявӣ ба маблағи 77,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла, ба буҷет 46 миллион сомонӣ ва ба корхонаҳо 31,2 миллион сомонӣ барқарор карда шуд, ки 86,8 дарсади маблағи умумии зарари молиявиро ташкил медиҳад.
Қарахон Чиллазода изҳор дошт, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо пешниҳод ирсол шуда, ба 173 нафар муҷозоти интизомӣ ва моддӣ татбиқ гардид.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»