Қонун ва иҷрои он

Қонуншиканиҳои марбут ба замин. Чаро тавозуни масъулият вуҷуд надорад?

№107 (4213) 03.09.2020

помощь фермерамДар замони соҳибистиқлолии мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин ибтикороти гуногун амалӣ шуданд, ки ҳадаф аз онҳо дастрас гардидани замин ба соҳиби аслии он аст. Бо ин мақсад бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ дар ду марҳила 75000 гектар замин ба сокинони деҳот тақсим карда шуд. Илова бар ин, бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, дар деҳот зиёда аз 190 ҳазор гектар замини корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуд, ки аз он 134 ҳазор гектар барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва 10 ҳазор гектар барои ­бунёди корхонаҳои саноативу муассисаҳои иҷтимоӣ ҷудо гардид.

Тибқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Дар заминаи ин муқаррарот ва таъмини кафолати истифодаи самараноки замин ба манфиати халқ аз ҷониби давлат, барои худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмон дар он, ҳамчунин, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Боби 31-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳо ба муқобили тартиботи идоракунӣ, моддаҳои 338 ва 3381 ҷавобгарии ҷиноятиро мувофиқан барои худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он, инчунин, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, муқаррар намудааст. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) то 25 марти соли 2011 танҳо худсарона ишғол намудани қитъаи замин ҷиноят эътироф мешуд. Баъдан, 25 марти соли 2011, тағйиру иловаҳо ба Кодекс ворид ва қисмҳои 2, 3-и моддаҳои 338 ва 3381 илова карда шуд, ки тибқи он мувофиқан сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолгардида, инчунин, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, ҷиноят эътироф ва барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид.

Мутаассифона, аксар маврид талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Кодекси замин, дар робита ба масъалаи мавриди назар сарфи назар мешавад. Далели ин гуфта тамоюли афзоишро касб намудани қонуншиканиҳои марбут ба замин аст.

Чанде пеш, дар нишасти матбуотӣ прокурори генералии кишвар Юсуф Раҳмон гуфт, ки кормандони мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 3399 санҷиш гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 16632 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва аз натиҷаи баррасии онҳо 23950 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ кашида, 1692 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.

Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар ин самт 2219 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 3248 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 513 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 6286,2 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш бо ибтикори Пешвои миллат дар Прокуратураи генералӣ зерниҳоди алоҳида, ки фаъолияташ бевосита ба ин самт нигаронида шудааст, таъсис ёфта буд.

Татбиқ гардидани 16632 санади эътиноии прокурорӣ далели возеҳи он аст, ки масъулин ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода аз сатҳу сифати ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ изҳори қаноатмандӣ карда, тақвияти ин равандро таҳрикбахши ифшои камбудиҳо номид. Аз як тараф, зиёд гардидани санадҳои эътиноии прокурорӣ аз мавҷудияти камбудиҳо шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар, ин нишондиҳандаро метавон далели пурмаҳсул будани фаъолияти муштараки ду ниҳод арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи Ориф Хоҷазода, дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҷониби кормандони кумита ва мақомоти он дар маҳал 6697 қонунвайронкунии марбут ба замин ошкор ва барои бартараф намудани онҳо 6611 дастур дода шудааст. Нисбат ба 6156 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, гунаҳкорон 2 940 763 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Эътироф бояд кард, ки аксарияти шаҳрвандон оид ба муқаррароти қонунгузории замин маълумот надоранд ва маҳз ҳамин омил боиси афзудани қонуншиканӣ дар ин самт гардидааст. Барои мисол, дар моддаи 3 Кодекси замин муқаррар шудааст, ки «тамоми заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди ягонаи давлатии заминро ташкил медиҳанд». Дар навбати худ, онҳо ба замини таъиноти кишоварзӣ, маҳалҳои аҳолинишин, фонди давлатии ҷангал, фонди давлатии об, захираи давлатӣ раддабандӣ шудаанд.

Далелҳо баёнгари онанд, ки бештари камбудиҳо асосан дар самти истифодаи замин ба чашм мерасанд. Тамоюли афзоишро касб намудани ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон муқаррароти моддаи 10 Кодекси заминро сарфи назар мекунанд.

Тибқи талаботи ин модда дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон заминис­тифодабарандагон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. Қонунгузор муқаррар кардааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд заминистифодабарандагони якумдараҷа ва дуюмдараҷа бошанд. Агар ин гурӯҳбандиро мухтасар шарҳ диҳем, бояд гуфт, ки заминистифодабарандагони якумдараҷа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок ва ё якумраи меросии заминро доранд.

Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки қитъаҳои заминро дар асоси шартномаи иҷора ва ё созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ истифода мебаранд. Бояд дар мадди назар дошт, ки шахси воқеие, ки якҷо бо дигар шахсони воқеӣ ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро дорад, пас аз татбиқи ҳуқуқи худ ба ҷудо намудани қитъаи замин, тибқи саҳми замини худ дар маҳал, ҳуқуқи истифодабарандаи заминро соҳиб мешавад.

Дар моддаи 172 Кодекси замин муқаррар шудааст, ки бегона намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замине, ки дар мамнӯъгоҳҳои табиӣ, боғҳои миллӣ, бино, иморат ва иншооте, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ истифода мешаванд, муассисаҳои давлатӣ, агар дар ҳудудашон объектҳои об ҷойгир шуда бошанд, объектҳои таърихию фарҳангӣ, фурудгоҳҳо, имконнопазир аст. Бегона намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини ҳудуди назди соҳил, ки тибқи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, инчунин, қитъаҳои замине, ки дар онҳо ҳавз ва кӯлҳо дар ҳудуди мавзеи истифодаи умумӣ ҷойгир шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии мамлакат Ориф Хоҷазода эътироф кард, ки эъмори манзили истиқоматӣ дар чунин минтақаҳо ҷой дорад ва дар робита ба ин аз ҷониби сохторҳои дахлдор, хоса, мақомоти прокуратура, мунтазам чораандешӣ мешавад.

- Вале барои рух додани чунин камбудӣ гунаҳкор донистани кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мантиқан нодуруст аст. Зеро, дар баробари кормандони мо масъулини дигар мақомот ва саҳмдорони хоҷагиҳо барои қонунӣ будани ҳуҷҷати пешниҳодшаванда масъулият доранд. Мутаассифона, зиёданд ҳолатҳое, ки ба чунин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби идораҳои масъул ва маҷлиси саҳомон хулосаи мусбат дода шудааст ва дар такя ба онҳо мутахассисони Кумита онро дастгирӣ намудаанд. Аммо дар сурати ошкор шудани норасоиҳо ва татбиқ гардидани санади эътиноии прокурорӣ аксар маврид борони маломат ба сари кормандони мо мерезаду танҳо онҳоро муҷрим медонанд, — гуфт ҳамсуҳбатам.

Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки масъулини идораҳое, ки хулосаи онҳо дар шаклгирӣ ва қабули ҳуҷҷатҳои вобаста ба замин лозиманд, баъзан ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки «зери коса нимкоса аст». Дар натиҷа, дар асоси санади эътиноии прокурорӣ бекоршавии қарорҳо оид ба ҷудо намудани ­қитъаи замин тамоюли афзоишро касб намудааст, ки аз он шаҳрвандони одӣ зарари моддӣ ва равонӣ мебинанд. Албатта, мушкили мазкур ҳалшаванда аст, ба шарте ки тавозуни масъулият риоя шавад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»