Туҳфа ба модарон
ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»). Аз 4 то 8 марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар, таҳти унвони «Туҳфаҳо ва туризм» намоишгоҳ-ярмаркаи 16-уми байналмилалӣ доир гардид. Намоишгоҳро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кард. Дар он корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ маҳсулоти хешро пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.
- Чунин тадбирҳо ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мусоидат менамояд,-гуфт раиси ПСС ҶТ Шариф Саид.
Фурудгоҳ азнавсозӣ мешавад
ХУҶАНД. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»). Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба наздикӣ шурӯъ мешавад. Дар ин бора сардори ситоди Фурудгоҳи мазкур Ҳусейн Шукуров иттилоъ дод. Айни замон иқдомот бобати муайян намудани таҳвилгарони таҷҳизот, масолеҳи сохтмонӣ ва интихоби ширкатҳои паймонкор идома дошта, ҳамзамон, аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баргузории тендер дар назар аст. Бино ба гуфти номбурда, арзиши умумии ин таъмиру азнавсозӣ 7,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, аз ин миқдор 3 миллион доллари ИМА-ро қарзи имтиёзноки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва 4,2 миллион доллари ИМА-ро маблағҳои Фурудгоҳ ташкил медиҳад.
Корхонаи нави истеҳсолӣ
РОҒУН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»). Дар шаҳри Роғун аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Абдусалом-Зиёдалӣ» корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ба кор даромад. Соҳибкорон барои ин корхона аз Ҷумҳурии Туркия шаш дастгоҳ оварда, насб карданд. Ашёи хомро низ аз ин кишвар дастрас мекунанд. Дар корхона дар як баст 100 м2 маҳсулот истеҳсол мешавад. Алҳол дар ин ҷо даҳ нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.
Мулоқот бо мардум
ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»). Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ, ҳамроҳ бо масъулини шаҳр ва роҳбарони мақомоти дахлдори вилоятӣ аз ҷое, ки бунёди пули калони мошингузар ба нақша гирифта шудааст, дидан намуд. Масъалаи сохтмони ин пул аз ҷониби сокинони шаҳр дар мулоқоте, ки бо Президенти мамлакат соли гузашта дар чорбоғи шаҳр баргузор гардида буд, ба миён гузошта шуд ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш дод, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи ин пулро омода ва ба бунёди он шурӯъ намоянд. Арзиши сохтмони пул қариб 20 миллион сомониро ташкил медиҳад. Раиси вилоят инчунин аз канали ба номи Назаршо Додихудоев дидан намуд. Сардори Идораи хоҷагии оби вилоят Баҳодур Сулаймонов гуфт, ки канал солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст ва имрӯз қисмати зиёди он ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Раиси вилоят супориш дод, хоҷагиҳое, ки қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва боғашон аз ин канал обёрӣ мешаванд, дар таъмири ин шабакаи обёрӣ саҳмгузорӣ кунанд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят аз лиҳози молиявӣ ва масолеҳи сохтмонӣ онҳоро дастгирӣ мекунад.
Занон дар ҳама кор фаъоланд
ЗАФАРОБОД.(Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»). Дар рӯзгори кишоварзони ноҳия яке аз масъалаҳои доғи рӯз таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзие мебошад, ки аз даҳ гектар бештар замин доранд.
-Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳалли ин масъала пешдаст буда, ҷиҳати татбиқи қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» як силсила чорабиниҳо гузаронд,-мегӯяд мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия С. Қобулова.
То имрӯз агар марбут ба таҷдиди замин зиёда аз 840 ариза ворид гардида бошад, бештар аз 100 аризааш аз номи бонувон аст.
Соҳили дарё тозаю роҳҳои деҳа обод мешаванд
ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»). Барои таъмини сарсабзӣ ва тозагии муҳити зисти маҳал сокинони деҳаҳои деҳоти «Алмосӣ»-и ноҳияи Ҳисор рӯзҳои истироҳатро пурсамар истифода бурда, дар ободониву кабудизоркунӣ саҳм мегузоранд.
Чунин тадбирҳои ободониро сокинони деҳаи хушманзараи Неъматови деҳоти мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат бо иштироки беш аз 300 нафар амалӣ мегардонанд.
Аз ҷумла, сокинони деҳа корҳои тозагию ободониро дар соҳили дарёи Чангоб иҷро карда, ба шинонидани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан машғул шуда, роҳи деҳаро, ки як километр масофаро дар бар мегирад, сангфарш карданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки давоми ду ҳафтаи охир дар ҳама деҳаҳои ҳудуди деҳоти «Алмосӣ» чунин табдирҳо роҳандозӣ ва бо иштироки васеи сокинон каналҳо, кӯчаву маҳаллаҳо тоза карда шуданд.
Машварати ройгон барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»). Дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон маросими ифтитоҳи бунгоҳи тиббию ҳуқуқӣ баргузор гардид. Бунгоҳи мазкур, пеш аз ҳама, имкон медиҳад, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқии худ бо мутахассисони соҳа машварати ройгон гузаронанд. Фаъолияти бунгоҳи тиббию ҳуқуқӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, танҳо бандҳои маъмурии шаҳрвандӣ ва интизомиро дахл мекунад. Ҳамзамон дар ин ҷо донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба курсҳои омӯзишӣ аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ фаро гирифта хоҳанд шуд.
Дарсҳо дар бунгоҳ ба таври муосир ба роҳ монда шудаанд.
Семинар бо омӯзгорон
ВМКБ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»). Дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев семинар оид ба тартиби қабули довталабон ба донишгоҳҳо баргузор гардид, ки дар он тамоми устодони донишгоҳ иштирок доштанд. Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Имомёрбек Қаландарбеков доир ба ҳуҷҷатгузорӣ ва омӯзиши қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, зикр кард, ки давоми ду-се ҳафта дар шаҳру навоҳии вилоят аз ҷониби намояндагони Маркази миллии тестӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор шуд. Намояндагони ин марказ бо волидони хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрда, онҳоро бо усули имтиҳони тестӣ шинос намуданд. Лайло Шербекова — мудири шуъбаи умумии донишгоҳ, оиди тарзи супоридани ҳуҷҷатҳо сухан ронда, гуфт, ки ҳуҷҷатҳо бояд комил ва дорои маълумоти кофӣ бошанд.
Масъули гӯша Бурҳониддин КАРИМЗОДА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.