27 феврали соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 34 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 33 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Ҳоло дар толор 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.
Дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем.
Лоиҳаи қарор оиди ин масъала манзури шумо гардидааст, ки тибқи он
раиси Котибот:
Абдуллоев Иброҳим Ғоибназарович
аъзои Котибот:
Кенжекулова Ҷамила Сатибалдиевна
Тавакалов Абдуҷон Шарифович пешниҳод шудаанд.
Нисбати лоиҳаи қарор чӣ гуна таклиф доред? Тибқи пешниҳодатон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Аз ҳайати Котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем, ҷойҳои худро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул шуд:
1. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳмон Қодирӣ»
2. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шодихон Ҷамшед»
3. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ интихоб намудани Раҳимов Ф.Қ.»
4. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Гулмаҳмадов Д.Қ.»
5. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб намудани Амирзода Р.А.»
6. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб намудани Табарзода Б.М.»
7. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни-парламентӣ интихоб намудани Қаландарбеков И.»
8. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни-парламентӣ интихоб намудани Абдураҳмонзода С.С.»
9. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Сабзов У.Р.»
10. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Сафаров Х.А.»
11. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Худоёров Х.З.»
12. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Латипов Р.Б.»
13. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа интихоб намудани Раҳмонов А.А.»
14. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб намудани Амирзода Р.А.»
15. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб намудани Қаландарбеков И.»
16. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб намудани Сабзов У.Р.»
17. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
18. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»
27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»
28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»
29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок»
30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният»
32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»
33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
34. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
35. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Саидов М.М.»
36. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Тавре огоҳӣ доред, 15 феврали соли ҷорӣ интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, Худоёров Худоёр Завқибекович, Шодихон Ҷамшед, Абдураҳмон Қодирӣ, Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич, Раҳмонов Абдулғафор Азизович, Раҳимов Фарҳод Қодирович, Сафаров Хайрулло Амиралиевич ва Табарзода Бобоалӣ Муродалӣ аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб гардида, ваколаташон тасдиқ карда шудааст. Ҳамзамон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №156 аз 21 феврали соли 2014 Амирзода Раҳмоналӣ Амир узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳоло бо иҷозати шумо онҳоро аз номи шумо ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, дар зиндагӣ ва фаъолияти хизматиашон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи қисми 2 моддаи 24, моддаҳои 26 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моро зарур аст, ки ба ивази аъзои хориҷшудаи Маҷлиси миллӣ муовини якум, муовини Раиси Маҷлиси миллӣ, раисон ва аъзои кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои Комиссияи Маҷлиси миллӣ оид ба назорати Дастурро интихоб намоем.
Бинобар ин, ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳмон Қодирӣ» шурӯъ менамоем.
Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳмон Қодирӣ»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шодихон Ҷамшед» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шодихон Ҷамшед»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ интихоб намудани Раҳимов Ф.Қ.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ интихоб намудани Раҳимов Фарҳод Қодирович»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома -Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Гулмаҳмадов Д.Қ.» мегузарем.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб намудани Амирзода Р.А.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб намудани Амирзода Раҳмоналӣ Амир» -ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб намудани Табарзода Б.М.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб намудани Табарзода Бобоалӣ Муродалӣ»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ интихоб намудани Қаландарбеков И.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ интихоб намудани Қаландарбеков Имомёрбек»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ интихоб намудани Абдураҳмонзода С.С.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ интихоб намудани Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Сабзов У.Р.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Сабзов Усмон Раҳмонович»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Сафаров Х.А.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Сафаров Хайрулло Амиралиевич»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Худоёров Х.З.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Худоёров Худоёр Завқибекович»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Латипов Р.Б.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Латипов Рустам Баротович»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа интихоб намудани Раҳмонов А.А.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа интихоб намудани Раҳмонов Абдулғафор Азизович»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб намудани Амирзода Р.А.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб намудани Амирзода Раҳмоналӣ Амир»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб намудани Қаландарбеков И.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб намудани Қаландарбеков Имомёрбек»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб намудани Сабзов У.Р.» мебошад.
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб намудани Сабзов Усмон Раҳмонович»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ҳозирини гиромӣ! Иҷозат фармоед, аъзои интихобгардидаи Маҷлиси миллиро ба ҳайси муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ, раисон ва узви кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои Комиссия оид ба назорати Дастур табрик намоям.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.
Худоёрзода Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуд.
Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 феврали соли 2014 бо мақсади аз байн бурдани маҳдудият дар самти таъини кадрҳо ба мансабҳои прокурорӣ аз сатҳи шаҳру ноҳия то вилоят қабул намудааст.
Бо ин мақсад қисми шашуми моддаи 53 қонуни конститутсионии мазкур такмил дода шуда, мувофиқи он ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва нақлиёти Тоҷикистон шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 30 кам набошад ва дар мақомоти прокуратура камаш 10 сол собиқаи корӣ дошта бошанд, ки аз он 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура ва ё дар вазифаҳои мақомоти олии қонунгузорӣ ё иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ кор карда бошанд, яъне доираи шахсони ба ин вазифаҳо таъиншаванда васеъ карда мешавад.
Қонуни конститутсионӣ ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба Қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам.
Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:-Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакили Маҷлиси намояндагон М. Ватанов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 феврали соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ иборат мебошад.
Қисмати зиёди тағйироте, ки ба қонуни конститутсионии мазкур ворид карда мешавад, хусусияти таҳрирӣ, техникӣ ва муайянкунанда дошта, калимаву ибораҳои гуногунро бо истилоҳоти ягонаи ҳуқуқӣ иваз менамояд.
Ҳамзамон, қонуни конститутсионии пешниҳодгардида расмиёти таъсис ва ташкили кори участкаҳои интихоботиро дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар воқеанд, ба таври мушаххас муайян кардааст.
Зимнан, қонуни конститутсионии мазкур дар самти таъмини гарави интихоботӣ ба номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабукиро пешбинӣ менамояд. Минбаъд, мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 321 қонуни конститутсионӣ ворид карда мешавад, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ 100 (амалкунанда-200) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупорад.
Мувофиқи моддаи 36 қонуни конститутсионии амалкунанда, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон метавонист ҳар вақт то интихобот ариза дода, номзадии худро пас гирад. Бо мақсади эътинои саривақтӣ ва дар ин замина дуруст ба роҳ монда шудани раванди ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои дахлдори интихобот муҳлати ниҳоии пешниҳоди ариза барои пас гирифтани номзадӣ ба таври мушаххас муайян гардида, минбаъд номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон дар муҳлати на дертар аз 7 рӯз то рӯзи интихобот метавонад номзадиашро пас гирад.
Инчунин зиёд намудани вақти баромад дар радио ва телевизиони давлатӣ низ пешниҳод карда шудааст (барои ҳар як номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи якмандата барои баромад аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ ба ҷойи 15 дақиқа -20 дақиқа ва барои ҳар як ҳизби сиёсӣ ба ҷойи 30 дақиқа -40 дақиқа вақти эфир).
Қонуни конститутсионӣ ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабри соли 2013 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Нақшаи татбиқи «Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ иборат мебошад.
Як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ таҷдиди назар гардидаанд, ки мувофиқи он барои истифодаи меҳнати ғуломона, ғайриқонунӣ тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ, тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон, истифодаи ноболиғ бо мақсади истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ, инчунин ташкили ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ ё истифодаи ғайриқонунии ҳуҷҷатҳо барои ташкили шахси ҳуқуқӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда вобаста ба характери ба ҷамъият хавфнокии кирдор муқаррар карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон, ҳамчунин техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷ-лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон М.Ватанов, Н.Маҳмудов ва С.Гиёев пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ноябри соли 2013 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи техникаи қонунгузорӣ, инчунин амалӣ намудани муқаррароти Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Бо ин мақсад меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ такмил дода, ба як қатор моддаҳои дахлдори он тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Минбаъд нусхаи ҳукм пеш аз ба тарафҳо дода шуданаш бояд ба таври дахлдор тасдиқ карда, нусхаи он дар баробари тарафҳо ба айбдоркунандаи давлатӣ низ супорида шавад. Ҳамзамон, тибқи тағйироти пешниҳодгардида, аз болои таъиноти (қарори) суди марҳилаи якум дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ, ки нисбати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бароварда шудааст, шикоят кардан ва ё эътироз овардан мумкин аст.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутоби? мебошад.
Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад,. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ноябри соли 2013 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба муқаррароти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи техникаи қонунгузорӣ, аз ҷумла бартараф намудани такроршавии вазифаҳо дар фаъолияти мақомоти марбутаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва фаъолияти роҳдорӣ иборат мебошад.
Бо ин мақсад мазмуни меъёрҳои қисмҳои дахлдори моддаҳои 291 ва 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мушаххас гардонида, доираи функсияҳо ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва фаъолияти роҳдорӣ муайян карда шудааст.
Ҳамзамон, ба Кодекс моддаҳои 5511, 5512 ва 6241 илова карда шудааст, ки танзимкунандаи муносибатҳо вобаста ба риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн намудани реклама, муҳлати нигоҳдории маводи рекламавӣ ва нусхаҳои онҳо, инчунин иҷро накардан ё иҷрои номатлуби амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мебошанд.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам.
Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 январи соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (ФАТФ) иборат мебошад.
Бо ин мақсад ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ду модда илова карда шудааст, ки тибқи он мафҳум ва намудҳои шарикӣ дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайян гардида, ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм муқаррар карда шудааст.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ шавад.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 январи соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (ФАТФ) иборат мебошад.
Вобаста ба ин моддаи дахлдори Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ такмил дода шуда, баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бармеоянд, ба салоҳияти суд вогузор карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон, ҳамчунин техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи собиқ узви Маҷлиси миллӣ Ғ.Авзалов ва вакили Маҷлиси намояндагон С. Амиршоева пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабри соли 2013 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ иборат мебошад.
Тибқи тағйироти пешниҳодгардида як қатор меъёрҳои қонуни амалкунанда таҷдиди назар карда шудаанд, ки мувофиқи он муқаддима, вазъи ҳуқуқии шахси бешаҳрванд ва бо роҳи маъмурӣ ронда шудан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ карда, ҳамзамон як қатор моддаҳои он такмил дода шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон, ҳамчунин техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабри соли 2013 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Аз ин лиҳоз, меъёри моддаи 23-юми қонуни амалкунанда таҷдиди назар карда шудааст, ки мувофиқи он ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки ба мақомоти разведкаи ҳарбӣ кумаки махфӣ мерасонанд (расондаанд), мутобиқи моддаҳои 14-16, 21 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба танзим дароварда мешавад.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.
ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 феврали соли 2014 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иборат мебошад.
Бо ин мақсад ба қонуни амалкунанда моддаҳои дахлдор, ки танзимкунандаи субъектони муқовимат бо коррупсия ва Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, илова карда шудааст.
Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба қонуни баррасишуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Неъматулло СОЛЕҲОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир А. ИСОЕВ