Баррасии муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон

№113-114 (4219-4220) 17.09.2020

DSC_8451Понздаҳуми сентябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси онлайнии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо намояндагони Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки тарафҳо доир ба равобити мутақобилан судманди кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекис­тон гуфтугӯ намуданд.

Муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Иноятов зикр кард, ки муносибатҳои ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст ба марҳилаи навин аз рушди иқтисоду тиҷорат то шарикии стратегӣ расида, дар беҳтар гардидани сатҳи муносибатҳои тарафайн ва зиндагии шоистаи мардуми кишварҳо нақши созгор гузоштааст.

DSC_8455Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки рушди муносибатҳои тарафайн аз муносибатҳои неки сарварони ҳар ду кишвари дӯст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифта, дар ҳама самти муносибатҳои давлатдорӣ дастовардҳо ба бор овардааст.

Номбурда афзуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар баробари ҳалли мушкилоти байни ҳар ду давлат мавҷудбуда, ҳамчунин ба рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ такон бахшид. Ӯ таъкид кард, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ ҳамеша арҷ гузошта, талош менамоянд, ки дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ мусоидат намоянд.

Ҳамчунин, дар хотима вакилони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тавакал Чориев, Мадина Баротова ва раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуфар Исмоилзода доир ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоядории Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори назар намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»