Мақому манзалати зани тоҷик дар даврони Истиқлолият

№107 (4213) 03.09.2020

№106 3-4Алҳол тамоми занону духтарони тоҷик шукр аз он мекунанд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуву омол расидаанд ва хушбахт аз онанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ба сар мебаранд ва соҳиби Ватан бо тамоми урфу анъанаҳои миллии аҷдодӣ ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқ гузошта, ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ занони тоҷик тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ метавонанд рисолати роҳбариро низ сарбаландона иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фит­рии зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд.

Дар ҷараёни мулоқотҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат пайваста аз ҳадаф ва дурнамои сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ёдовар шуда, қайд менамоянд, ки баланд бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеаи озоду соҳибистиқлоли кишвар яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бонувони соҳибҳунар, ташаббускор, забондону меҳнатдӯст ва занону духтарони замони соҳибистиқлолӣ бо соҳибмаърифатӣ, фидокориву ҷасорат, ақлу заковат, донишҳои мукаммалу ихтисосҳои талаботи замон дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми беназир доранд. Саҳми онҳо бахусус дар тарбияи насли солиму донишманд хеле бузург буда, аз нисф зиёди мутахассисони соҳаҳои маорифу тандурустиро занони соҳибмаълумоту бофарҳанг ташкил медиҳанд.

Таҳлили фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни идоракунӣ нишон медиҳад, ки раванди рушди демократикунонии ҷомеа бечунучаро тақозо менамояд, ки чӣ дар идоракунӣ ва чӣ дар масъалаҳои дигар набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсият гардад.

Маълум аст, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, аз солҳои аввали истиқлол масъалаи беҳгардонии шароити онҳо ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт.

Мавқеи занон дар ҷомеа яке аз масъ­алаҳои мубрами ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шаклҳои мухталифи сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хос ба назар гирифта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагӣ ва фаъолияти онҳо дар ҳама самт талош меварзад. Бояд қайд кард, ки солҳои соҳибистиқлолӣ мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ, кори зиёдеро дар ин самт ба сомон расонид.

Соли 1999 яке иқдомҳои наҷиб баҳри занон ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки ҳамчун санади тақдирсоз дар таърихи навини соҳибистиқлоли миллат сабт гашт. Илова бар ин, то ҳол барои дастгирии занону духтарон зиёда аз 20 санади муҳими дигар ба тасвиб расид, ки аз ҷумлаи онҳо метавон қонун ва қарору барномаҳои зеринро зикр намуд:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз 2 августи соли 2011;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори хукуқӣ дар ҷумҳурӣ (аз 22 августи соли 1997 таҳти №383);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Танзими оила ва ҳукуқ» (аз 2 декабри соли 1999 таҳти №483);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (аз 8 августи соли 2001 таҳти №391);

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи иловаи боби алоҳида ба Барномаи «Дастрасии занони деҳот ба замин» (аз 30 апрели соли 2004 таҳти №196),

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005» (аз 4 феврали соли 2002 таҳти № 29);

- Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015» ва «Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014»;

- Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 — 2016»;

- Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 269 аз 29 майи соли 2010 ва ғайра.

Маврид ба зикр аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» заминаи ҳуқуқиро баҳри қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дигар фароҳам овард. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 авгус­ти соли 2015 Нақшаи амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тасдиқ гардид. Соли 2015 Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли оила», Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 таҳти № 801 таҳия гашта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Дар ин масир даҳҳо дигар фармоишу қарорҳо, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ — Конвенсия «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро ба тасвиб расонд.

Пешвои миллат ҳамеша занҳоро неруи созандаи ҷомеа дониста, қариб дар ҳамаи суханронӣ ҳатман эътимоду бовариро нисбат ба онҳо баён мекунад ва барои ҳалли масъалаҳои гуногун ҷиҳати болоравии мақоми зан дар ҷомеа талош меварзад. Аз ҷумла, 7 марти соли 2017 дар вохӯрӣ ба ифтихори Рӯзи Модар қайд намудаанд: «Баланд бардоштани сатҳи маълумоту маърифат дар миёни занону духтарон шарти муҳимтарини беҳтар гардидани дараҷаи зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли масъалаи шуғл ва рафъи бекорӣ мебошад».

Воқеан дуруст аст, давлате, ки занонаш бомаърифату таҳсилдидаанд, метавонад ҷомеаи он пешрафтаву муваффақ бошад. Нақши модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Ин аст, ки ҳанӯз дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат ғамхории зиёд барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ба мактабҳои миёна ва олии касбии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Маҳз барои аз кӯҳистони дурдасти кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷалб намудани духтарон дар соли 1997 бо дастгирии роҳбарияти давлат Квотаи президентӣ таъсис ёфт, ки ин ҳам як амали ояндасоз ҷиҳати болобарии мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Ба шарофати ин ғамхориҳо нисбат ба занону духтарони тоҷик сафи занони фаъолу бофарҳанг дар кишвар рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст, ки онҳо низ дар баробари мардон барои рушди Ватан заҳмат мекашанд.

Занону духтарон дар ҷомеа нақши фаъол дошта, дар ҳама соҳа, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳоло шумораи онҳо дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 67, фарҳанг — 51 ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки масъалаҳои марбут ба занон ва ҳаллу фасли онҳо ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дорад ва иқдомҳояшон собит месозанд, ки зан-модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медоранду ҳурмату эҳтироми онҳоро ба ҷо меоранд. Дар ҳақиқат, зан-модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад.

Аммо бояд онро дарк кунем, ки нисбат ба мардон дида ба зани тоҷик барои ба пеш ҳаракат намудан мушкилтар аст, чунки ӯ ҳамеша оиларо дар ҷойи аввал мегузорад. Зеро ҳамеша ба масъалаҳои интихоби оила ё фаъолияти хизматӣ, интихоби фарзандон ва ҳамсар, фаъолият ё ҳамсар рӯ ба рӯ мешаванд. Дар тамаддуни миллати тоҷик зан бояд порсо ва баимону итоаткор, саробони аҳли байту сомондиҳандаи рӯзгор ва зинати мард бошаду ҳам комгор. Рисолати азалии зан нигаҳдории меҳру вафо дар оила, тарбияи фарзандон ва модари меҳрубону содиқ будан аст. Тамоми баду неки рӯзгор, низому сомони хонадорӣ, лутфу меҳрубонӣ, назокату латофат, сабру таҳаммул ва ботадбирӣ дар канори марди хонадон аз ақлу заковат ва хулқу атвори хуши зан вобастагӣ дорад. Бинобар ин, барои дар ҷомеа ба муваффақият ноил шудан зан ҳамеша бояд дар ҳаёт чун мард дар мубориза бошаду боз ҳам зан бимонад, агарчӣ ин барои ӯ кори осон нест.

Дар ҳақиқат, занон на танҳо офаридгори ҳаёту идомабахши наслҳои оянда, балки офарандаи неъматҳои моддӣ, тарбиятгари насли наврас, табобатгари дардҳои инсонӣ, таҳқиқгару кошифи илмҳои табиию башарӣ, инчунин машъалафрӯзи роҳи ояндаи инкишофи ҷомеаи кишвар, умуман пешбарандаи ҳама ҷанбаи ҳаёт ҳастанд. Занон-модарон бо тамоми ҳастӣ мекӯшанд ҳаётро шукӯҳу азамати хоса бубахшанд.

Алҳол ҳар як зани тоҷик хушбахт аз он аст, ки маҳз бо шарофати дастгириҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир дар рушди кишвар, ба зиндагии осуда, сарҷамъии мардум, давлати пирии калонсолон, хушбахтии ҷавонон ва хандаи кӯдакон расидаанд. Воқеан, ҳама он дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати фарзанди фарзонаи миллат — Пешвои миллат аст. Зеро тавонист миллат ва Тоҷикистонро бо таърихи бою ғанӣ, анъанаи меҳмондӯстӣ ва талоши сулҳпарварӣ аз он роҳи пурпечутобу пурмонеаи солҳои 90-уми қарни гузашта барорад, то ки мардум дар роҳи рости рушд сӯйи созандагӣ, бунёдкорӣ ва дурахшонӣ устуворона қадам гузорад.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари ҳама комёбӣ, ҳоло ҳам баъзе аз норасоиҳо дар самти болоравии нақши занон дар ҷомеа ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, дар таърихи дипломатияи тоҷик таҷрибаи ҳамчун сафир ё консули генералӣ таъин шудан аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд то ҳол ҳам дида намешавад. Умед дорем, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ин масъаларо ҳаллу фасл менамояд, зеро сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти болоравии мақоми зан дар ҷомеа солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои ҷалби занон баҳри амалисозии сиёсати дохилию байналмилалӣ заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва моддию маънавиро фароҳам сохтааст.

Фарзона ХУДОЙДОДОВА,

муовини сардори Раёсати  таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон