Аз нишастҳои матбуотӣ

Содирот дар қиёс ба воридот афзуд

№95 (4201) 08.08.2020

hurshed30 июли соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Бино ба гуфти сардори он Хуршед Каримзода, дар шаш моҳи соли равон гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ ба 2144,9 млн. доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,9 млн. доллар ё 2,4 фоиз зиёд мебошад.

Аз ин нишондиҳанда 1 504,2 млн. доллар воридот ва 640,7 млн. доллар содирот маҳсуб шуда, мутаносибан воридот 51,5 млн. доллари ИМА ва содирот 102,6 млн. доллари ИМА афзуд.

Дар давраи мавриди назар аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 106 мамлакати ҷаҳон амалиёти содиротию воридотӣ ба анҷом расид.

Маълум гардид, ки дар таркиби содироти молҳои ватанӣ маъдан ва консентратҳо 14,1 фоиз, алюминий — 12,1, нахи пахта — 7,2, тилло — 4,7, семент — 4,3, рес­мони пахтагӣ — 2,5, сурма — 2,1, меваю сабзавот — 2,  шарбат ва шираи растанӣ — 0,5 ва маҳсулоти тамоку 0,3 фоизро ташкил медиҳад.

Хуршед Каримзода аз он қаноатманд аст, ки содироти меваю сабзавот нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 24 219 тонна зиёд гардида, ба вусъат ёфтани боғу токпарварӣ ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ рабт дорад.

Дар маҷмӯъ, содирот 21,3 фоиз ба кишварҳои хориҷи наз­дик ва 78,7 фоиз ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Дар ин давра нисбат ба нимсолаи якуми соли 2019 содироти мол ба Ӯзбекистон — 55,2 млн. доллари ИМА, Хитой — 10,5 млн., Эрон — 7,3 млн. ва Қазоқистон 6,6 млн. доллари ИМА коҳиш ёфта, бо Туркия — 33,9 млн. доллари ИМА, Афғонистон — 11,8 млн., Белгия — 5,3 млн. ва Италия — 1,8 млн. доллари ИМА афзуд. Зикр шуд, ки тамоюли коҳишёбиро касб намудани содирот ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба кам содир шудани маъдан ва консентрат вобаста аст.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»