18 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласа аз тариқи видеоконференсия таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардида, дар кори он Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, иҷрокунандаи вазифаи Президент, Раиси Шӯрои Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия, Раиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Валентина Матвиенко ва раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев низ ширкат варзиданд.
Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор намуда, Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқи он, қарорҳои Шӯро дар бораи рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва дар бораи соли 2021 ба ҷониби Беларус гузаштани раёсат дар ИДМ-ро тасдиқ карданд. Инчунин, оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар соҳаҳои низомӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амнияти иттилоотӣ ва таҳкими амният дар марзҳои берунии ИДМ, қарорҳо қабул шуданд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои раёсатро дар ИДМ аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо вуҷуди шароити душвори кунунӣ, таъкид ва изҳор доштанд, ки рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Сарвари давлат, ҳамчунин, дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон, алахусус дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил андешаронӣ карданд. Дар ин зимн, ба талошҳои миёнаравии Федератсияи Россия ва амалиёти қатъии роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон ҷиҳати расидан ба созиш дар бораи оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ баҳои баланд дода шуд. Пешвои миллат алоқамандии самимии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳифз ва таҳкими сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ таъкид намуда, ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар баргузории интихоботи парлумонии дарпешистода ва ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар интихоботи президентӣ, ки моҳи январи соли 2021 баргузор мегарданд, муваффақият орзу карданд.
Пешвои миллат зимни баррасии масъалаи таҳаввулоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар пасманзари пандемияи COVID-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ имсол ба он дучор омад, суханронӣ карда, ба таҳдиди он ба амнияти озуқаворӣ ва буҳрони башардӯстонаи бисёр кишварҳо таваҷҷуҳи махсус доданд.
«Тибқи баҳогузории сохторҳои салоҳиятдори СММ, бинобар таназзули шадиди иқтисодӣ ва афзоиши якбораи бекорӣ шумораи гуруснагон дар ҷаҳон то ба 270 миллион нафар, яъне ду баробар афзоиш ёфт», — таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бо дарназардошти тамоюли манфии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, Президенти Тоҷикистон даъват карданд, ки дар доираи ИДМ ба оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии пандемия вокуниши муштарак нишон дода, тадбирҳои муассиртар андешида, ба рушди амалии бахши тиҷоративу иқтисодии ҳамкориҳо аҳамият дода шавад. Зимни суханронӣ робитаҳои фаъоли тиҷоратӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва энергетика, саноат, кишоварзӣ нақлиёт ва коммуникатсия ҳамчун самтҳои афзалиятнок ном бурда шуданд. Дар интиҳои баррасии мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкили тағйирёбии иқлим дахл карда, андешидани чораҳои саривақтиро ҷиҳати муқовимат ба оқибатҳои он муҳим арзёбӣ карданд. Дар ин замина, дар баробари обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиш ёфтани манбаъҳои об, афзоиши шумораи сел, обхезӣ ва хушксолӣ, ки ҳар сол ба иқтисодиёти кишвар зарари калон мерасонанд, камобии шадид дар таърихи муосир низ зикр карда шуд.
Сарвари давлат, ҳамчунин, вазъи ташвишовари минтақа ва ҷаҳонро, ки таҳти таъсири тамоюли афзоиши таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, ташаккул ёфтааст, таҳлил ва қабули саривақтии қарорҳо дар доираи ИДМ оид ба таҳкими амнияти иттилоотӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ ва таҳкими амният дар марзҳои берунии ИДМ-ро таъкид карданд. Доир ба вазъият дар Афғонистон ва талошҳои сиёсию дипломатӣ, ки ба истиқрори сулҳу суботи пойдор дар он кишвар равона шудаанд, низ ибрози назар карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти тавсеаи минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии байни кишварҳои аъзои ИДМ-ро махсус зикр намуданд. Ба бархе аз чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, ки баргузории онҳо дар пойтахти Тоҷикистон соли 2021 дар доираи татбиқи минбаъдаи «Барномаи шаҳри Душанбе — пойтахти фарҳангии ИДМ» ба нақша гирифта шудааст, низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуда, барои идомаи ҳамкории муштараки созанда дар доираи ИДМ ба нафъи шукуфоии минбаъдаи кишварҳо ва халқҳои давлатҳои аъзо, комёбиҳо орзу карданд.
www.president.tj