Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсирпазирии забони давлатӣ ва ҳифзи асолати он

№128 (4234) 15.10.2020

Паёми Пешвои миллат пойдевори асосии ҳифзи асолати арзишҳои миллӣ ва суннату фарҳанги волои ниёкон,  сарчашмаи илҳоми ватандорию ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ буда, моро ба арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, бузургдошти анъанаҳои гузаштагон ва гиромӣ доштани забони давлатӣ  дар замони гирудорҳои фарҳангӣ ва омезиши тамаддунҳо водор мекунад.

Ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари ҷанбаҳои мусбат оқибатҳои ҳузнангез ҳам дорад ва  ба забони давлатӣ низ бетаъсир намемонад. Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паёми худ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат таъкид намуданд, ки: «Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд».

Дар таъкиди боло ду масъалаи муҳим пешорӯйи мо — соҳибзабонон гузошта шуд:

- поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ;

- ба наслҳои оянда омӯзонидани одоби муошират ва суханварӣ.

Масъалаи аввал, ки ба ҳифзи забони давлатӣ марбут аст, хеле  нозук буда, ба инкишофи ҷомеа алоқамандӣ дорад. Маҳз ташаккули ҷомеа  ба забон таъсир расонида, ду равандро ба вуҷуд меорад: — таҳаввул ва таназзули забон. Таҳаввул дар асоси қонуну қоидаҳои рушду ташаккули забон ба амал меояд. Тағйир ёфтани забон дар асоси қоидаҳои дохилӣ амри табиӣ буда, раванди мазкур осебпазир нест. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърих се давраро аз сар гузаронидааст, яъне се маротиба шакли грамматикиву овоиро дигар намуд, аммо аз байн нарафт. Раванди аввал агар омили рушд гардад, дуюм сабаби асосии нест  шудани забон мебошад.

Раванди охир ба ду самти муҳим — ҷомеа ва хонавода вобастагӣ дорад.

Самтҳои зикршуда таъсири экстролингвис­тӣ дошта, забонро ё ҳифз мекунанд ва ё ба таназзули он сабаб мешаванд. Дар тамоми қишри ҷомеа истифодаи забон мавқеи махсус дорад. Агар забон дар ҷомеа мақом наёбад, ба забони хонаводагӣ табдил мегардад, ҳол он ки забони тоҷикӣ дар ҷомеа мақоми давлатӣ дошта, дар сиёсати давлат оқилона ба роҳ монда шудааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шуда­анд, забони давлатӣ ва дигар забонҳои дар ҷумҳурӣ маъмулро ҳифз менамоянд. Аз ҳама муҳим дар ин самт, таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забон мебошад. Ба ибораи дигар, забони давлатӣ ва дигар забонҳо дар ҷомеа пуштибону ғамхори худро доранд. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон барҳақ фармудаанд: «Забони модарӣ сарвати бебаҳои миллат ва давлат буда, дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ бояд тамоми аъзои ҷомеа ғамхор ва саҳмгузор бошанд».

Ҷомеа бо суръати баланд рушд карда, забони технологияи муосир то андозае  монеаи рушди дигар забонҳо мегардад. Таъсири он назарногир аст, вале идомаи ин раванд хатарзо. Дар ин ҳолат танҳо забоне осебнопазир мемонад, ки ҳамқадами забони технология бошад.

Раванди иқтибосгирӣ дар забон амри воқеӣ ва яке аз заминаҳои рушди таркиби луғавии забон аст. Забони тоҷикӣ дар тӯли мавҷудияти чандинҳазорсола аз забонҳои зиёде иқтибос гирифтааст. Аммо «ҳар чӣ аз ҳад бигзарад, расво шавад», яъне дар баробари иқтибосгирӣ «коргоҳи калимасозӣ»-и забон набояд аз фаъолият монад. Забони адабии тоҷикӣ алҳол ба ҳамин ҳолат дучор шудааст. Вожаҳои иқтибосӣ ба таври бутун ба забон ворид шуда, соҳибзабонон онҳоро дар ҳамон шакл истифода мебаранд. Дар забон қабати аз ҳама иқтибоспазир исм аст, вале дар забони тоҷикӣ дигар ҳиссаҳои нутқ ҳам иқтибос (хусусан, аз забони арабӣ) пазируфтаанд. Раванди арабигароӣ дар забони тоҷикӣ садсолаҳо идома дорад ва ин ба он оварда расонидааст, ки 64 фоиз (бо дарназардошти вожаҳои китобӣ) таркиби луғавии забонро  калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд. Танҳо унсурҳои устувори  грамматикии забони тоҷикӣ ва шеваҳои зиндаи он имкон намедиҳанд, ки забон аз байн равад.

Масъалаи дигаре, ки ба ҷомеа иртибот дорад, тарғиби дурусти истифодаи воҳидҳои асосии забон аст. Таблиғгарони асосии забон дар ҷомеа воситаҳои ахбори омма мебошад. ВАО чун оинаи забон аст, ки акси онро омма мебинад ва чӣ гунае, ки пешниҳод гардад, ҳамон тавр онро қабул мекунанд. Дар ин маврид ҳолати забони тоҷикӣ нигаронкунанда мебошад. Ҳамин ҳолат дар забони матни китобҳои дарсиву асарҳои тарҷумашуда низ ба назар мерасад, ки таъсири онҳо бевосита ба гӯяндагон зиёд аст. Забонро гӯянда — соҳибзабон зинда медорад.  Агар забони соҳибзабон коҳиш ёбад, ин ба кам шудани умри забон боис мегардад. Устод Айнӣ зикр карда буд, ки: «Зотан хатои забонӣ бемории гузаранда аст» ва дар тақвият ба ҳамин гуфтаҳо М. Шакурӣ дар мавриди тарҷумаи китобҳо қайд мекунад: «Дар ҳақиқат, хатое, ки тарҷумоне ё қаламдасте аз беаҳамиятӣ ё  камсаводӣ содир мекунад, мумкин аст, пас аз андак муддат чунон интишор ёбад, ки баъзе хушсаводтарин зиёиён ҳам аз он бехабар монда, мубталои он мегарданд».

Макони дигаре, ки дар он таназзули забон имконпазир аст, хонавода мебошад. Дар ҳолати беэътиноӣ ва беаҳамиятии сутунҳои асосии хонавода — падару модар забон коста мегардад, асолат гум мекунад. Бо кадом забоне, ки дар хонавода бо кӯдакон гап зананд, мақоми ҳамон устувор мегардад. Агар он забони ғайр бошад, дар кӯдак бедор намудани ҳувияти миллӣ хеле душвор мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин масъала, Пешвои миллат ба бонувону модарон муроҷиат карда, поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикиро тақозо намуданд.

Дараҷаи таназзули забонҳо дар асоси таҳлилҳои ЮНЕСКО чунин аст:

1. Бехавф — забоне, ки аз насл ба насл истифода шуда, интиқоли он  байни  наслҳо  халалдор нагаштааст;

2. Коҳида  -  забоне, ки бо он қисми зиёди кӯдакон гуфтугӯ мекунанд, аммо истифодаи он метавонад маҳдуд бошад (масалан, бо он забон танҳо дар доираи хонаводагӣ гуфтугӯ намоянд);

3. Таҳдиди хатардошта — забоне, ки  барои кӯдакон ҳамчун забони модарӣ омӯзонида намешавад;

4. Бо хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ — забоне, ки танҳо аз ҷониби насли калонсол истифода мешавад ва барои падару модар фаҳмо аст, аммо барои кӯдакон нофаҳмо буда, онро дар муошират истифода намебаранд;

5. Дар марҳилаи нобудшавӣ  — забоне, ки соҳиби он калонсолон мебошанд, вале  онҳо ҳам  онро қисман истифода мебаранд;

6. Нобудшуда  -  забоне, ки дигар мавриди истифода нест.

Хушбахтона, аз рӯйи таҳлилҳои вазъи забонҳо ва дараҷабандии онҳо забони тоҷикӣ дар дараҷаи аввал қарор дорад. Дар маҷмӯъ, ҳеҷ раванде наметавонад ба забон таъсир расонад, агар соҳибони бедордилу арҷгузори содиқ дошта бошад. Пешвои миллат барҳақ фармудаанд: «Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад… Онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ бояд ҳифз кард».

Саодатшо МАТРОБИЁН,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои филология