Аз нишастҳои матбуотӣ

Лоиҳаи биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумат аз экспертизаи давлатӣ гузаштанд

№88 (4194) 21.07.2020

МеъмориЛоиҳаи биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз экспертизаи давлатӣ гузашта, хулосаи мусбат ба ҷониби Хитой пешниҳод шуд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода 17 июли соли равон иброз намуд, ки пудратчии генералии сохтмони бинои нави Парлумони Тоҷикистон — Корпоратсияи «Yanjian» ва пудратчии генералии сохтмони бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Корпоратсияи «JiandSu JiandDu construction» аз тариқи озмун интихоб шудаанд.

Кормандони корпоратсияҳои зикршуда бояд ба шаҳри Душанбе меомаданд, лекин аз сабаби хурӯҷи бемории коронавирус сафари онҳо ба таъхир афтод. Номбурда гуфт, ки сохтмони биноҳои муҳташам ба наздикӣ оғоз ёфта, се сол тӯл хоҳад кашид. Ҳар ду тарҳ дар асоси дастгирии  беғаразонаи молиявии Хитой бо маблағи 1,5 миллиард юани хитойӣ (тақрибан 220 миллион доллари амрикоӣ) амалӣ мешавад.

Зикр шуд, ки тайи 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 469 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Алҳол аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои  генералии  63 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, мавриди амал қарор доранд. Лоиҳаи нақшаи генералии маркази ноҳияи Фархор  барои  тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба  итмом расида, дар марҳилаи мувофиқа қарор дорад.

Ҳамчунин, 7 лоиҳаи хонаҳои истиқоматии ду ва сеошёнаи бо санъати меъмории миллӣ барои деҳот таҳия шуда, айни замон дар баррасии Раёсати экспертизаи давлатӣ қарор дорад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»