Аз Паём то Паём

Паёмҳои Президент -таҳрикбахши рушд

№6 (4268) 16.01.2021

КОМИЛБЕКОВДигаргунии сиёсӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодӣ-фарҳангии солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи амалӣ шудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Яке аз хусусиятҳои асосии низоми сиёсии аксари кишварҳои пасошӯравӣ мақоми марказӣ доштани Президент дар сохтори мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчун қувваи асосии пешрафти давлат будани он аст. Ташаббусҳои Президент дар самти фаъолияти қонунгузорӣ, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ таҳкимбахши пояҳои давлатдории миллии халқи тоҷик дар замони муосир аст. Барои муайян намудани роҳҳои рушду тараққиёти давлат Президент василаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии гуногунро истифода менамояд. Яке аз онҳо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Паём ба сифати ҳуҷҷати барномавӣ, ҳар сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида, дар он соҳаҳои иҷтимоӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба таври возеҳ нишон дода шуда, бо дарназардошти воқеияти зиндагӣ ва дурнамои рушди кишвар таҳлил мегарданд, ки баҳри баланд бардоштани фарҳанг ва тафаккури сиёсии шаҳрвандон таъсири амиқ мегузорад.

Таҳлили паёмҳои Президент нишон медиҳад, ки дар самти низоми идоракунӣ, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омадааст. Хусусан, дар самти омодасозии хизматчиёни давлатӣ, ки пешбарандаи сиёсати давлат ва муҳаррики асосии самаранокии идоракунии он мебошанд, мақоми ваколатдор – Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои тайёр кардан, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ – Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъсис ёфтанд. Дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки: «…Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад… Такмили низоми идоракунии давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат самти муҳими ислоҳоти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ҳалли муваффақонаи ­масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат бояд корҳоро дар самти такмили низоми идоракунии давлатӣ батадриҷ идома дода, асосҳои банақшагирии стратегиро дар сатҳи марказӣ ва маҳаллии идоракунӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намояд».

Бунёди давлати миллии тоҷикон дар шароити навин аз рӯи ақл, хирад, дониш, тасаввурот ва таҳлили таҷрибаи амиқи таърихӣ, дидгоҳ ва арзёбии дурусти воқеияти зиндагии рӯзмарра, бо дарназардошти раванд­ҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваста, зина ба зина амалӣ гашт.

Ба қавли доктори илмҳои сиёсатшиносӣ С. Ятимов, аз рӯзҳои аввали ба уҳда гирифтани зимоми давлатдорӣ Пешвои миллат ду вазифаи асосии умумимиллиро эълом доштанд: таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар тавассути ислоҳоти иқтисодӣ — гузаш­тан ба механизми нави хоҷагидорӣ ва давра ба давра беҳбуд бахшидани аҳволи иҷтимоии мардум.

Воқеан, ҳадафмандона муайян намудани мақсадҳо ва самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ имконият фароҳам овард, то сатҳи камбизоатӣ дар кишвар марҳила ба марҳила паст ва рушди устувори соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт таъмин карда шаванд. Нишондиҳандаҳо собит месозанд, ки ҳар сол ба ҳисоби миёна 7 фоиз афзоиш ёфтани Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва то чор баробар зиёд шудани он натиҷаи сиёсати муваффақонаи иқтисодию ­иҷтимоии Ҳукумати кишвар мебошад. Метавон хулоса кард, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои рушди давлатро муайян карда, барои тамоми қишри ҷомеа маълумоти саҳеҳ ба ҳисоб меравад.

Амид КОМИЛБЕК,

ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон