Аз нишастҳои матбуотӣ

Мусодираи героин ва моддаҳои психотропӣ афзуд

№87 (4193) 18.07.2020

АКНДар нимсолаи аввали соли равон 80 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ошкор шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҷиноят ё 6,7 фоиз зиёд мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 16 июли соли равон директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода.

Ӯ афзуд, ки аз ин шумора 53 ҷиноят оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш, 1 ҷиноят вобаста ба фасодхонаҳо, 5 ҷиноят оид ба қочоқи маводи нашъадор ва ғайраро ташкил медиҳанд. Агарчӣ дар ин давра мусодираи маводи нашъаовар кам шуда бошад ҳам, мусодираи героин ва моддаҳои псхиотропии синтетикӣ, ки ба инсон зиёни бештар доранд, зиёд шудааст. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 1649 ҳаб ва 14,545 кг моддаҳои психтропии синтетикӣ дар намуди кристалл мусодира гардид, ки 8,8 кг ё 2,5 баробар назар ба соли гузашта зиёд мебошад.

Инчунин, фаъолияти 26 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 57 нафар, аз ҷумла, 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша дар ҳайати 7 нафар ошкор ва қатъ карда шуд. Дар доираи ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ бо мақомоти салоҳиятдори СММ ва ИМА ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи пешниҳоднамудаи Агентӣ таҳти унвони «Таъсиси Академияи омӯзишӣ, марҳилаи 2», аз ҷониби ИМА 813 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардидааст, ки ба баланд бардоштани малакаи касбии кормандон ва дигар мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»