Дуои устод Шакурӣ мустаҷоб шуд

№ 16.11.2020

 «Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо ба кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад».

Эмомалӣ РАҲМОН

 - Вақте ки таърих дар охири асри XX масъалаи вуҷуд ва бақои минбаъдаи миллатро мубрам гардонид, вориси алломагону фарзонагон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зербинои давлати тоҷиконро асос гузошт. Сарвари давлат бо асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих». «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», асари бунёдии илмии «Забони миллат- ҳастии миллат» ва чандин асар ва мақолаҳои дигар машъалафрӯзи роҳи фардои ҷомеа гардида, миллатро роҳнамо шуданд, — иброз дошт раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода 16 ноябри соли равон зимни ифтитоҳи суҳбати мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент- кафили боэътимоди рушди забони давлатӣ».

Дар чорабинӣ, ки дар кумитаи мазкур доир гардид, донишмандони дигар, аз ҷумла доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов низ ширкат ва дар мавзӯи «Пешвои миллат ва пешрафти забони тоҷикӣ» маърӯза намуд.

- Устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ дар ҳамон рӯзгори тираву душвори фоҷиабор дар мақолаашон бо номи «Наҷоти мо аз давлати миллист» (соли 1992) бо дили пурумед ба фардои дурахшони миллат ҳадс зада буд, ки «мумкин аст, шахсияти барҷастае пайдо шавад, ки умдатарин эҳтиёҷоти миллиро амиқан дарк карда, барои ҳалли онҳо бо ҷиддияту қатъияти тамом амал намояд ва давлати иқтидорманди адолатбунёде барпо созад. Он гоҳ миллат аз рӯйи амалу назариёти вай манфиатҳояшро дарк мекунад ва ӯро дастгирӣ карда, бо ӯ идеали миллиро ҷомаи амал мепӯшонад…» Дуои абармарде чун устод Шакурӣ мустаҷоб шуд ва ба бахти мардуми мо ва савобдиди вакилони фарҷомнигари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии кишвар ба зиммаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид. Аз ин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як рӯзи нек ҷашн гирифта мешвад, — ёдовар шуд профессор М. Султонов.

Сипас, Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода дар мавзӯи «Президент муттакои нахустунсури тафаккури миллӣ» ва Сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, доктори илми фалсафа, Муҳиба Маҳмадҷонова дар мавзӯи «Забон чун омили ваҳдати миллати тоҷик» суханронӣ намуда, аз саҳми Пешвои миллат дар сулҳу субот, рушди зиндагии ҷомеа ва бузургдошти фарҳангу маънавиёт ёдовар шуданд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»