Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ

Ҳазорат офарин мардона рафтӣ

№91 (4196) 28.07.2020

Яке аз гӯшаҳои сабзу дилфиреби диёрамон шаҳри Хуҷанд мебошад. Шаҳре, ки «Тирози ҷаҳон» мегӯянд.

КамолТибқи ривоятҳо онро Кайхусрав бино кардаву Дороб обод гардондааст. Фарзандони фарзонаи он на танҳо дар зодгоҳ, балки дар ақсои олам шуҳрат доранд. Ҳар куҷое рафтаанд, чароғи илму маърифатро афрӯхтаанд. Ин ҷо танҳо аз хуҷандиёне ёдрас шудан кофист, ки дар асрҳои 5, 6 ва 7 ҳиҷрии қамарӣ дар Исфаҳон зистаанд ва бо номи Оли Хуҷанд машҳуранд. Ин хонадони машҳур дар эъмори масҷиди ҷомеи Исфаҳон, манораи чиҳил духтарон, масҷид ва манораи Ғор, манораи Син ва амсоли инҳо саҳм гузоштаанд. Алҳол ба ифтихори ин хонадони маъруф дар Исфаҳон хиёбоне бо исми «Оли Хуҷанд» вуҷуд дорад.

Асириддини Ахсикатӣ Хуҷандро чунин тавсифу тамҷид мекунад:

Зиҳӣ ба ҷони ту ҷовид зинда номи Хуҷанд,

Чи соябахш ҳумое зи ошёни Хуҷанд.

Хуҷандро маталаб дар саводи ҳафт иқлим,

Ки бартар аст зи ҳафт осмон макони Хуҷанд.

Яке аз фарзандони номвар ва машҳури «Тирози ҷаҳон» Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ мебошад, ки дар шеъру шоирӣ фахри офоқ аст.

Камоли Хуҷандӣ барои зиндагӣ ва кору эҷод Табрезро интихоб мекунад. Ин интихоби ӯ ду сабаб дошт. Аввалин, ки дар он замон Табрез маркази илму ирфон буд. Дувум, боду ҳавои хуши Табрез ӯро ба худ ҷалб сохт.

Шахсияти рӯҳонии Камол чунон барҷаста буд, ки ҳатто ҳокимони замонро зери таъсир гузошт. Соҳиби «Равазот-ул-ҷинон» дар равзаи панҷум менависад: «Сит (шуҳрат) ва камоли вай аз Қоф то Қофи оламро фаро гирифта, агарчӣ баъзе вайро аз зумраи шуаро донанд, фааммо камолу бузургӣ ва ягонагии вай зиёда аз тариқи шеъру шоирӣ аст». Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» дар нисбат ба шахсияти Камол ба чунин хулоса мерасад: «Иштиғоли вай ба шеър ва такаллуф дар он сатри ҳол ва талбисро буда бошад, балки мешояд, ки барои он буда бошад, ки зоҳир мағлуби ботин нашавад ва аз риояти сурати убудият боз намонад».

Камоли Хуҷандӣ шахсияти бузург ва таъсиргузор буд. Султони вақт Ҳусайн бини Султон Увайси Ҷалоирӣ ба шоир таваҷҷуҳи хос дошт. Ӯ дар Валиёнкӯҳ боғе бунёд намуд ва ҳамон ҷо хонақоҳ сохта, ба вай бахшид. Боғ бо номи «Боғи Камол» машҳур аст. Он дар соҳили ҷанубии Меҳронрӯд ва дар ҷониби ғарбии пули Валиёнкӯҳ қарор дорад.

Валиёнкӯҳ, ки онро Валиёнкӯй ва ҳоло табрезиҳо Белонкӯ мегӯянд, макони хушбоду ҳаво ва ҷойгоҳи валиёну орифону олимону шоирон будааст. Дар бораи Валиёнкӯҳ номгузорӣ шудани ин мавзеъ Муҳаммадкозим бинни Муҳаммади Табрезӣ дар китоби «Манзар-ул-авлиё» менависад: «Ваҷҳи тасмияашро чанд чиз навиштаанд, аммо он ки саҳеҳ ба назар меояд, он аст, ки дар кӯҳ валии бисёр дафн шуда, лиҳозо ба ин исм шуҳрат ёфта».

Камоли Хуҷандӣ ҳам, ки ба Валиёнкӯҳ ишқу алоқаи хос доштааст, онро борҳо сутудааст:

Зоҳидо, биҳишт ҷӯ, ки Камол,

Валиёнкӯҳ хоҳаду Табрез.

Аз биҳишти Худои азза ва ҷал

То ба Табрез ним фарсанг аст.

Дар сари қабри Камол байти зерин сабт аст:

Камол аз Каъба рафтӣ бар дари ёр,

Ҳазорат офарин мардона рафтӣ.

Соҳиби «Равазот-ул-ҷинон» менависад: «Шайх дар Валиёнкӯҳ хилват карда буд. Муриде ҳар шаб ба вай об мебурд. Як шаб об бурда дид, ки Шайх ба-дин шеър мутаранним аст:

Бо субҳ бигӯед, ки бевақт мазан дам,

Имшаб шаби васл аст нигаҳ дор нафасро.

Чун дид Камол он сари кӯ тарки ватан кард,

Булбул чу чаман дид раҳо кард қафасро.

Чун сабоҳ берун наёмада, суроғаш рафтанд ва диданд, хиште зери сар ниҳода ва рӯй ба қибла оварда, аз марҷаи хок ба олами пок интиқол намудаанд».

Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ дар марги Камол сурудааст:

Орифи ҳақшинос Шайх Камол,

Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигрифт.

То сухан аз даҳан бурун афтод,

Кас сухан мисли он бузург нагуфт.

Ҳаштсаду сӣ гузашт, к-он хуршед,

Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб нуҳуфт.

 

ВОРИС, «Садои мардум»