Комилҷон Абдуқодиров нафаре буд, ки ӯро дар кишвар ҳама мешинохтанду гиромӣ медоштанд. Марде буд болобаланд, солору ҳушманд ва муҳтарам. Аз оғози ҳаёт бо дониш, рафтор, масъулиятшиносӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ байни ҳамсабақону ҳамкорон номвар гашта буд.
Ӯ соли 1961 пас аз хатми мактаби миёна ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ) дохил шуда, онро соли 1966 бо ихтисоси зоотехник хатм намуд.
Фаъолияти меҳнатиро моҳи сентябри соли 1966 ба ҳайси сарзоотехники колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара оғоз кард. Баъдан, солҳои 1970 — 1973 ҳамчун раиси ҳамин хоҷагӣ фаъолият дошт. Солҳои 1973 — 1974 муовини раиси колхози ба номи Ленин оид ба чорводорӣ, 1974-1975 сарзоотехники Раёсати кишоварзии ноҳияи Данғара, 1975 — 1979 инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи ҲК-и ноҳияи Данғара буд. Солҳои 1979 — 1982 ба сифати котиби озоди Кумитаи ҳизбии совхози «Ховалинг» кор карда, 1982 — 1983 дар Мактаби олии ҳизби шаҳри Тошканд таҳсил намуд.
Солҳои 1983 — 1984 раиси Комиҷроияи ноҳияи Ховалинг, 1984 -1989 — директори генералии ЭАПО «Ховалинг», 1989 — 1991 — раиси Комплекси аграрии ноҳияи Данғара, 1991 — 1994 — раиси Комиҷроияи ноҳияи Данғара, 1994 – 1995 — муовини якуми директори генералии РПО «Тоҷикмясомопром», 1995-2000 — муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, 2000-2004 — директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва 2004-2007 муовини якуми раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ фаъолият дошт.
Тайи солҳои 2007-2010 мудири шуъбаи хоҷагии Идораи хоҷагию молиявии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ифои вазифа намуда, хоҷагиҳои ёрирасони Сарбанд (Леваканд) ва Искандаркӯлро роҳбарӣ мекард.
Комилҷон Абдуқодиров солҳои 1985-1990 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, зимни фаъолият ҳамчун мутахассиси кордон ва роҳбари заҳматкаш ва сахтгиру серталаб меҳнат кардааст. Дар ҳама ҷо ӯ баҳри рушди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ хидмати босазо анҷом додааст. Аз ин хотир, ӯро ҳачмун роҳбари обруманд эҳтиром мекарданд.
Вай аз зумраи мутахассисоне буд, ки фикри ҳар як кормандро гӯш ва ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекард. Мардум бо боварии том мегуфт: «Комилҷон аз байни худамон аст, ӯ доимо омода аст ба эҳтиёҷмандон кумак расонад. Вай хайрхоҳ аст».
Баробар бо ҳама устувориву матонат Комилҷон марде буд раҳмдил. Соли 1982 ҳини боздиди пайвандон дар ноҳияи Ховалинг ҳамроҳи ӯ ба рустои Гузари Қозиён рафтем. Дар деҳа мӯйсафедеро вохӯрдем, ки Шоҳи Орзу ном дошт. Комилҷон бо ӯ ғарқи суҳбат шуд, ман бошам, бо пирамарди дигар — Давлаталӣ Қосимов дар муколама шудам. Ҳини бозгашт чашмони Комилҷонро ғарқи об дида, аз ӯ сабабашро пурсон гаштам.
Комилҷон гуфт: — Шоҳи Орзу дар бораи шумо пурсон гашт. Гуфтам, ки писари Шоҳназир ҳастед. Падару модаратон хело барвақт, солҳои 50-уми асри гузашта фавтидаанд. Ва шумо сағера ба воя расидаед. Шоҳи Орзу гирён шуда, гуфт: «Барои чӣ Шоҳназир дӯсти наздики ман даргузашт, хубаш ман мемурдаму ӯ мезист…
Бо ҳукми тақдир муддате бо Комилҷон дидор надоштем. Алоқа гусаста гашта буд. Хушбахтона, моҳи апрели соли 2020 ӯ рақами телефони бандаро ёфта, дар тамос шуд. Солҳои гузаштаро ба ёд оварда, хело суҳбат кардем. Аз он баъд писари хурдиаш Хурсандмурод аз ҳоламон хабар мегирифт.
Ба воситаи Хурсандмурод чанд китоб ва мақолаҳои таълифнамудаамро барояш фиристодам. Пас аз мутолиаи онҳо Комилҷон дар алоқа шуда, нақшаи вохӯриамонро кашид. Аммо, имкони вохӯрдан нашуд.
Рӯзе писараш занг зада, гуфт, ки падараш бемор шудааст. Вақте аҳволи ӯ каме беҳбуд ёфт, хостам хабаргирӣ равам, аммо ӯ ба воситаи писараш хабар расонд, ки каме дертар равам.
25 августи соли равон занги телефон баланд шуд, Хурсандмурод хабари мудҳиш расонд: «Амак, падар гузаштанд, соати 900 ҷанозааш дар маҳаллаи «Лучоб» доир мешавад…».
Дарвоқеъ, хотираи Комилҷон дар қалби ҷигарбандон, пайвандону дӯстон абадан боқӣ хоҳад монд. Зеро ӯ дорои қалби бузург, меҳрубон, рафиқи мушфиқ буд. Қарзи бародарии ман ин аст, ки хотири некашро пос дорам. Зеро вай тамоми умр баҳри рушди кишвар меҳнат кард. Содиқ ба Ватан монд.
Аз ҳама муҳим, Комилҷон баробар бо номи нек, ҳамчун фарзанди сазовор ва ягонаи падар — Абдуқодир Файзибоев, иштирокчӣ ва барпокунандаи Ҳукумати Шӯравӣ дар солҳои 20-уми асри гузашта дар округи Хуҷанд ва ҳамчун хоҳарзодаи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев, баъди сари худ писарони хело нағз, хизматчиёни давлатӣ, ки дар созандагӣ ва мустаҳкамсозии озодиву суботи кишвар саҳми сазовор мегузоранд, гузошт.
Давлатхоҷа НАЗИРОВ,
доктори илмҳои фалсафа, узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, генерал — майори мустаъфии КМ ИҶШС