Мушоҳида

«Ман тожик…»

№27-28 (3173-3174) 20.03.2014

Масъулияти чунин хатоҳо ва таҳқири миллат ба дӯши кӣ бошад?

Дар оғози ин навишта мехоҳам роҷеъ ба бепарвоӣ ва бетафовутии баъзе аз масъулон ва ё соҳибкорон муқаддимае нависаму баъд мушоҳидаҳои навбатиамро аз рӯзгори имрӯза баён созам, вале навиштаи пушти либоси (вандамка) наврасе, ки дар мусофирбар ба пулчинӣ машғул буд, аз пеши чашмам дур намешавад ва фикрҳоямро парешон месозад.

Чун ҳар пагоҳӣ бо даъвати навраси пулчинак ба мусофирбар нишастам ва чашмам ба либоси пӯшидаи ӯ афтод, ки дар қафояш навишта шуда буд: «Ман тожик батча». Аввал аҳамият надодам, вале баъдан ба андеша фурӯ рафтам. Аслан ин наврас хушсимо ва дар назарам боодоб намуд. Танҳо ҳамон навиштаҷоти либосу баъзе ҳаракатҳояш, ки аслан вай ба ин гунаҳкор ҳам набуд, таваҷҷуҳи моро ба худ кашид. Ин «батча»(дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»  бат-мурғобӣ!) бо шавқ одамонро ба дохили мусофирбар даъват карда, чолокона пулҳои онҳоро гирифта, ҳисоб мекард. Дар дохили мусофирбар бошад, садои чун ҳамеша баланди тарона танинандоз буд. Ва зимни барномаи консертӣ сарояндагони имрӯзаи русу ӯзбек ва турк ( то ман фаромадан ягон суруди тоҷикӣ садо надод) бо навбат сурудҳои шавқовару «тарбиявӣ» мехонданд. Навраси пулчинак бошад, дар пушташ навиштаҷоти «Ман тожик батча» ҳамзамон худро кам-кам меҷунбонд. Баъзе мусофирони дигар низ ин ҳолатҳоро дида, нимтабассум мекарданд, намедонам хушҳол буданд ва ё писханд мезаданд?

Фурсат ёфта, аз ин наврас пурсидам:

-Ин либоси «зӯра» аз куҷо харидӣ?

-Аз бозори «Корвон»

-Медонӣ дар пуштат чӣ навишта шудааст?

- Ҳова, «ма тоҷикбачча!»

Аз ин мусоҳибаи кӯтоҳ ҳис кардам, ки вай сарфаҳми он хатоҳо намеравад, вале дар қалби кӯчакаш ғурури тоҷикӣ ҳаст.

Акнун тасаввур кунед, ин гуна сарулибосро, ки дар «Корвон» ва дигар марказҳои савдо мефурӯшанд, соҳибкоре на як-ду ва ё сад-дусад дона, балки ҳазорҳо дона фармоиш дода, аз хориҷа овардааст. «Иҷрокунанда»-и ин фармоиш шояд тоҷик набошад, ки ба чунин хато роҳ додааст ва ё шояд ин кор махсус анҷом дода шудааст. Дар ҳар ду ҳолат ҳам хатои нобахшиданист, зеро тавре маълум аст, баъди зарбаҳои мунтазами даврони гузаштаи таърихӣ имрӯз шукри Худо ба истиқлолият расидему давлату давлатдориамон пайваста такмил меёбад ва ғурури миллӣ, номуси ватандориамон ҳам оҳиста-оҳиста боло меравад, мо бояд ин равандро тақвият бахшем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ, яъне забони шево ва ширину шоиронаи тоҷикиро яке аз ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдориамон арзёбӣ карда,чунин таъкид намуданд: «Зеро забони тоҷикӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо- тоҷикон аст». Табиист, ки ин чизҳо ба душманони ин миллати сарбаланду бофарҳанг намефорад ва бо ҳар роҳ мехоҳанд моро дар ҳоли карахтӣ, бепарвогӣ, ғофилӣ боқӣ монанд. Мутаассифона, аксари мо ба ин чизҳои дар назари аввал одию «безарар» аҳамият намедиҳем ва ба дараҳои тангу торике, ки аҷнабиён моро тела медиҳанд, даромадан мегирем. Дар ин робита як андеша кунед ба тарзи либоспӯшиамон (ҳатто сарулибоси миллиамонро низ мазоҳ кардаем), тарзи гуфтору рафторамон, фиребу дурӯғгӯиямон, тақлидамон ба фарҳангҳои бегона, мутакаббирию ман-маниҳои беҷоямон ва ғайраю ғайра…

Чанд рӯз пеш аз мағоза ҳамроҳ бо дигар маҳсулоти хӯрока як қуттӣ «Маслянная лапша» ҳам гирифтам, ки истеҳсоли Тоҷикистон аст. Дар болои он ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ  ҳама маълумоти барориш, санаи истеҳсол, макон, тарзи омода кардан мавҷуданд. Қисмати русии он ягон хато надорад, аммо матни тоҷикиаш пур аз хато, аз ҷумла таваҷҷуҳ кунед: «….Коидаи ҷӯшонидан ва тарзи тайёр кардан: После кипиения воды, вставить в кастрюлю и варит 5 мин., и можно кушать. Санаи истеҳсол: См. на уплотнение…».

Вақте ин сатрҳоро менавиштам, хаста шуда, хостам як пиёла чой гирам. Ба пиёла чой рехта, як ширинии рафиқе ҳадякардаро кушода,  ба даҳон партофтам. Вале, навиштаҷоти коғази  ин шириниро дида, боз таъбам хира шуд: «Таркибашба равғани палма, какаю эсенсиа шоколади Жумхури Тожикистон…». Ана ғурури милливу эҳтироми забони давлатии модариамон!

Чунин мисолҳо зиёданд, вале алҳол гумон мекунам барои «Батчаҳо»-и баномуси миллат ҳаминаш кифоя будагист?!

Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»