Иттилоия

№142 (4248) 24.11.2020

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, мутобиқи моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод кардан ва таъин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.