Дуюми декабри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 50 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло Саймиддин ва дигар даъватшудагон иштирок доранд.
Ба рӯзномаи ҷаласа чор масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он чӣ пешниҳод доред?
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛМУРОДЗОДА Карим Гулмурод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати тамдид намудани муҳлати амали сархати сеюми моддаи 252 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати маблағгузории саривақтии соҳаҳои асосии иқтисоди миллӣ дар давраи бемории сироятии COVID -19 дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» нақшаи андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард дар маҷмӯъ барои соли 20121- ум 615,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ин маблағ воридоти 510,6 млн. сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва 105,1 млн. сомонӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Аммо дар сархати сеюми моддаи 252 Кодекси андоз бекоршавии муҳлати амали андози мазкур аз 31 декабри соли 2020 пешбинӣ гардидааст, ки он ба таъмини хароҷоти дар буҷет пешбинишуда таъсири манфӣ мерасонад.
Мақсад аз мавҷудияти андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард танзим ва пешгирии хароҷоти беасоси андозсупорандагон ба ҳисоб рафта, он имкон медиҳад, ки канораҷӯӣ аз ҳисоб ва пардохти андоз аз фоида бартараф карда шавад. Зеро мутобиқ ба талаботи боби 37 Кодекси андоз, андозсупорандагон уҳдадор гардидаанд, ки барои хароҷоти воқеии дар давраи ҳисоботии андоз анҷомдода андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро пардохт намоянд (меъёри андоз барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминоту фурӯш 0,25 фоиз ва барои дигар намудҳои фаъолият 1 фоиз).
Бо дарназардошти муқаррароти зикршуда, ҳавасмандии андозсупорандагон барои нишон додани хароҷоти беасос аз байн рафта, ҳисоботи муҳосибии онҳо воқеъбинона таҳия карда мешавад.
Ёдрас менамоям, ки супорандагони андози мазкур шахсони ҳуқуқие ба ҳисоб мераванд, ки дар низоми умумии андозбандӣ фаъолият намуда, даромади умумии онҳо зиёда аз як миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки масъалаи бекор намудани андози мазкур бо пешниҳоди механизми танзимкунандаи хароҷоти андозсупорандагон дар раванди таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди корбарӣ қарор дошта, дар доираи он хулосагузорӣ карда мешавад.
Бо дарназардошти муҳимияти масъала, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ашуров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович дода мешавад. Марҳамат.
Ғиёсиддин Ашуров: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, он бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард таҳия гардидааст.
Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Он, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон, дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Лоиҳаи қонун бо дарназардошти боби 37 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» таҳия гардида, ба талаботи моддаҳои 45 ва 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.
Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳоро ба моддаи 69, ки тартиби бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падарро муайян менамояд, пешбинӣ карда, бо мақсади кам намудани муҳлати баррасии ариза ва бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар таҳия гардидааст.
Аз рӯи маълумоти оморӣ, гарчанде сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падар дар даҳ моҳи соли 2020 бо сабаби пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 кам гардида бошад ҳам, аммо солҳои қаблӣ шумораи ин намуди сабт тамоюли афзоиш дошт. Чунончӣ, сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падар соли 2015-ум 26349 адад, соли 2016- ум — 29848, соли 2017-ум — 26658, соли 2018-ум — 38695, соли 2019-ум — 40560 ва дар 10 моҳи соли 2020- ум — 17623 ададро ташкил намуд.
Тибқи тағйироти ба қисми дуюми ҳамин модда воридшаванда, минбаъд ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар дар муддати на дертар аз 1 моҳ аз рӯзи додани ариза бояд баррасӣ шуда, ҳангоми мавҷудияти сабабҳои узрнок муҳлати баррасӣ намудани чунин ариза ба муҳлати понздаҳ рӯз дароз карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки мутобиқи меъёри амалкунанда муҳлати баррасии ариза аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ се моҳ ва тамдид намудани баррасии он бо сабабҳои узрнок шаш моҳ муқаррар шудааст.
Мутобиқи ҷумлаи дуюми ба қисми 3 моддаи мазкур иловагардида, давраи то дастрас намудани нусхаи сабте, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, ба муҳлати умумии баррасӣ дохил карда намешавад.
Дар амалия ҳолатҳое ҷой доранд, ки дастрас намудани нусхаи сабти аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибдодашуда муддати зиёдро талаб менамояд, ки дар натиҷа, риояи муҳлати баррасии ариза аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ халалдор мегардад.
Ба қисми 4 моддаи мазкур ҷумлаи нав илова гардида, мутобиқи он, минбаъд ҷавоби хаттӣ аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилии ҷои истиқомат аз натиҷаи санҷиши шахсият дар иртибот ба ивази насаб, ном ва номи падар бояд дар муддати на дертар аз 15 рӯз пешниҳод карда шавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ дар робита бо иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷот талаб намекунад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холмаҳмадзода Солеҳа дода мешавад. Марҳамат.
Солеҳа Холмаҳмадзода: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо мақсади кам намудани муҳлати баррасии ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2020 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Кумитаи масъул 24 ноябри соли 2020 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонун такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 20, 67, 68 ва 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, вакилони арҷманд, аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло дода мешавад. Марҳамат.
АБДУЛЛОЗОДА Ҷамолиддин Абдулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2020 таҳти № 25-6/217 ва иҷрои банди 22 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.
Бо мақсади муҳайё кардани шароит ва сабук намудани ҳуҷҷатгузории бақайдгирии маводи доруворӣ, ҳавасманд сохтани субъектҳои соҳибкорие, ки ба воридот ва истеҳсоли ватании маводи фарматсевтӣ машғуланд, афзоиши имкониятҳои сармоягузории бахши хусусӣ, лоиҳаи қонуни номбурда таҳия гардида, додани имтиёзҳо ҳангоми истифодаи онҳо дар амалиётҳои ҳарбӣ, ҳолатҳои фавқулода, паҳншавии эпидемия, пешгирӣ ва табобати бемориҳо, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои номусоиди кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ пешбинӣ шудаанд, ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар назар аст.
Тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти №355 тасдиқ шудааст, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии зикргардида мавриди арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ қарор дода шуда, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нашудааст.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад.
АШУРЗОДА Гулбаҳор Сангилло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» бо мақсади муҳайё намудани шароит ва содакунонии ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, истеҳсол ва додани имтиёзҳо ҳангоми истифодаи онҳо дар амалиётҳои ҳарбӣ, ҳолатҳои фавқулода, паҳншавии эпидемия, пешгирӣ ва табобати бемориҳо, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои номусоиди кимиёвӣ, биологӣ ва радиатсионӣ пешбинӣ мешаванд, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, ба моддаи 3 қонуни амалкунанда қисми панҷум илова шудааст, ки он танзимкунандаи мафҳуми «Бақайдгирии давлатии содакардашудаи доруворӣ ва молҳои тиббӣ» мебошад. Инчунин, тибқи тағйирот, ба моддаи 20 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«Бақайдгирии давлатии содакардашудаи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки барои истифода дар амалиётҳои ҳарбӣ, ҳолатҳои фавқулода, хурӯҷи эпидемия, пешгирӣ ва табобати бемориҳои дар натиҷаи таъсири омилҳои номусоиди кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ дучоршуда пешбинӣ шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ анҷом дода мешавад».
Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва шуъбаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон пурра гузашта, ҷиҳати такмили он шаш пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо панҷтоаш пурра ва яктои дигар қисман қабул шуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи моддаҳои 38-39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» оғоз менамоем. Аз рӯи он сухан ба сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод дода мешавад. Марҳамат.
Абдулмаҷид МУМИНЗОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо мақсади такмил ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод гардидааст.
Тағйиру иловаҳои пешбинигардида ба бартараф намудани норасоиҳо ва бархӯрди манфиатҳо, рушду такомули муносибатҳо миёни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагон, инчунин, ба мақомоти идоракунии давлатие, ки дар самти назорат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолият менамоянд, мусоидат менамояд.
Эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ин пешгирии амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, бартараф намудани ҳолате мебошад, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамчун ҳуқуқвайронкунӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳар яки мо, новобаста аз мавқеъ, пеш аз ҳама, истеъмолкунанда мебошем ва шоҳиди он ҳастем, ки дар шароити кунунӣ истеъмолкунандагон мавриди истифодаи кор ва хизматрасонӣ сари ҳар қадам бо омилҳое рӯ ба рӯ мешаванд, ки боис ба поймол гардидани ҳуқуқҳои онҳо мегардад.
Зарурияти таҳияи тағйирот ва иловаҳои пешбинигардида, пеш аз ҳама, бартараф намудани номукаммалӣ дар қонунгузорӣ мебошад, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди амалӣ гардонидани назорати давлатӣ ва татбиқи он рӯ ба рӯ мегардад.
Аз ҷумла:
1. Сарфи назар аз он ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар моддаҳои алоҳида гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон пешбинӣ шуда бошад ҳам, он дар шакли мафҳуми алоҳида муқаррар карда нашудааст.
Ин ҳолат боис ба он мегардад, ки бо суиистифода аз номукаммалӣ ва мушаххас пешбинӣ нагардидани мафҳум дар қонун шахсоне, ки ҳуқуқ ва манфиати истеъмолкунандагонро халалдор намудаанд, аз масъулияти ҷавобгарӣ озод мегарданд. Аз ин лиҳоз, ба моддаи 1-и лоиҳа мафҳуми «Гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон» ворид карда шуд.
2. Мавриди зикр аст, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ маҳсуб меёбад. Ҳар рӯз аз рӯи натиҷаҳои назорати риояи талаботи қонун, таҳлил ва омӯзишҳо ва ё баррасии муроҷиати шаҳрвандон, ки хусусияти фаврӣ доранд, махсусан дар соҳаҳои бахши иҷтимоӣ, аз қабили нақлиёт, тандурустӣ, хизматрасониҳои савдо ва ғайра, ҳангоми хизматрасониҳои пулакӣ ба истеъмолкунандагон далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ хеле зиёданд.
Тибқи талаботи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», иҷрокунанда – хизматрасон барои иҷрои кори пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор ва хизматрасонӣ метавонад арзиши сметавӣ ё калкулятсия тартиб диҳад.
Дар сурати сарф нашудани воситаҳои пулии пардохтшуда, ки бо арзиши сметавӣ пешбинӣ шудаанд ё калкулятсияи беасоси иқтисодӣ тартибдода барои кори иҷрошуда, фарқияти ошкоргардидаи нарх ҳамчун маблағи беасос ба калкулятсия воридгардида, ба истеъмолкунанда баргардонида мешавад.
Дар бисёр маврид, ҳангоми ошкор гардидани далелҳои қонунвайронкунӣ, истифодабарандаи кор ва хизматрасонӣ ба доираи номуайяни истеъмолкунандагон дохил буда, муайян намудани шахсияти он ғайриимон мебошад. Ин ҳолат ба истеъмолкунанда баргардонидани маблағҳои ошкоргардидаро ногузир мегардонад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади дастгирии манфиатҳои буҷетӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дар лоиҳаи қонун муқаррарот вобаста ба буҷети давлатӣ гузаронидани маблағҳои аз ҳисоби вайрон намудани қонун бадастовардаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми номуайян будани гурӯҳи истеъмолкунандагон ворид карда шуд.
3. Дар баробари ин, дар лоиҳа, вобаста ба ташаккул додани низоми ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, суд ва прокуратура, ҳангоми ошкор гардидани далелҳои вайрон намудани қонун дар самти поймол гардидани ҳуқуқҳои гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Лоиҳаи қонун ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ гардонида шуда, ба дигар санадҳои қонунгузорӣ мухолифат наменамояд.
Бо дарназардошти муҳим арзёбӣ намудани лоиҳаи қонун, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика саноат, сохтмон ва коммуникатсия Холбойзода Неъматулло Холбой дода мешавад. Марҳамат.
ХОЛБОЙЗОДА Неъматулло Холбой: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2020 №401 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Он бо мақсади такмил додани қисми таркибии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 5, 10, 14, 21 ва 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба моддаҳои 1, 7, 40, 49, 50, 51, 55, 56 ва 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Маърӯза ба охир расид. Оид ба масъала кӣ савол дорад? Сухан ба вакил Сафаров Зайнудин дода мешавад. Марҳамат.
Зайнудин Сафаров: - Муҳтарам Раис! Ман вобаста ба болоравии нархи тухми мурғ ба муҳтарам Муминзод савол дорам.
Маҳсулоти хӯрокаи мурғ ҳоло асосан дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол шавад ҳам, чаро нархи тухм аз 80 дирам якбора ба 1 сомонию 20 дирам боло рафт?
Абдулмаҷид Муминзод: — Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ асосан аз аввали моҳи октябр боло рафта, ба кам шудани воридот вобастагӣ дорад. Якчанд компоненти хӯрокаи паранда низ аз беруни кишвар ворид карда мешавад, ки ин ба нархи мурғ ва тухм таъсир расонид.
РАИС: - Боз кӣ оид ба ин масъала савол дорад? Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад. Марҳамат.
Саидҷаъфар Усмонзода: — Мувофиқи маълумоти дастрас, қисмати асосии компонентҳои хӯрокаи паранда дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. Бо чунин муносибате, ки истеҳсолкунандагон бо истеъмолкунандагон доранд ва нархи маҳсулотро бе ягон сабаби воқеӣ боло мебаранд, беҳтар мешуд тухмро аз берун ворид намоем. Дар ин ҳолат тухм арзонтар мебуд.
Идораи шумо, муҳтарам Муминзод, вобаста ба вазъи баамаломада оё ягон чора меандешад? Дар ин самт бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ доред?
Абдулмаҷид Муминзод: — Дар лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қароргирифта масъалаҳои матраҳнамудаи шумо, вакилони муҳтарам, ба инобат гирифта шудааст.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, масъала муҳим буда, ҳар рӯз бо он вомехӯрем. Кадоме аз мо ба бозор ё марказҳои савдо намеравад? Ман ҳам дар пойтахт ба бозорҳо меравам ва медонам, ки вазъ чӣ гуна аст? Агар мо истеҳсолоти худиро вусъат надода, ба умеди мурғ ва тухми воридотӣ мешудем, маълум набуд, ки чӣ қадар одамон мубталои ин ё он беморӣ мешуданд.
Ҳоло корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ ба бозору мағозаҳо маҳсулоти хушсифат пешниҳод намуда, ба боварии мардум ноил шудаанд. Қабули тағйироту иловаҳо ба қонуни мавриди баррасӣ ба беҳтару бештар шудани маҳсулот ва муътадил нигоҳ доштани нархи он мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд. Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам. Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ