21 декабри соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот намуданд, ки зимни он ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории миёни ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, кишварҳо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои муштарак доранд.
- Пайванди ногусастании таърихию фарҳангӣ водор месозад, ки ҳар чӣ бештар ҳамкории судманду фарохро дар асоси манфиатҳои дуҷониба густариш бахшем, — иброз намуд М. Зокирзода ва афзуд: — Зеро Афғонистон ва Тоҷикистон дар маркази қитъаи Осиё ҷой гирифта, пайвандгари минтақаҳои бузурги дунё маҳсуб мешаванд. Ин тақозо менамояд, ки муассисоти бузург, роҳҳо, пулу нақбҳо созем.
Дар мулоқот, ҳамчунин, доир ба мавқеи геополитикии ҳар ду кишвар, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, табодули таҷрибаҳо дар самти қонунгузорӣ ва раванди кори гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ибрози назар карда шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеи Ҳукумати Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ изҳори сипос намуд.
- Мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд, — иброз намуд А. Абдуллоҳ.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ