Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Дархост аз роҳбарияти Суди олӣ»

№108 (4214) 05.09.2020

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии  воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009 таҳти №622, номаи шаҳрванд Умаралӣ Саидов, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» (14 июли соли 2020, № 85 (4191)) таҳти сарлавҳаи «Дархост аз роҳбарияти Суди Олӣ» ба нашр расидааст, дар Суди Олӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Тавре муайян  гардид, бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ, аз 23 сентябри соли 2019, аризаи Саидов Умаралӣ Раҷабович,  вобаста ба ҳолатҳои нави ошкоргардида, бекор намудани ҳалномаи суд қонеъ гардонида шудааст. Ҳалномаи Суди шаҳри Душанбе аз 11 декабри соли 2017 оид ба парвандаи гражданӣ бо даъвои Саидов Умаралӣ Раҷабович нисбат ба Расулова Наватой Мирзоалиевна, Саидова Дилором Имомалиевна ва дигарон дар бораи аз манзили истиқоматӣ кӯчонидан бе додани манзили истиқоматии дигар, аризаи даъвогии иловагии У. Р. Саидов ба ҷавобгарии Н. Расулова  ва Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Шоҳмансур оид ба муқаррар намудани тарафайн дар шартномаи хариду фурӯш, ҷараёни баста шудани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ, эътироф кардани ҷараёни барасмиятдарории ваколатнома аз 22 декабри соли 1992 басташуда эътироф намудани шартномаи хариду фурӯш байни А. И. Кузнетсов ва У. Р. Саидов ва эътирофи ҳуқуқи моликият, даъвои муқобили даъвои Саидова Дилором Имомалиевна, Саидова Дилноза Имомалиевна ва ноболиғ Саидов Ҳоҷиакбар Имомалиевич дар намояндагии Н. Расулова ба ҷавобгарии У. Р. Саидов, Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар бораи дароз намудани муҳлати қабули мерос, муқаррар намудани воқеияти қабул  намудани мерос ва тақсими мерос, даъвои иловагии муқобили даъвои Дилором Саидова, Дилноза Саидова, Диловар Саидов, ноболиғ Ҳоҷиакбар Саидов ва Н. Расулова нисбат ба У. Р. Саидов, Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар бораи беэътибор донистани қайд дар феҳраст ва аризаи Н. Расулова, Дилором Саидова, Дилноза Саидова, Диловар Саидов ва ноболиғ Ҳ. Саидов дар бораи татбиқи муҳлати даъво, бекор карда, парвандаи мазкур барои аз нав баррасӣ  намудан ба Суди шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Вобаста ба дархости муаллиф, нома дар хусуси он ки парвандаи зикргардида барои ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ намудан  ба Суди Олӣ гирифта шавад, қайд менамоем, ки мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 29 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ дар сурати ду маротиба бекор карда шудани  ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, онро ба истеҳсолот қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд.

Бо дарназардошти он ки ҳалномаи Суди шаҳри Душанбе бо парвандаи номбаршуда як маротиба аз ҷониби Суди Олӣ бекор гардидааст, парвандаи гражданӣ аз рӯи аризаҳои даъвогии Саидов Умаралӣ Раҷабович ва дигарон барои баррасии нави судӣ ба Суди шаҳри Душанбе супорида шудааст ва он аз моҳи октябри соли 2019 дар Суди шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад.

Аз ин лиҳоз, ба муаллифи нома Саидов Умаралӣ Раҷабович фаҳмонида шуд, ки метавонад дар маҷлиси судии Суди шаҳри Душанбе иштирок намуда, ваҷҳу далелҳоро доир ба баҳси бамиён­омада пешниҳод намояд.

Бо эҳтиром, А. Исҳоқӣ,

муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон