Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва соҳибкорони маҳаллӣ дар маҳаллаи Ғайрати шаҳр барои занону мардони корҷӯ макони махсуси болопӯшидаи баҳамоӣ бунёд гардид, ки 0,04 гектар масоҳат дошта, барои 150 нафар пешбинӣ шудааст.
Он имкон медиҳад, ки корҷӯён аз нурҳои сӯзони офтоб ва барфу борон эмин бошанд.
Бояд гуфт, ки чанд сол боз корҷӯён дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар, канори роҳ барои пайдо кардани кори ҳаррӯза ҷамъ меомаданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»