Муҳосибӣ яке аз касбҳои серталаб мебошад. Ҳар корхона, сарфи назар аз он ки калон ё хурд, давлатӣ ё тиҷоратӣ, савдо ё хизматрасонӣ аст, шуъбаи баҳисобгирӣ дорад. Дар ҳама ташкилоту муассиса муҳосибот аз ҷумлаи бахши асосӣ ба шумор меравад. Хоса, агар он ташкилот ё корхона навтаъсис бошад, натиҷаи кори муҳосибон ба ояндаи фаъолияти корхона ва кормандони он таъсири амиқ мегузорад. Ҳисобу китоби дақиқи дахлу харҷи идора, сари вақт омода ва ба мақомоти дахлдор пешкаш намудани ҳисобот, пардохти саривақтии ҳаққи заҳмати кормандон вазифаи шуъбаи муҳосибот маҳсуб меёбад.
Ин рисолати муҳимро дар рӯзҳои аввали фаъолияти «Садои мардум» Иванова (Ҳасанзода) Шукуфа Чингизовна ба уҳда дошт. Ҳар чизе, ки бори аввал аст хотирмон ва ғайриодӣ мебошад. Баъдан, маъмулӣ, такрор ва осон хоҳад буд. Бо гузашти солҳо ҳама чиз дурахши худро гум мекунад, тақлиду такрорҳо фаромӯш хоҳанд шуд, вале аввалинҳо ҷовидонанд. Мактуби аввалин, вохӯрии аввалин, бӯсаи аввалин, коргоҳи аввалин, муҳосиби аввалин…
Аз ин лиҳоз, хизмати Шукуфа Иванова (Ҳасанзода) ба ҳайси аввалин сармуҳосиби рӯзнома дар рушди минбаъдаи бахши молия ва муҳосиботи идора бузург аст.
Ӯ 24 майи соли 1935 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи муҳоҷири эронӣ Ризо Ҳасанзода ба дунё омадааст. Бинобар барвақт аз падару модар маҳрум мондан дар Хонаи бачагонаи Федератсияи Россия тарбия ёфтааст. Шукуфа хатмкардаи факултети сохтмонии Техникуми сохтмонии шаҳри Куйбишеви РСФСР (1952 – 1956) мебошад. Соли 1964 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, фаъолияти меҳнатиро аз вазифаи муҳандиси Озмоишгоҳи марказии ташкилоти илмии меҳнат оғоз мекунад. Солҳои минбаъда фаъолияташ дар вазифаҳои сардори шуъбаи Ташкилоти илмии меҳнати Вазорати саноати хӯроквории РСС Тоҷикистон (1967 – 1970), иқтисодчии калони идораи «Селстрой – 1»-и шаҳри Душанбе (1970 – 1972), омӯзгори фанҳои иқтисодии Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе (1972 – 1990) идома меёбад.
Шукуфа Иванова (Ҳасанзода) моҳи октябри соли 1990 сармуҳосиби рӯзномаи навтаъсиси «Садои мардум» таъин гардида, дар ин вазифа то соли 1997 кор кард. Моҳи сентябри ҳамон сол ба шаҳри Саратови Федератсияи Россия кӯч мебандад. Дар бораи ҳампешаи худ аз он замон дигар маълумот надорем. Ба ҳар сурат, орзуи онро дорам, ки ба муҳаббату ғамхории наздикон мушарраф ва тансиҳат бошад.
Маҳмадёқуб БОБОЕВ,
«Садои мардум»