Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
Дар барқияи табрикии Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зойид Оли Наҳён омадааст:
«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Боиси хушҳолии беинтиҳо ва шарафи бузурги ман аст, ки Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба давраи нави президентӣ самимона табрик менамоям.
Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ ва ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии минбаъдаро хоҳонам».
Президенти гурӯҳи Бонки исломии рушд Др. Бандар М. Ҳ. Ҳаҷҷор дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
«Ҷаноби Олӣ,
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракоту!
Аз номи Бонки исломии рушд мехоҳам Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намоям. Ман аз Худованди бузург ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, барои идомаи роҳбарии мардуми шарифи Тоҷикистон дар роҳи рушди минбаъдаи назаррас, шукуфоӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбӣ ва муваффақиятҳоро орзумандам.
Бо истифода аз фурсати муносиб омодагии Бонки исломии рушдро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, дар доираи тадбирҳои таъхирнопазири дастёбӣ ба истиқрору рушди иқтисодӣ дар марҳилаи пас аз пандемияи COVID-19, изҳор менамоям.
Умед дорам робитаҳои мустаҳками мавҷудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд дар партави Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар саросари ҷаҳон эътироф шудаанд, тақвият хоҳанд ёфт.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, таманниёти неки бепоёни маро бипазиред».
Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Сербия ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон ва баҳри рифоҳи кишваратон идома додани ин вазифаи сермасъул самимона табрик менамоям. Мутмаинам, ки саҳми шахсии Шумо дар муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Сербияву Тоҷикистон ба беҳтар намудани робитаҳоямон дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо судовар мусоидат хоҳад кард».
Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг дар барқияи табрикотии худ чунин менигорад:
«Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ветнам, инчунин, шахсан аз номи худам, мехоҳам ба Шумо самимонатарин ва гармтарин таманниётро ба муносибати аз нав ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон иброз намоям.
Ветнам ҳамеша бо таваҷҷуҳ ва хушнудӣ ба дастовардҳои Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини суботи зиндагии мардум менигарад. Бовар дорам, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо минбаъд низ ба муваффақиятҳои зиёд ноил мегардад ва дӯстии анъанавию ҳамкории байни Ветнаму Тоҷикистон беш аз пеш рушд хоҳанд ёфт.
Ин фурсатро ғанимат шумурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии бардавом ва комёбиҳо дар татбиқи нақшаҳои наҷибатон орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чже Ин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:
«Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти самимии маро ба муносибати пирӯзии эътимодбахш ва аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Муътақидам, ки таҷрибаи ғании Шумо дар соҳаи сиёсати давлатӣ дар оянда низ ба субот, тараққӣ ва шукуфоии кишваратон мусоидат хоҳад кард.
Хеле шодам, ки аз лаҳзаи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ (соли 1992) муносиботи дуҷонибаи мо дар соҳаҳои гуногун ба таври мунтазам рушд меёбанд.
Самимона изҳори боварӣ менамоям, ки дар якҷоягӣ бо Шумо ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд ва самарабахши байни кишварҳоямонро тавсеа мебахшем.
Иҷозат фармоед, ки бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо саломатии қавӣ ва ба мардуми тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно намоям».
Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Николас Мадуро Морос чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хеле хушҳолам, ки табрикоти самимии худро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам.
Ҳукумати Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла дар якҷоягӣ бо мардуми Венесуэла ба Ҷаноби Олӣ таманниёти самимонаи худро ҷиҳати рушду нумӯи Тоҷикистон баён менамояд ва эътиқоди амиқ дорад, ки бунёди ҷаҳони одилонаву мутавозини бисёрқутба ва таҳкими фазои дӯстию эҳтироми ҳамдигар дар он имконпазир мебошад.
Ҳамзамон, ба Шумо хушбахтӣ ва ба мардуми бародари тоҷик шукуфоии тоза ва бардавом дар марҳалаи нави роҳбарии Шумо хоҳонам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқаи маро бипазиред».
Президенти Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел Бермудес дар барқияаш навиштааст:
«Муҳтарам Президент!
Шуморо ҷиҳати бори дигар ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон аз самими қалб табрик намуда, саъю талоши худро барои минбаъд ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона, ки кишварҳои моро ба ҳам мепайванданд, таъкид месозам.
Лутфан эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».
Президенти Давлати Фаластин, Раиси Кумитаи иҷроияи Созмони озодибахши Фаластин Маҳмуд Аббос зимни табрикоти худ овардааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Боиси хушнудии беинтиҳои ин ҷониб аст, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, аз номи Давлати Фаластин, мардуми он ва аз номи худам ба муносибати пирӯзӣ ва комёб гардиданатон дар интихоботи президентӣ ва барои давраи нави роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоду боварии халқро соҳиб гардиданатон сидқан табрику муборакбод менамоям.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, волотарин таманниёти расидан ба азму ҳадафҳоятон ва ба мардуми сарбаланди тоҷик барору муваффақиятҳои беназир орзумандам.
Мо тамоми он арзишҳоеро, ки халқу давлатҳоямонро ба ҳам мепайванданд, азиз медонем ва минбаъд низ саъю кӯшишҳои судманди хешро баҳри рушду тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаамон роҳандозӣ хоҳем кард.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавому хушбахтӣ ва ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии нав ба навро хоҳонам».
Президенти Венгрия Янош Адер дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед, ки аз номи шаҳрвандони Венгрия ва аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таъмини амният ва суботи минтақаи Осиём Марказӣ нақши бузург дорад. Бо итминон иброз медорам, ки Венгрия минбаъд низ ба рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба, таҳкими ҳамкории байни ду кишвари дӯст содиқ хоҳад монд.
Ҷаноби Президент, ба Шумо саломатии бардавом ва дар кори пурмасъулиятатон муваффақиятҳои беназир таманно дорам».
Дар табрикоти Президенти Украина Владимир Зеленский омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ғалабаи Шумо дар интихоботи кунунӣ далели боварии мардуми тоҷик ба Шумо ва дастгирии васеи роҳи интихобкардаи сиёсиву иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бовар дорам, бо саъю талошҳои муштарак мо метавонем ҳамкории байни давлатҳоямонро ба манфиатҳои ҳар ду кишвар ба сатҳи сифатан нав бардорем.
Аз ин фурсати хурсандибахш истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳ, ризоят ва шукуфоӣ орзумандам».
Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Ҷейр Месиас Болсонаро чунин зикр шудааст:
«Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Аз номи мардум ва Ҳукумати Бразилия, Шуморо, Ҷаноби Олӣ, барои аз нав интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Ба Шумо ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳоятон дар марҳилаи нав муваффақияти комил таманно мекунам ва изҳори итминон менамоям, ки бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, ҷиҳати таҳкими муколама ва ҳамкориҳо байни кишварҳоямон тамоми чораҳоро меандешем.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олӣ ва хосаи маро пазируфта бошед».
***
Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат, ҳамчунин, аз номи Шайх Муҳаммад ибни Рашид ал-Мактум – Ноиби Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай, Шайх Муҳаммад ибни Зоид ал-Наҳайён – валиаҳди Абу Забӣ, муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, Шайх Мишъал Ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ – валиаҳди Давлати Кувайт, Патриархи Москва ва кулли Россия — Кирилл ворид гардиданд.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.
www.president.tj