(Идома аз шумораи гузашта)
17 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавии «Бӯйи Баҳор»-ро ифтитоҳ бахшида, дар намоиши гулҳои ороишии хризантема ширкат варзиданд.
Хоҷагӣ дар назди гармхона парвариши гулҳои ороишии навъи хризантемаро роҳандозӣ кардааст, ки айни замон нашъунамои хуб доранд. Дар маҷмӯъ, майдони умумии парвариши гулҳо 15 садяк заминро ташкил медиҳад ва дар он нуҳ намуди хризантема нигоҳубин мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин навъи гул аз 15 октябр мешукуфад ва то анҷоми моҳи декабр зебову шукуфон боқӣ мемонад. Хризантема асосан барои зебу зинат додани кӯчаву гулгашт ва майдонҳои фароғатӣ истифода мегардад. Аллакай барои дастрас намудани он аз бисёре аз минтақаҳои ҷумҳурӣ дархост ворид шудааст.
Айни замон дар хоҷагии деҳқонӣ 5 ҳазор бех ин навъи гул парвариш меёбад ва хоҷагидорон ният доранд, ки майдони парвариши онро зиёд намоянд, зеро дар мавсими корҳои сохтмонӣ ва бунёди гулгашту фароғатгоҳҳо талабот ба гулҳои ороишӣ зиёд мегардад.
Хризантема гули мавсимӣ буда, дар ҳавои нисбатан салқин мешукуфад ва дар фасли тирамоҳу аввали зимистон кӯчаву гулгашт, ҳавлию роҳравҳоро бо ҳусни нотакрор зебу оро медиҳад. Ин навъи гул, ки ба иқлим ва боду ҳавои кишвар мутобиқ аст, аз Нидерландия ворид мешавад.
Дар баробари ин, дар хоҷагӣ дар масоҳати 30 садяк замин парваришу нигоҳубини навъҳои гуногуни арчаи ороиширо низ роҳандозӣ кардаанд. Айни замон 15 ҳазор бех сӯзанарча, кипарис ва мажавини барои фурӯш омодаанд. Имконият ҳаст, ки дар як сол то 5 ҳазор бех навъҳои гуногуни арчаи ороишӣ ба талабгорон пешниҳод шавад.
Президенти мамлакат ба тарзи нигоҳубини хризантема дар хоҷагӣ баҳои баланд ва ба масъулин дастур доданд, ки майдони парвариши онро васеъ намоянд.
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар гармхонаҳои «Бӯйи Баҳор» ошно шуда, оид ба густариши фаъолият ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Хоҷагӣ, ки дар масоҳати як гектар 8 гармхона бунёд намудааст, ба парвариши бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, қулфинай, сирпиёз ва дигар номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад.
Айни замон дар масоҳати 15 садяк замини гармхона парвариши помидор роҳандозӣ шудааст. Дар як сол аз ин ҷо то се ҳосил ҷамъоварӣ мешавад.
Ба иттилои масъулин, моҳи декабр ҷамъоварии маҳсулот аз гармхона оғоз меёбад. Ин имкон медиҳад, ки дар фасли зимистон низ аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ таъмин шаванд.
Аз гармхона то 20 тонна помидори аълосифат ба даст оварда мешавад. Дар он обёрӣ бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Масолеҳи сохтмонии истифодагардида барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати гармхона ва нашъунамои хуби маҳсулот мусоидат мекунад.
Дар хоҷагӣ, ҳамчунин, дар масоҳати 10 садяк замини дигар гармхона барои парвариши сирпиёз бунёд ёфтааст, ки аз он то 1 тонна маҳсулот ба даст меоранд. Талабот ба ин навъи маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва дигар кишварҳо зиёд аст.
Ҳарорати дохили гармхона бо истифода аз системаи гармидиҳии махсус, ки дар хоҷагӣ бунёд ёфтааст, таъмин мегардад. Зимни парвариши зироатҳо меъёрҳои агротехникӣ бо маслиҳати олимони соҳа риоя мешавад.
Гармхонаи дигари «Бӯйи Баҳор» барои парваришу истеҳсоли қулфинай пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол хоҷагидорон барои чиниши сеюми он омодагӣ мебинанд. Мавсими асосии ҳосилғундорӣ — чинаки сеюми он моҳи декабр оғоз мешавад.
Аз гармхона соле то 1 тоннаву 100 килограмм қулфинай ба даст меоранд, ки ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Масоҳати умумии замини ба ин мақсад истифодашаванда 10 садякро ташкил медиҳад.
Имсол бори нахуст дар хоҷагӣ дар гармхонаи алоҳида парвариши гулҳои садбарг, ки барои омода кардани дастагул пешбинӣ гардидаанд, ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, 15 садяки заминро аҳли хоҷагӣ барои нигоҳубини садбарге, ки аз Нидерландия ворид кардаанд, истифода мебаранд. Айни ҳол дар ин ҷо 10 ҳазор бех ниҳол шинонидаанд. Ба иттилои масъулин, аз ин ҳиссаи замин то 40 ҳазор дона садбарги гуногунранг ҷамъоварӣ менамоянд ва дар аввали моҳи март онҳоро ба бозор мебароранд.
Ин иқдом имконият медиҳад, ки талаботи аҳолии мамлакат, бахусус, дар арафаи иду чорабиниҳо, бо гулҳои зебои ватанӣ қонеъ гардонда, воридоти он то ҷое коҳиш дода шавад.
Хоҷагии «Бӯйи Баҳор» таҷрибаи хуби гулпарварӣ дорад. Ҳар сол аз он барои оро додани гулгашту хиёбонҳо аз саросари ҷумҳурӣ гулҳои ороишӣ харидорӣ менамоянд. Ду гармхонаи хоҷагӣ ба парвариши гулҳои тагес, питуня, салвия ва вербаня равона гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар хоҷагӣ 20 навъи гули ороишии мавсимӣ парвариш карда мешавад ва ҳар сол идораҳои ободониву сабзкории шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз хоҷагӣ то 500 ҳазор бех гул харидорӣ менамоянд.
Иброз гардид, ки дар хоҷагӣ 15 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва то даҳ нафар соҳиби кори муваққатӣ гардидаанд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи самараноки замин, аҳли заҳмат, ҳамчунин, барои қонеъ сохтани талабот парвариши картошка, сабзӣ, пиёз, маккаи дон ва лӯбиёгиро ба роҳ мондаанд.
Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дастгирии чунин хоҷагиҳо омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ ва муътадил нигоҳ доштани нарху навои маҳсулот дар бозорҳои мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди марҳилаи дуюми гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК-Агро» санги асос гузошта, бо лоиҳаи сохтмони он шинос шуданд.
Гармхона дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар масоҳати 3 гектар замин бунёд мегардад. Тибқи лоиҳа, дар он парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо усули гидропоникӣ роҳандозӣ мешавад.
Аз ҷумла, дар он ҷо парвариши помидору бодиринг ба роҳ монда хоҳад шуд, ки тибқи баҳогузории олимон, ҳар сол аз он то 6 тонна бодиринг ва 6 тонна помидор ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.
Маҳсулоти он дар баробари қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ, ҳамчунин, ба содирот нигаронида мешавад. Ин иқдом иқтидори содиротии мамлакатро боло бардошта, ҷойҳои нави кориро фароҳам меорад.
Гармхонаи замонавӣ бо дарназардошти меъёрҳои муосир бунёд ва фаъолияти он ба таври автоматӣ роҳандозӣ мегардад. Таъмини зироат бо нуриҳои минералӣ тавассути компютер сурат хоҳад гирифт. Аз рӯйи баҳогузорӣ гармхонаи сохташаванда насли панҷум ва охирини гармхонаҳо ба ҳисоб меравад, ки бо истифодаи маҳсулоти хушсифату технологияи муосир бунёд хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, марҳилаи сеюми сохтмони гармхона дар назар дошта шудааст, ки дар масоҳати 5 гектар бунёд мегардад.
Дар маҷмӯъ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК-Агро» дар се марҳила дар масоҳати 10 гектар гармхонаҳои замонавӣ бунёд мекунад. Ин иқдом ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ дар фасли зимистон мусоидат хоҳад кард. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ 30 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва 20 нафар кори мавсимӣ мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки марҳилаи якуми гармхонаи ҷамъият моҳи марти соли 2020 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сарвари давлат зимни боздид барои густариши фаъолият ба масъулин дастуру супориш доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз гузоштани санги асоси марҳилаи дуюм, ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода, парвариши маҳсулоти кишоварзиро бо истифода аз тухмиҳои хушсифат роҳандозӣ намоянд.
Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати оби полезиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он барои обёрии 30 гектар замини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК-Агро» пешбинӣ гардидааст. Об аз чуқурии 120 метр бароварда, ба минтақаи обёришаванда бо истифода аз қубурҳои гуногунқутр интиқол дода мешавад. Иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки «ММК-Агро» заминҳои дар ихтиёрдоштаашро пурра истифода барад.
Пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи гармхонаи нав ва ба истифода додани хати оби полезӣ, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК-Агро»-ро, ки дар марҳилаи аввал бунёд гардид, аз назар гузаронданд. Масоҳати он 2 гектарро дар бар мегирад. Айни замон дар он помидор, бодиринг ва қаламфури булғорӣ нашъунамои хуб доранд. Ҳосили зироатҳои гармхона то моҳи декабр барои чидан омода ва дар фасли зимистон ба бозорҳои мамлакат бароварда мешавад.
Тавре кишоварзон мегӯянд, дар фасли зимистон аз гармхона 100 тонна помидор, 50 тонна бодиринг ва 20 тонна қаламфури булғорӣ ҷамъоварӣ хоҳад шуд. То ҳол аллакай аз гармхона 20 тонна помидор, наздик ба 8 тонна бодиринг ва бештар аз 500 килограмм дигар номгӯйи маҳсулот ҷамъоварӣ ва ба бозор бароварда шудааст.
Гармхона ба ду қисм — гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо мешавад. Таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид гардидааст. Барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд, аз тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ 13 намуди элемент таъмин карда мешавад. Муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тавассути системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амалҳо ду деги калонҳаҷм насб гардидааст.
Қисмати органикӣ, яъне, ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо, аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар он низ ҳама амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне, ҳавои сунъии гарм, нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амал дар қисмати органикии гармхона 80 ҳаводиҳанда насб гардидааст.
Айни замон дар гармхона 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин, 20 кас ба корҳои мавсимӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Дар тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК-Агро», дар баробари парвариши помидору бодиринг ва растаниҳои мавсимӣ, 6 гектар ангурбоғ мавҷуд аст. Токзор бо истифода аз қоидаҳои муосири агротехникӣ бунёд гардидааст. Се гектари онро навъи ангури «Суғдиён», ки аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда шудааст, ташкил медиҳад. Дар 3 гектари дигар ангури навъи «Ҳусайнӣ» парвариш меёбад.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тозаи ватанӣ, дар назар аст, ки соли оянда дар паҳлуи он боз 7 гектар боғи нави суперинтенсивии себу нок бунёд шавад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар назди гармхона дар масоҳати 2 гектар замин боғи гелос бунёд ёфтааст, ки айни замон нашъунамои хуб дорад. Дарахтони гелос, ки аз Канада ворид карда шудаанд, ба иқлим ва боду ҳавои Тоҷикистон мутобиқ буда, соли сеюм ба ҳосил медароянд.
Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва роҳандозии усулҳои нави парвариши маҳсулоти кишоварзиро омили асосии рушди соҳа номида, ба масъулин дастур доданд, ки дар вазъияти пандемияи ҷаҳонӣ ҳар порча заминро ба хотири таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ самаранок истифода баранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти кормандон дар қитъаи таҷрибавии филиали Институти боғпарварии Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат аз наздик шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин қитъаи замин асосан парвариши хурмо, ки ба иқлим ва обу хоки минтақа муносиб аст, роҳандозӣ гардидааст. Масоҳати умумии замини таҷрибавӣ 1 гектарро дар бар мегирад. Дар он бо ҷалби олимони соҳа парвариши чор навъи хурмо ба роҳ монда шудааст. Ҳар сол аз ҳар гектари боғ аз 30 то 35 тонна хурмои хушсифат ҷамъоварӣ мешавад.
Дар боғ навъҳои «Кулчахурмо», «Серҳосили Вахш», «Болаззати Деҳмой» ва «Пешпази ширин» парвариш меёбанд. Маҳсулоти тару тозаи боғ ба бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи кишоварзӣ, ки дар он навъҳои гуногуни хурмо манзур карда шуд, дидан намуда, барои рушди фаъолият ва рӯёнидани ҳосили хуб ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Иброз гардид, ки дар баробари рушди дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, дар ноҳия боғпарварӣ низ ба нишондиҳандаҳои чашмрас ноил гардидааст. Дар ин замина, дар доираи барномаҳои давлатӣ майдони боғи хурмо низ зиёд мешавад. Айни замон масоҳати умумии боғи хурмо дар вилояти Суғд 300 гектарро ташкил медиҳад.
Тибқи нишондиҳандаҳо саҳми боғпарварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таъмини бозорҳои мамлакат бо ин навъи мева калон аст.
Иброз шуд, ки дар баробари таъмини эҳтиёҷот бо ин навъи маҳсулот бояд содироти он ба дигар кишварҳо низ густариш ёбад, зеро меваҳои шаҳдбори кишвар дар ҷаҳон харидор доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзону масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иштирокчиёнро вазифадор намуданд, ки ҳар қитъаи заминро самаранок истифода баранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, анвои меваю сабзавоти сардхона боздид намуда, дар чорабинии иди Меҳргони вилояти Суғд иштирок карданд.
Дар он сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар ҳама бахши кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ обу заминро оқилона истифода мебаранд, самари меҳнатро ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маҳсулоти ғизоӣ, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дастуру супориш доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба таъмини нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ, 40 фоиз зиёд кардани кишти картошка ва 60 фоиз афзоиш додани кишти зироатҳо, аз ҷумла, ғалладонагиҳо ҷалб карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки то 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳама шакли хоҷагидории вилоят ба 7,4 млрд. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш 107,8 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии ғалладонагиҳо ба 287 ҳазор тонна, картошка — 344, сабзавот — 431 ва полезиҳо ба 138 ҳазор тонна расида, истеҳсоли мева, асал, гӯшту шир, тухми паранда, гӯшти моҳӣ афзуд.
Хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, коргоҳҳои бандубасти меваи хушк, сабзавот, асал ва соҳибкорони инфиродӣ намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро дар иди Меҳргон ҳамчун иди ҳосилу фаровонӣ муаррифӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми кишоварзон ва корхонаҳои соҳаи коркарди вилоятро дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ арзанда арзёбӣ намуданд.
Ин натиҷаи истифодаи оқилонаи обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобида, истифодаи тухмии босифат, ҷорӣ намудани агротехникаю технологияҳои пешрафта, заҳмату кордонӣ ва маҳорати кишоварзон мебошад.
Маҳсулоти кишоварзони вилоят дар бозори давлатҳои хориҷӣ низ талабгори зиёд дорад. Хусусан меваю сабзавоти аз нигоҳи экологӣ тоза, меваю сабзавоти хушкгардида, ки баъди коркарду бандубаст дар ҳаҷми зиёд содирот мешаванд.
Ҳоло дар вилояти Суғд 70 ҳазор гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он қариб 51 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.
Тибқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солхои 2016 — 2020», соли ҷорӣ бунёди 230 гектар боғу токзори нав пешбинӣ гардида, дар маҷмӯъ ин нишондод иҷро гардид, ки нисбат ба барнома 2,3 маротиба зиёд мебошад.
Захираи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус ғалла, картошка, мева, ангур, сабзавот, полезӣ аз роҳу имкониятҳо таъмини бозори истеъмолӣ бо нарҳои дастрас мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 30 анбор — сардхонаҳои саноатӣ мавҷуд аст. Имкон аст, ки дар онҳо то 10 ҳазор тонна маҳсулот захира гардад.
Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар сардхонаҳо захира мешаванд, муаррифӣ гардид.
Зикр шуд, ки ҷашни Меҳргон дар радифи ҷашнҳои Наврӯз ва Сада аз идҳои қадимаи тоҷикон буда, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дубора эҳё гардида, таҷассумгари файзу баракати кори кишоварзон ва иди ҷамъоварии ҳосил мебошад. Дар ин давра ҳосили кишоварзон ҷамъоварӣ ва ба хотири фаровонӣ ба кишти тирамоҳӣ вусъат бахшида мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони вилоятро ба истифодаи самараноки заминҳо ва боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.
***
Баъди боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, шиносоӣ бо раванди захираи меваю сабзавот дар сардхона ва иштирок дар иди Меҳргон сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт. Нимаи дуюми 17-уми октябр Пешвои миллат аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
www.president.tj