Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Рӯзноманигороне, ки шахсиятҳои ҷаҳонӣ шуданд

№24 (3170) 11.03.2014

Матбуот муҳимтарин василаи пайвасткунандаи мардум бо ҳама   шохаҳои ҳокимият буда, баробари хабар кардани омма аз рӯйдоду воқеаҳои дохилу хориҷи кишвар, инчунин дар соҳибмаърифат намудан,  ташаккули тафаккур ва ҷаҳонбинии  инсон нақши муассир мегузорад.  Аз  ин ҷост,  ки  равшанфикрони тоҷик дар аввали асри бист барои таъсиси рӯзномаи тоҷикӣ кӯшиш намуда, хушбахтона, соли 1912 ба он муваффақ шуданд. Ҳарчанд аввалин рӯзномаи сирф тоҷикӣ «Бухорои шариф» ҳамагӣ 153 шумора нашр шуда бошад ҳам, аммо барои ба вуҷуд омадани  журналистикаи  тоҷик заминаи воқеӣ гузошт.

Дар таърихи 102-солаи матбуоти тоҷик садҳо нафар  рӯзноманигорон, хусусан ходимони матбуот, камол ёфта, дар оянда  чун сиёсатмадору олим, шоиру нависанда ва шахсиятҳои намоёни ҷамъиятӣ шинохта шуданд. Устод Садриддин Айнӣ, Мирзосироҷи Ҳаким, Абдуқодир Муҳиддинов, Бобоҷон Ғафуров, Абдуғанӣ Мирзоев, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Турсун Ӯлҷабоев, Отахон Латифӣ ва даҳхо нафари дигарро метавон ном бурд, ки барои  давлату миллати  тоҷик хизмати шоён кардаанд.

Мо тасмим гирифтем, ки бахшида  ба Рӯзи  матбуоти  тоҷик, дар бораи якчанд шахсиятҳои шинохта, ки  фаъолияташонро аз рӯзноманигорӣ  шурӯъ намуда, то маснад ва мартабаи роҳбари давлат ва шахсиятҳои машҳури  на танҳо Тоҷикистон, балки берун аз он расидаанд,  маълумоти мухтасаре пешкаши  хонандагон гардонем.

Садриддин Айнӣ

Устод Садриддин Айниро ҳама чун Сардафтари адабиёти муосири тоҷик мешиносанд. Воқеан ҳам барои пойдории забону фарҳанги миллати тоҷик Садриддин Айнӣ хизмати арзанда кардааст. Устод Айнӣ дар баробари адиби  маъруф будан, инчунин рӯзноманигор ва публисисти оташинсухан буд ва бо ташкил шудани  рӯзномаву маҷаллаҳо дар Осиёи Миёна  пайваста бо матбуот ҳамкорӣ намуда, бо  навиштаҳои худ мушкилоти ҷиддии ҳамон замонро ба муҳокима мегузошт. Фаъолияти бевоситаи журналистӣ ва  публисистии устод Садриддин Айнӣ  соли 1919 аз маҷаллаи «Шуълаи инқилоб»  шурӯъ шудааст. Чуноне профессор Мурод Муродов дар китоби  худ «Аз замон то замон» зикр менамояд, охири соли 1919  ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб» ба буҳрони моддиву маънавӣ гирифтор шуд. Сардабири он- Саидризо Ализода дар шумораи 22-юми нашрия бо оҳанги маҳзуну ноумедона  матлаберо бо унвони «Хонандагон, Худо ҳофиз» интишор намуд. Саидризо Ализода дар матлабаш аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҳангоми таъсиси ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб»  яқин мешуморид, ки «миллати мо ба матбуот ташна ҳастанд, қадри матбуоти форсиро дониста, аз ҳар ҷиҳат барои пойдории маҷалла ёрӣ ва ҳамроҳӣ хоҳанд намуд».  Таҳаммули  «Хонандагон, Худо ҳофиз»-и Ализода ба устод Айнӣ гарон буд. Аз ин рӯ, бо Саидризо Ализода вохӯрда, изҳор дошт, ки ба хидмат омода аст. Ҳамин тавр, Садриддин Айнӣ қариб ҳамаи саҳифаҳои «Шуълаи инқилоб»-ро бо навиштаҳояш пур мекард, ки дар ин маврид худи устод ёдовар шудааст.

Устод Садриддин Айнӣ аз зумраи қаламкашоне  буд, ки  он замон бештар аз ҳар каси дигар барои соҳибмаърифат шудани аҳолӣ, покизагии забони модарӣ ва  ниҳоят дар ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ саҳми арзанда гузоштааст. Устод Айнӣ фаъолияти рӯзноманигориву публисистиашро пас аз баста шудани «Шуълаи инқилоб» дар нашрияи ӯзбекии «Меҳнаткашлар» давом дода,   соли1924  дар  таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик»  саҳм гузошт ва яке аз муаллифони фаъоли он гардид.  Суханони машҳури  «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад»-ро устод Айнӣ дар шумораи аввали рӯзномаи «Овози тоҷик»  навиштааст. Фаъолияти журналистии устод Садриддин Айнӣ то охири ҳаёташ давом кард. ӯ аз саромадони матбуоти тоҷик буд ва дар тарбияи чанд насли шоирону нависандагон ва рӯзноманигорону олимон, аз қабили А.Деҳотӣ, П.Сулаймонӣ, С.Улуғзода, Ҷ.Икромӣ, М.Турсунзода ва даҳҳо нафари дигар  саҳм гузоштааст.

Абдуқодир Муҳиддинов

Абдуқодир Муҳиддинов  зодаи шаҳри Бухоро буда, дар синни 15-16-солагияш чун ҷавони донишманд ва озодипараст шинохта шуд. Ӯ соли 1891 дар оилаи тоҷири машҳури Бухоро Муҳиддин Мансурзода тавваллуд шуда,  таҳсили ибтидоиро дар мактаби тотории зодгоҳаш гирифтааст. Мутолиаи пайвастаи нашрияҳои туркиву тоторӣ  дар ташаккули донишу ҷаҳонбинии А.Муҳиддинов нақши бориз гузошта, назари ӯро ба  зиндагии ҳамонвақтаи аморати Бухоро тағйир дод.  Муҳаққиқи публисистика Мурод Муродов дар асараш «Аз замон то замон» зикр кардааст, ки навиштаҳои Абдуқодир Муҳиддинов, ки бо  имзои «Бухороӣ» чоп мешуд, дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ иншо гардида, мардумро ба бедории фикрӣ далолат ва ба меҳнати созанда даъват мекунанд. Фаъолияти журналистии А.Муҳиддинов аз  ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Вақт» оғоз ёфта, баъдан  муҳарририи рӯзномаи «Қутулиш»-ро ба уҳда доштааст.  Пас аз баста шудани ин нашрия ӯ ҳамкорияшро бо «Бухоро ахборӣ» идома медиҳад. Баъдан Абдуқодир Муҳиддинов пурра ба корҳои давлатӣ гузашта, фаъолияти рӯзноманигорияшро дар нашрияҳои «Овози тоҷик» ва «Раҳбари  дониш» давом дода,  пайваста мақолаҳо чоп карда, аз  манфиати тоҷикони Бухоро ҳимоя менамуд. Ӯ дар таъсиси  Ҷумҳурии  Мухтори  Тоҷикистон хизмати назаррас карда, нахустин роҳбари ҳукумати он интихоб шудааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, тартиб додани асари тақдирсози «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба устод Садриддин Айнӣ ӯ  тавсия додааст. Абдуқодир Муҳиддинов тавассути навиштаҳояш бо далелҳои таърихӣ халқи қадима будани тоҷиконро исбот карда, ба  доми пантуркизм афтодани ҷавонбухориёни тоҷик ва ба хатову хиёнатҳо роҳ додани эшон дар тақсимоти ҳудудии соли 1924 рухдодаро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор додааст. Мутаассифона, муборизаҳои ҷасуронаву адолатхоҳонаи ӯ татбиқи худро наёфта, баръакс, боиси аз вазифа сабукдӯш гардиданаш шуданд.

Бобоҷон Ғафуров

Бобоҷон Ғафуров аз зумраи рӯзноманигорони камшумулест, ки чун олим ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ӯ соли 1909 дар деҳаи Исфисори уезди Хуҷанд ба дунё омадааст. Солҳои 1928-1930 ба ҳайси шунаванда дар курсҳои олии ҳуқуқшиносии шаҳри Самарқанд  таҳсил намуда, соли 1935 Донишкадаи Умумииттифоқии коммунистии  журналистикаро хатм кардааст. Бобоҷон Ғафуров дар ҷумҳурӣ аз нахустин шахсиятҳое мебошад, ки ихтисоси журналистӣ дорад.  Фаъолияти рӯзноманигории Бобоҷон Ғафуров аз охири солҳои 1920 шурӯъ шуда, баъдан, новобаста аз  ба мақомҳои роҳбарӣ расидан, ин пеша чун қисми таркибии фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии ӯ  боқӣ мондааст.

Роҳи журналистии Бобоҷон Ғафуров аз  ҳамкории густурда бо  рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва  «Пролетари Хуҷанд»  оғоз шуда, то ба  журналистикаи ҷаҳон пайвастааст. Ба гуфтаи муҳаққикон, Бобоҷон Ғафуров дар матбуоти охири солҳои 1920 ва 1930 бо номҳои «Бобоҷончӯлоқ», «Бобоҷончӯлоқи Исфисорӣ», «Бобоҷончӯлоқи Хуҷандӣ», «Бобоҷон Ғафур», «Бобоҷон»  дар жанрҳои гуногуни журналистика  мавод менавишт.  Ҳамин гуна Бобоҷон Ғафуров  дар баробари оне, ки бо рӯзномаҳои давр ҳамкории густурда дошт, инчунин то соли 1938 дар рӯзномаи ӯзбекии «Қизил Тожикистони» вазифаи ҷонишини муҳаррир ва баъдан муҳарририи нашрияро ба уҳда дошт. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи мудири шуъбаи  нашриёт ва матбуот фаъолият намуда, давоми солҳои минбаъда ба корҳои илмӣ ва сиёсати давлатдорӣ гузаштааст. Бобоҷон Ғафуров чун журналисти касбӣ (охири солҳои 1920 то охири солҳои 1930), роҳбари Тоҷикистони Шӯравӣ (1946-1956) ва директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (1956-1977) барои миллату давлати тоҷик хизмати арзанда кардааст. Ӯ чун олими сатҳи ҷаҳонӣ китоби «Тоҷикон»-ро навишта, мавҷудияти халқи тоҷикро чун мардуми асосии Осиёи Миёна ва дорои фарҳангу тамаддуну  маънавиёти бой исбот кардааст, ки дар муқобилаш гарчанде садҳо асар эҷод шуда бошад ҳам, далелҳои раднопазири Бобоҷон Ғафуровро инкор карда наметавонад.

Мирзо Турсунзода

Устод Мирзо Турсунзода, ки чун шоири ширинкалом ва муборизи роҳи сулҳу дӯстӣ  шуҳрати ҷаҳонӣ дорад,  дар аввали соҳои 1930 чун рӯзноманигори оташинсухану муборизи роҳи ҳақиқат шинохта шуд.  Ӯ соли 1930 дар рӯзномаи  «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор шурӯъ намуда, дар вазифаҳои  мудири шуъба ва котиби масъули ин нашрия фаъолият намудааст. Соли 1934 Мирзо Турсунзода бо сабабҳои сиёсӣ аз сафи комсомол хориҷ шуд. Аз ин рӯ, ба хотири амнияти шахсияш вазифаи котиби масъули «Комсомоли Тоҷикистон»-ро супорида, ба шаҳри Хуҷанд меравад. Ӯ дар баробари мудири қисми адабии Театри шаҳри Хуҷанд будан,  ҳамзамон чун котиби масъули рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» фаъолият намуда, бештар ба масъалаҳои фарҳангӣ, аз қабили  фаъолияти ҳунармандон дар театр, таваҷҷуҳ менамояд. Баъдан, устод Мирзо Турсунзода фаъолияташро дар Иттифоқи нависандагон давом дода, дар баробари эҷоди шеъру достонҳои пурмазмун аз публисистика дур нашудааст. Ба гуфтаи муҳаққиқони соҳа фаъолияти публисистии Турсунзода пас аз солҳои 1950 васеътар гардида, мавзӯъҳои аҳамияти умумибашаридоштаро фаро мегирад.

Турсун Ӯлҷабоев

Ходими намоёни сиёсиву ҷамъиятӣ Турсун Ӯлҷабоев соли 1916 дар деҳаи Курки ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ пас аз  хатми Техникуми омӯзгории Ленинобод (соли 1935) дар мактаби ибтидоии ноҳияи Нов кор карда, аз соли 1936 то  соли 1937 мудири шуъбаи мактаби пионерон буд. Баъдан котиби якуми Кумитаи  комсомоли ноҳияи Нов интихоб шуда, аз соли 1937 то  1941 дар вазифаҳои  мудири шуъбаи мактабҳо  ва котиби  КМ ЛКСМ Тоҷикистон, ҳамзамон муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»-и имрӯза) фаъолият намудааст.  Ӯ баъдан пурра ба кори роҳбарӣ гузашта,  аз соли 1950 то соли 1954 дар вазифаҳои  котиби Кумитаи вилоятии Сталинобод, мудири шуъбаи таблиғотии КМ ҳизби   коммунист, котиби аввали ҳизбии вилоятҳои Кӯлоб ва Ленинобод кор карда, солҳои 1954-1956 вазифаҳои котиби  КМ ҲК Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳуриро ба уҳда дошт. Соли 1956, пас аз директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъин  шудани Бобоҷон Ғафуров, ӯ Котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин вазифа то соли 1961 кор карда, бо  баҳонаи изофанависӣ дар истеҳсоли пахта, ӯро аз ҳизб хориҷ ва аз вазифа сабукдӯш намуданд.  Баъдан Турсун Ӯлҷабоевро  ба хоҷагиҳои қафомондаи деҳқонии  ҷумҳурӣ барои кор фиристоданд ва чун он хоҷагӣ пешқадам мешуд, ӯро ба хоҷагии қафомондаи дигар роҳбар таъин мекарданд. Т.Ӯлҷабоев бо ҳамин шева то соли 1980 кор карда, дубора ба сафи ҳизби коммунист пазируфта шуд. Турсун Ӯлҷабоев аз зумраи нафаронест, ки дар ҳамаи  вазифаҳои коркардааш муваффақ шудааст. Ҳарчанд ӯ ҳамагӣ панҷ сол роҳбари аввали Тоҷикистон буд, аммо хизматҳояш дар самти ободкориву созандагӣ  бебаҳоянд.  Корхонаи азими истеҳсоли алюминий ва НБО-и «Норак» маҳз бо кӯшишу заҳматҳои ин шахс бунёд ёфтааст. Дар бораи хизматҳои Турсун Ӯлҷабоев зиёд гуфтаву навиштаанд, ки ҳоҷат ба такрор нест. Аммо ҳаминро зикр кардан бамаврид аст, ки Турсун Ӯлҷабоев  дар аввали фаъолияташ чун рӯзноманигор шинохта шуда, баробари дигар соҳаҳо, дар ташаккули матбуоти тоҷик низ саҳм гузоштааст. Ҳарчанд  ӯ пас аз ба вазифаҳои роҳбарӣ расидан  дубора ба фаъолияти журналистӣ машғул нашудааст, аммо дар таърихи журналистикаи тоҷик номи ӯ низ мақоми хоса дорад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»