Дар ноҳияи Муъминобод 5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Яке аз онҳо хоҷагии «Ёраҳмад», воқеъ дар деҳаи Сармайдон аст, ки бист сол боз ба он Каримхон Ёраҳмадов сарварӣ мекунад. Ӯ ба шарофати меҳнати ҳалол аз 51 гектар замин ҳосили фаровон ба даст меораду боғи якгектарааш аз дарахтони нок, себ, зардолу ва гелос таркиб ёфтааст. Дар паҳлуи боғ киштаҳои пиёз, помидор, қаламфурро дида ҳаваси кас меояд. Ҷамъоварии онҳо ба наздикӣ сар мешавад. Поёнтар гандуму ҷав, маҳсар ва юнучқазор доман паҳн кардаанд. Чанде пеш ҳосили ғалларо ғундошта, коҳашро захира кард. Дарави дуюми юнучқаро низ оғоз бахшид. Дар фермаи хоҷагӣ 72 сар чорвои калон ва 300 сар бузу гӯсфанд парвариш меёбад.
Аҳли хонавода якҷоя заҳмат мекашанд. Маҳз самари меҳнати ҳалолу бобаракат аст, ки соҳиби даҳ номгӯй техникаи кишоварзӣ ва ду мошини сабукрав гардидаанд. Аз меваю сабзавот ба оилаҳои камбизоат инъом мекунад.
Каримхон дар мавзеи Дошманд боз 3 гектар боғи нав бунёд карда истодааст. Оянда дар 50 садяки он ниҳоли писта ва дар ҳамин қадар замин бодом шинониданист. Дар поёнтари ҳавлиаш заҳбурест, ки 500 метр дарозӣ ва 12 метр паҳноӣ дорад. Ният дорад, ки дар он парвариши моҳиро ба роҳ монад.
Суҳбат бо ин марди меҳнатқарин оид ба обу замин то дер давом кард. «Агар ҳар як заминдор аз сидқи дил, босамар меҳнат кунаду ҳосили фаровон гирад, кишвар ободу зеботар мешавад», - мегӯяд Каримхон. — Аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии кишоварзон сипосгузорем. Он кас абармарди назаркардаанд. Ҷумҳуриро ба ҷаҳониён шиносониданд. Хоксору заҳматкашонро қадр мекунанд. Боварӣ дорам, ки бо ин Сарвари дурандеш Тоҷикистон боз ҳам зебо ва обод хоҳад гашт, — хулоса кард Каримхон Ёраҳмадов.
Нурулло ҲАСАНОВ,
ноҳияи Муъминобод