Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» озод намудани Назарзода Н. Р.

№137 (4243) 06.11.2020

аз 3 ноябри соли 2020, № 579, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Назарзода Назар Раҷаб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН