В. Жириновский: «Муҳоҷирони меҳнатиро бештар аз Тоҷикистон ҷалб намудан зарур аст»

№139 (4245) 13.11.2020

Камшавии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва фарорасии сардиҳо боис ба нигаронии Ҳукумати Федератсияи Россия гардидааст.

Норасоии коргарон, хусусан, дар соҳаҳои ҳоҷагии манзилӣ — коммуналӣ ва сохтмон, зиёд ба назар мерасанд. Чунин ҳолат ҳатто шаҳрдори Москва Сергей Собянинро, ки дар аввали сол ҷонибдори кам кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ буд, водор намудааст, ки барои баргардонидани онҳо тадбирҳои гуногунро роҳандозӣ намояд. Норасоии коргарон дар соҳаҳои гуногун вакилони Думаи давлатиро низ нигарон намудааст. Владимир Жириновский — раиси Ҳизби либерал-демократии Россия дар барномаи телевизионии «Шоми якшанбе бо Владимир Соловёв» пешниҳод кард, ки агар Федератсияи Россия ба коргарон ниёз дошта бошад, онҳоро бештар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намудан зарур аст.

- Дар сафари охиринам ба Тоҷикистон ман дар бораи ин масъала бо Президенти мамлакат ­Эмомалӣ Раҳмон суҳбат намудам ва ба тавофуқ расида будем, — изҳор дошт В. Жириновский.

Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон 129 ҳазору 807 шаҳрванди кишвар барои кор ба хориҷа сафар намудаанд, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта 57 фоиз камтар аст. Аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатии кишвар, бештарашон ё 117 ҳазор нафар танҳо дар шаш моҳи аввал барои дарёфти ҷои кор ба хориҷ аз кишвар рафтаанд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»